Таҷлили Рӯзи ошиқон дар Душанбе

Рӯзи 14-уми февралро, ки дар кишварҳои Ғарб ҳамчун «Рӯзи ошиқон» ё «Рӯзи Валентин» маълум аст, баъзе аз ҷавонони тоҷик низ таҷлил карданд.
Самад Ғанӣ, овозхони тоҷик ва меҳмони барномаи «Ояндасоз», яке аз ин ҷавонон аст. Вай мегӯяд, ба хотири Рӯзи ошиқон як таронаҳои нав эҷод ва ба мухлисонаш пешкаш кардааст.

Дар рӯзи Валентин хиёбони марказии Душанбе кӯчаи ошиқонро мемонад. Тафреҳгоҳу тарабхонаҳо ва гулфурӯшиҳо хеле серодам мешаванд. Зеро тӯҳфаи аслии дилдодаҳо дар ин рӯз ба ҳам гул аст. Дар бозори гули Душанбе дар ин ҷашн қимати гул боло меравад.

Дар бораи таърихи Рӯзи Валентин қиссаҳо зиёду мухталифанд. Бархеҳо пайдоиши ин идро ба як роҳиби Руми қадим бо номи Валентин иртибот медиҳанд, ки пинҳонӣ маросими ақди никоҳи ҷавонони ошиқро доир мекард. Вақте сирри ӯ кашф шуд, Валентинро эъдом намуданд ва ба ёди ӯ рӯзи Валентин боқӣ монд.

Барои шунидани барномаи навбатии Ояндасоз ба ишораи аудио дар гӯшаи саҳифа “нохун” занед .