Ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия» тасмим гирифтааст, барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ-и Русия ва масъулони ин телевизионро ба додгоҳ бикашад.
Дар номаи саркушодаи ин созмон, ки ба унвони Додситонии кулли Русия ва Хадамоти федеролии ин кишвар дар умури назорати васоити ахбор ва мухобирот ироа шудааст, гуфта мешавад, ки шабакаи ТНТ тайи панҷ соли ахир алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барномаҳои таҳқиромез таҳия ва пахш карда, симои миллати тоҷикро дар Русия доғдор кардааст.
Каромат Шарифов, раиси ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия», дар як сӯҳбате бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ба маҳзи пахши лавҳаҳои пур аз таҳқир ва тавҳини барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия дучори масхара ва мазоҳ мешаванд.
Оқои Шарифов мегӯяд, аз масъулони ин шабака ва махсусан барномасозони «Наша Раша» даъват кардааст, ки барои пойин бурдани шаъну эътибор ва шарафи мардуми тоҷик расман узр бипурсанд ва аз идомаи нашру пахши такрории чунин барномаҳо даст бикашанд.
Вале дар сурати бепосух гузоштани ин даъво ӯ вазифаи худ мешуморад, ки қазияро то ба додгоҳҳои Аврупо бикашонад. Оқои Шарифов мутмаин аст, ки барои чунин даъво далоили кофиро гирдоварӣ кардааст.
Вай мегӯяд, «баста шудани чунин барномаҳо, ки кори аслиашон тасвири бардурӯғ ва таҳқири ошкорои миллати тоҷик дар Русия аст, бояд чанд соли пеш сурат мегирифт. Тайи панҷ соле, ки ин барнома амал мекунад, борҳо чунин талош аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ман инро вазифаи асосии худ мешуморам, ки на танҳо барномаи «Наша Раша», балки худи шабакаи ТНТ баста шавад. Онҳо моро таҳқиру мазоҳу масхара карданд. Ва мақомоти интизомии Русия бояд ҷилави онҳоро бигирад. Бигзор масъулони шабакаи ТНТ ва дастандаркорону бозигарони ин барнома расман аз мардуми тоҷик узр пурсанд ва навору дискҳои худро аз фурӯш барчинанд. Вақте ман ин масъаларо бо дигар коргардонҳо ва бо дигар актёрҳо дар миён гузоштам, ки чаро маҳз тоҷикон дучори чунин беҳурматӣ ва беэҳтиромии ин барнома шудаанд? Онҳо посух доданд, ки тоҷик пуштибон надорад».
Суол: -Маълум аст, ки аз Шумо пештар мақомот, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Вазорати умури хориҷа, бо ирсоли номаҳои эътирозӣ ба унвони раҳбарияти ин кишвар муроҷиат карда буданд, ки барномаи «Наша Раша» ва ТНТ нисбати мардуми тоҷик таҳқир ва тавҳинро раво мебинанд, аммо ба чизе муваффақ нашуданд. Шумо фикр мекунед, ки муваффақ хоҳед шуд?
Каромат Шарифов: -Бале, чунин номаҳои эътирозӣ пештар низ буданд. Шояд онҳо далел пеш наоварданд. Шояд касе аз пайи ин кор нашуд. Дар инҷо фақат аз тариқи додгоҳ мешавад ҷилави онҳоро гирифт. Ман боварии комил дорам, ки мо коре карда метавонем. Онҳо ҳатман бахшиш хоҳанд пурсид ва узр хоҳад хост.
Суол: -Ба назари Шумо чаро мақомоти Русия аз ин гуна амалҳои шабакаи ТНТ ҷилавгирӣ намекунанд. Дар ҳоле, ки қонунҳои ин кишвар низ ташвиқи ақидаву андешаи бадбинии миллӣ, мазҳабӣ ва нажодиро манъ кардааст?
Каромат Шарифов: -Ман, албатта, пеш аз он ки чунин тасмим бигирем, бо маъмури фаъолиятҳои мо дар назди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия ҳамсӯҳбат шудам. Худи роҳбарияти Русия наметавонад бевосита ин корро анҷом диҳад. Шумо, агар ёд доред, дар шабакаи НТВ замоне як шоубарномаи дигаре бо номи «Куклы» намоиш дода мешуд. Онро манъ карданд. Албатта тавассути додгоҳ. Алайҳи он парванда боз шуд. Масалан, яке аз даъвогарон сиёсатмадор Владимир Жириновский буд. Барномаи «Наша Раша»-ро низ додгоҳҳои Русия метавонанд манъ кунанд. Президент ё нахуствазири Русия қарор ва ё фармоне содир намекунад, ки ин шабака баста шавад. Ин кори ҷамъиятҳо ва кори шахсии ҳар як шаҳрванд аст. Имрӯз вақте ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар инҷо ҷамъиятҳои гуногун амал мекунад, аз ҷумла ҷунбиши мо, пас мо бояд ин корро анҷом диҳем ва ба додгоҳҳои Русия муроҷиат кунем. Итминон дорам, ки даъвои мо аз тарафи мақомоти Русия пуштибонӣ хоҳад ёфт.
Суол: -Яъне ҳамон тавре, ки дар номаи Шумо омадааст, баъди гузаштани даҳ рӯз аз чопи нома, агар ин шабака узр напурсад, ба додгоҳ муроҷиат мекунед?
Каромат Шарифов: - Бале. Зеро мо дар даст аснод ва далелҳои кофиро дорем. Мо ягон қадам ба қафо баргаштанӣ нестем, танҳо ба пеш. Мо бояд бифаҳмонем, ки демократия чист ва киҳо ва бо кадом ҳадаф аз озодии сухан сӯйистифода мекунанд. Ва мо бояд бифаҳмонем, ки дӯст доштан ва эҳтиром гузоштан ба миллат чӣ маъно дорад ва мо дар шаъни ҷунбиши худ эътибори миллати худро мебинем ва намегузорем, ки шаън ва эътибори моро паст зананд.
Суол: -Агар додгоҳ дар Русия даъвои шуморо қонеъ накард, иддаоро то ба додгоҳҳои аврупоӣ хоҳед бурд?
Каромат Шарифов: -Мо бар ин назарем, ки даъвои мо дар додгоҳи сатҳи ноҳия ва шаҳр ва ё ҳадди охир дар Додгоҳи олии Русия ҳал хоҳад шуд. Даъвои мо бо далелҳо исбот хоҳад шуд. Афзун бар ин мо ният дорем, ки ба ҳангоми муҳокима пикет ташкил шавад бо плакат ва шиорҳо. Ҳатто худи мардуми таҳҷоӣ низ омодаанд, моро дастгирӣ кунанд. Агар дар ҳолате, ки ягон вокуниши мусбат ба даст наомад ва додгоҳҳои сатҳи гуногуни Русия даъвои моро напазируфтанд, ин баҳс то ба додгоҳҳои урупоӣ кашонида хоҳад шуд. Ба ростӣ, ҳама мехоҳанд, ки ин барнома ҳарчи тезтар манъ карда шавад. Бале мо медонем, ки паси ин барнома маблағи калон мечархад, даромади калон ба даст меоранд. Вале мо ҳама коре, ки аз дастамон меояд, барои манъи ин барнома анҷом медиҳем. Дар ояндаи наздик шумо шоҳиди корҳои мо хоҳед шуд.