Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти густардаи НАТО ва артиши ин кишвар дар шаҳри Марҷаи вилояти Ҳилманд дастикам 20 нафар аз шӯришиёни Толибон кушта шудааст.
Генерал Шер Муҳаммад Зазоӣ, фармондеҳи нерӯҳои афғонистонӣ дар минтақа, гуфт, ҳамчунин 11 шӯришии ҳаракати Толибон бо аслиҳа боздошт шудаанд.
Амалиёти нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар вилояти Ҳилманд бузургтарин амалиёт алайҳи Толибон тайи 9 соли ахир унвон мешавад ва дар он беш аз 15 ҳазор низомии амрикоӣ, бритониёӣ ва сарбозони афғонистонӣ ширкат доранд.
Раҳим Вардак, вазири дифои Афғонистон, дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт муқовимати аслӣ дар атрофи бозори шаҳраки Марҷаи вилояти Ҳилманд сурат гирифтааст.
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бори дигар аз Толибон хостааст, ки аслиҳаи худро ба замин гузоранд. Вай ба низомиён ҳушдор додааст, ки дар ҷараёни амалиёт аз талафоти аҳолӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Қабл аз ҳамлаи нерӯҳои НАТО ҳазорон нафар сокинони ин минтақа аз хавфи ҷон маҳалли зисти худро тарк кардаанд. Вале бархе аз сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки бахши зиёде аз мардуми маҳаллӣ боқӣ мондааст.
Шаҳри Марҷаи вилояти Ҳилманд, ки ба маркази амалиёти густардаи НАТО табдил шудааст, бо 80 ҳазор нуфусаш тайи солҳои ахир комилан зери нуфузи Толибон будааст.
Шумори шӯришиёни Толибон дар минтақаи Марҷа ҳудуди ҳазор нафар тахмин мешавад. Пеш аз оғози амалиёти НАТО ҷангиёни Толибон гуфтаанд, муқовимати шадид хоҳанд кард.
Амалиёти муштарак дар Ҳилманд таҳти раҳбарии нерӯҳои дарёии Амрико сурат мегирад ва дар он барои аввалин бор артиши Афғонистон нақши умда мебозад. Ҳадафи амалиёт берун рондани Толибон аз Ҳилманд ва таҳти контроли ҳукумати Афғонистон қарор додани ин минтақа аст.
Коршиносон ин амалиёт ва натоиҷи онро аз диди сиёсӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Зеро он бузургтарин амалиёти низомӣ пас аз суқути Толибон дар Афғонистон ва ҳамчунин дар замони президентии Барак Обама аст.
Амалиёти нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар вилояти Ҳилманд бузургтарин амалиёт алайҳи Толибон унвон мешавад ...
Раҳим Вардак, вазири дифои Афғонистон, дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт муқовимати аслӣ дар атрофи бозори шаҳраки Марҷаи вилояти Ҳилманд сурат гирифтааст.
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бори дигар аз Толибон хостааст, ки аслиҳаи худро ба замин гузоранд. Вай ба низомиён ҳушдор додааст, ки дар ҷараёни амалиёт аз талафоти аҳолӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Қабл аз ҳамлаи нерӯҳои НАТО ҳазорон нафар сокинони ин минтақа аз хавфи ҷон маҳалли зисти худро тарк кардаанд. Вале бархе аз сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки бахши зиёде аз мардуми маҳаллӣ боқӣ мондааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад