Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистонро ба узвият дар Маҷлиси шаҳри Душанбе номзад кардааст.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Рустами Эмомалӣ дар Анҷумани ахири ҲХДТ дар охири моҳи декабри соли гузашта узви раёсати ин ҳизб интихоб шуда буд.
Аммо ҳанӯз аз замони таъин шудани ӯ ба мақоми муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соли гузашта, сӯҳбатҳое садо дода буд, ки фарояндаи омода кардани Рустами Эмомалӣ ба ҷойгузинии падараш, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст.
Мӯсо Асозода, раиси созмони душанбегии ин ҳизб, ба Радиои Озодӣ гуфт, Рустами Эмомалӣ дар ҳавзаи рақами 23, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе номзад ба Маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод шудааст.
Абдулазиз Одинаев, муовини раиси созмони душанбегии ҲХДТ, ба Озодӣ гуфт, барномаи номзадии Рустами Эмомалӣ аз татбиқи сиёсати ҲХДТ иборат буда номзадии ӯ бар асоси тасмими конфронси ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод шудааст.
Ҷӯрахон Бӯриев, раҳбари дастгоҳи ҲХДТ, аз ин тасмим истиқбол кард ва гуфт, Рустами Эмомалӣ ба ин мақом арзанда аст ва дар сурати пирӯзиаш дар интихобот метавонад ба интихобкунандаҳо содиқона хизмат кунад.
Рустами Эмомалӣ аз як сол пеш ба ин сӯ ҳамчунин вазифаи раиси бахши соҳибкорӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистонро низ бар дӯш дорад. Ӯро ҳамчунин ба ҳайси сарпараст ва футболбози хати ҳуҷуми дастаи футболии “Истиқлол” мешиносанд. Ин даста дар соли нахустини таъсисаш унвони қаҳрамони Душанбе ва ғолиби Лигаи аввалро бо иловаи Ҷоми Душанбе ба даст оварда буд ва дар соли 2009 дар сабқати қаҳрамонии кишвар ҷои чаҳорумро гирифт ва бар илова Ҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми Рустам Долтабоевро низ соҳиб шуд.
Рустами Эмомалӣ ягона фарзанди президент Раҳмон нест, ки исмаш дар саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон гирифта мешавад. Дар соли гузашта Озода Раҳмонова, духтари раисҷумҳур, низ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардида буд.
Интихоботи вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе ҳамзамон бо интихоботи порлумонӣ рӯзи 28-уми феврал баргузор мешавад. Ба Маҷлиси шаҳри Душанбе ба мисли маҷлисҳои вилоятҳо 70 вакил интихоб мешаванд ва дар ҳамаи 70 ҳавзаҳо ҲХДТ номзадҳои худро пешниҳод кардааст.