Сохтмони терминали ҷадиди байналмилалии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки аз сӯи ширкатҳои фаронсавӣ амалӣ мешавад, барои шаш моҳ мутаваққиф гузошта шудааст.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ сабаби аслии мутаваққиф шудани бозсозии терминали навро мувофиқат надоштани умури сохтмонӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.
Вай гуфт, «яке аз сабабҳои дар ин аст, ки ҷониби Фаронса тақозо кардааст, тамоми молу маводи сохтмонии ин пружа аз пардохти молиёт озод карда шавад. Вале сабаби аслӣ он аст, ки ҳар ду ҷониб дар масъалаи истифодаи навъи семент ихтилофи назар доранд».
Ҷаноби Шодиев мегӯяд, тибқи арзёбии мутахассисони тоҷик зимни бунёди манзилҳо ва биноҳои баландошёна дар Тоҷикистон аз навъи сементи навъи 200 истифода шудааст, ки ҷавобгӯи ҳама ҷанбаҳои сохтмонӣ, аз ҷумла амнияти биноҳо ба ҳангоми заминларзаҳои шадид аст.
Аммо Илиёна Каменская, намояндаи ширкати сохтмонии «Sofema group»-и Фаронса, мегӯяд, беҳтар аст, то дар сохтмони терминали нав аз сементи навъи 350 истифода шавад. Зеро, ба гуфтаи хонум Каменская, терминал барои ширкатҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ва ҳавопаймоҳои бузурги ҷаҳонӣ хидмат хоҳад кард. Ҷониби Фаронса иддао дорад, ки терминали ҷадид бояд мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ сохта шавад.
Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ҷонибҳо имрӯз дар як мулоқот ба ин натиҷа расиданд, ки сементи навъи 200 бояд мавриди озмоиши ҷониби Фаронса қарор бигирад ва то замони мушаххас шудани мутобиқати ин навъи семент барои сохтмони терминал дар Фаронса, корҳои сохтмонӣ аз сар гирифта нахоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ барои терминали ҷадид ҳанӯз моҳи апрели соли 2009 шурӯъ шудааст. Ҳарчанд тавофуқ дар бораи бозсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар авохири соли 2006 миёни Фаронса ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд. Фаронса барои эҳдоси ин терминал қарзи дарозмуддатеро дар ҳаҷми 20 миллион евро тахсис додааст. Маблағи умумии ин тарҳ 24 миллион евро буда, саҳми Тоҷикистон дар он 7 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ҳамакнун соҳибназарон мӯътақиданд, ки сабаби аслии мутаваққиф шудани корҳои сохтмонӣ дар бунёди терминали байналмилалии Душанбе аз сӯи Фаронса вуҷуди фасоди молӣ дар иҷрои ин пружа аст.
Раҳматулло Валиев, коршиносони тоҷик, мегӯяд, «дар сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе мавориди фасод ҳаст. Чун сохтмончиён мехоҳанд аз сементи навъи 200, ки нисбат ба сементи навъи 350 нархи пойинтар дорад, истифода кунанд ва маблағҳоро аз худ намоянд».
Ба гуфтаи масъулони фурӯдгоҳ, корҳои сохтмонии пойдеворҳои терминали нав аз сӯи ширкати тоҷикии «Дилшод» анҷом шуда, вале мавриди пазириши ҷониби Фаронса қарор нагирифтааст. Аммо ба эътиқоди соҳибназарон, маҳз вуҷуди фасоди молӣ ва азхудкунии маблағҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе ба он овардаст, ки дар чанд соли ахир мақомоти раҳбарии фурӯдгоҳи Душанбе аз мақомашон барканор шудаанд.
Ҳатто Ҳокимшо Тиллоев, яке аз раҳбарони собиқи ширкати «Тоҷикэйр», барои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷа мутаҳҳам дониста мешавад ва ҳоло парвандаи ӯ таҳти бозрасии Оҷонсии мубориза бо фасод қарор дорад.
Сохтмони терминали дуошёна барои 500 нафар дар фурӯдгоҳи Душанбе дар ҳолест, ки шароити ин фурӯдгоҳ, ки дар соли 1964 эҳдос шудааст, на танҳо барои анҷоми парвозҳои байналмилалӣ мувофиқат надорад, балки хадамоти он нигарониҳои мусофирон ва ҳатто созмонҳои байналмилалиро ба вуҷуд овардааст.
Ду соле пеш намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии кишварҳои муқими Тоҷикистон дар номае унвонии президенти Тоҷикистон аз набуди шароити мусоид дар фурӯдгоҳи Душанбе интиқод карданд. Ҳамакнун бар асоси қарордоди ҳамкорӣ терминали ҷадиди фурӯдгоҳи Душанбе то тирамоҳи соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Аммо соҳибназарон мегӯянд, дар ҳоле, ки ихтилофи назар миёни фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкатҳои фаронсавӣ вуҷуд дорад, ба анҷом расидани ин пружа дар замони муқарраршуда зери суол аст.
Вай гуфт, «яке аз сабабҳои дар ин аст, ки ҷониби Фаронса тақозо кардааст, тамоми молу маводи сохтмонии ин пружа аз пардохти молиёт озод карда шавад. Вале сабаби аслӣ он аст, ки ҳар ду ҷониб дар масъалаи истифодаи навъи семент ихтилофи назар доранд».
Дар сохтмони терминали нави фурӯдгоҳ мавридҳои фасод ҳаст. Сохтмончиён мехоҳанд, аз сементи навъи 200, ки нархи пойинтар дорад, истифода кунанд ва маблағҳоро аз худ намоянд ...