Интиқоди САҲА аз корзори интихоботии Тоҷикистон

Артис Пабрикс, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Нозирони интихоботии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз адами назарҳои гуногун дар расонаҳои Тоҷикистон ва мушкилоти дастрасии мардуми ин кишвар ба иттилоъ дар бораи интихобот изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ин нукта зимни як гузориши нозирони интихоботии ин ниҳод дар Тоҷикистон зикр шудааст. Дар гузориш омадааст, мавзуи интихобот миёни мардум кам матраҳ мешавад ва ба ҷои он таблиғи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба роҳ монда шудааст.

Мавзуи интихобот дар байни мардум кам матраҳ мешавад ва ба ҷои он таблиғи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба роҳ монда шудааст ...
Ҳайъати нозирони САҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, тавсияҳои ин ниҳод баъд аз интихоботи парлумонии соли 2005 дар бораи камбудиҳои қонуни интихоботи кишвар ба назар гирифта нашудаанд.

Ин ҳайъат соли 2005 набуди муқаррарот дар мавриди фаъолияти нозирони дохилӣ, шомили гурӯҳҳои гуногун набудани кумиссиюнҳои интихоботӣ, системаи нокомили расидагӣ ба шикоятҳо, муқаррароти норӯшан дар бораи сабти ном ва тарзи раъйдиҳии раъйдиҳандагон, шумориш ва раддабандии раъйҳоро аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин қонун зикр карда буд.

Ин ҳайъати нозирони САҲА, ки барои назорат бар интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз 14 январ ба фаъолият шурӯъ кардааст, мегӯяд, қавонини Тоҷикистон наметавонад нуқсу камбудиҳои интихоботро ҷилавгирӣ кунанд ва ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон, ки соли 2004 сурат гирифт, “заминаҳои қонунии интихоботро беҳтар сохта, аммо навоқиси қобили таваҷҷӯҳе дар ин қонун боқӣ мондааст.”

Аз ҷумла дар гузориши ин ҳайат омадааст, қонуни интихобот ширкати аҳзобро дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон муайн кардааст, аммо дар бораи ширкати аҳзоб дар комиссияҳои қитъавии интихобот муқаррароте нест.

Дар давоми соли 2008 чанд нишаст рӯи пешниҳодҳо ба қонуни интихобот доир шуд, ... аммо пешниҳодҳоро ҲХДТ қабул накардааст ...
Дар гузориши ҳайат омадааст, дар давоми соли 2008 чанд нишаст рӯи пешниҳодҳо ба қонуни интихобот бо ширкати аҳзоби сиёсӣ, КМИР, дастгоҳи раёсатиҷумҳури Тоҷикистон ва коршиносон доир шуд, аммо пешниҳодҳоро ҲХДТ қабул накардааст.

Нозирони САҲА мегӯянд, ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон дар қиёс бо солҳои қабл хеле мутавозин шуда, ба он, ба ҷуз ҲСД, ҳама ҳизбҳои расмӣ ворид шудаанд. Онҳо аз қавли ҲСД навиштаанд, ки номзади онро раисҷумҳури Тоҷикистон рад кардааст.

Дар гузориш омадааст, дар Тоҷикистон системаи рӯйхати ягонаи интихобкунандагон дар сатҳи ҷумҳурӣ ё вилоёт нест ва аз ин хотир намешавад якчанд маротиба номнавис шудани интихобкунандаро санҷид.

Нозирони САҲА системаи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ дар Тоҷикистонро нокомилу норӯшан ва муқаррароти қонун дар ин бораро "духӯра" гуфтаанд.

Номи занон дар рӯйхати номзадҳои аҳзоб дар ҷойҳои ахир омадааст ва ин имконияти интихоб шудани онҳоро коҳиш медиҳад ...
Қонунҳои Тоҷикистон комиссияҳои интихоботӣ ва додгоҳҳоро масъули расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ медонанд, аммо нозирони САҲА нигаронӣ аз он доранд, ки нақш ва салоҳияти ин ду ниҳод дар ин ҷода мушаххас нест ва аз ҳам ҷудо карда нашудааст.

Ҳамчунин дар бораи ширкати занҳо дар гузориш гуфта мешавад, ки номи занон дар рӯйхати номзадҳои аҳзоб дар ҷойҳои ахир омадааст ва ин имкони интихоб шудани онҳоро коҳиш медиҳад.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар қиёс бо нозирони ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интихоботҳои Тоҷикистонро пайваста назорат ва танқид мекунад.

Дар интихоботи парлумонии 28 феврал ҳудуди 550 нозири хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.