Дар Фестивал ё Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот бо номи «Aeroflot Open-2010», ки 8-уми феврал дар шаҳри Маскави Русия шурӯъ шуд, ду шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷӯраев ширкат доранд.
Ин мусобиқаи байнулмилаӣ бо ширкати беш аз 280 шатранҷбоз дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифтааст.
Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар сабқати гурӯҳи аввал ҳунарнамоӣ мекунад. Дар гурӯҳи асосӣ 76 нафар шатранҷбозони 30 кишвар ширкат меварзанд. Маблағи ҷавоизи ин гурӯҳ 70 ҳазор евро муқаррар шудааст. Ёдовар мешавем, Фаррух Амонатов дар мусобиқаи порсола бо 5 имтиёз байни 78 нафар дар мақоми 24-ум қарор гирифта буд.
Шатранҷбози дигари тоҷик Соҳиб Ҷӯраев, устоди FIDE, дар ин Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот дар сабқати гурӯҳи дуввум бозӣ мекунад. Дар ин гурӯҳ 60 нафар шатранҷбозони 18 кишвар ширкат доранд. Соҳиб Ҷӯраев дар мусобиқаи порсола бо 4,5 имтиёз байни 84 нафар мақоми 41-умро касб карда буд.
Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот «Aeroflot Open-2010» дар шаҳри Маскав то 19-уми феврал идома хоҳад кард.