Шоми рӯзи гузашта ҳунарпешаи маъруфи тоҷик ва раҳбари театри «Аҳорун» Фаррухи Қосим пас аз як бемории тӯлонӣ дар синни 62-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими хоксупории марҳум имрӯз дар гӯристони Лучоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, баргузор шуд.
Дар маросими видоъ бо Фаррухи Қосим вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрӯх Асрорӣ роҷеъ ба зиндагиномаи зиндаёд сухан кард ва аз ҷумла гуфт, "Фаррух ҳануз аз овони ҷавонӣ бо пайравӣ ба падари хеш Муҳаммадҷон Қосимов ба даргоҳи театр меомад ва хеле барвақт ҳамчун ҳунарпешаи босалиқа дар бозии нақшҳо ҳунари худро нишон медод. Вай аз мероси падар ҳамин ҳунарро гирифта, бо истеъдоди хориқулодда домани театри тоҷикро ба Аврупо ва Осиё кашонид".
Ҳунарманди шинохтаи театри тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов дар ин маросим бештар ба ҳунари Фаррух Қосим ҳамчун коргардони театр баҳо дод. Вай аз ҷумла гуфт, "вақте, ки намоишномаҳои маъруфи Фаррухи Қосим - «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Хонасӯзон» дар саҳнаҳои театрҳои Маскав нишон дода мешуданд, фардои рӯзи дигар дар матбуоти Русия даҳҳо мақолаҳо аз ҳунари Фаррухи Қосим қисса мекарданд. Ва дар матуботи Русия ба хотири намоишномаҳои Фаррухи Қосим Тоҷикистонро "Макка"-и театр ном мебурданд".
Фаррухи Қосим фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ шурӯъ кард ва дар канори бозидани нақшҳои асосӣ дар намоишномаҳо ҳамчунин худи ӯ чун коргардони ин театр чандин намоишномаҳоро ба саҳна гузошт.
Дар солҳои озодандешии мардуми Тоҷикистон пас аз фурупошии Шӯравӣ Фаррухи Қосим театри худро бо номи «Аҳорун» таъсис дод ва, ба қавли санъатшиносон, марҳилаи дурахшиши ҳунари Фаррухи Қосим оғоз шуд.
Намоишномаҳои ӯ - «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Хонасӯзон», "Раъно" ва "Тортюфт" ҳунар, маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар Белжик, Эрон, Русия, Узбакистон, Лаҳистон муарифӣ намуд.
Фаррухи Қосим дар соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синемои тоҷик Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Ҳарчанд волидайн бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар зиндагии ҳунармандон фарзанди худро барои омӯзиш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба бахши физик равона карданд, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ Фаррух онро тарк кард ва дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Точикистон барои таҳсил дар бахши ҳунарманди синемо ва театр пазируфта шуд.
Баъд аз поёни давраи донишгоҳ Фаррухи ҷавон дар театри Лоҳутӣ ба унвони ҳунарпеша ва коргардон тайи 20 сол фаъолият намуд ва сипас бо дархости гурӯҳе аз ҳунармандони теотри ҷавонони ба номи Маҳмуди Воҳид, коргардонии ин гурӯҳро бар ӯҳда гирифт.