Генералҳо зиёд мешаванд, эътимод ба онҳо чӣ?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 85-солагии милисаи тоҷик аз фаъолияти мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ситоиш кард ва ба 5 тан аз раҳбарони аввали ин вазорат унвонҳои навбатии генералӣ дод.
Ҳамин тавр, вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров сазовори унвони генерал-полковник гардида, муовинони ӯ - Саидхон Ҷӯрахонов ва Фарҳодбек Шодмонбеков ва раҳбарони раёсатҳои тафтишотиву сӯхторнишонии вазорат Муҳаммадӣ Муҳаммадиев ва Маҳмадсаид Каримов соҳиби унвони генерал-майор шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ҳамчунин аз наздики 7 дарсад афзудани мизони ҷинояткорӣ дар кишвар дар соли 2009 изҳори "ташвиши ҷиддӣ" кард ва ба вазорати корҳои дохилӣ дастур дод, то ин тамоюлро мавриди омўзиш қарор дода, барои иҷрои муассиртари Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ва аммо ба назари коршиносон, эътои унвонҳои навбатии генералӣ ба раҳбарони вазорати умури дохилӣ ва ба сурати умум афзоиши шумори афсарони соҳиби погонҳои генералӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки интиқод аз сифати кори маъмурони ин вазорат дар ҷомеа баръакс зиёдтар шудааст. Исмоил Талбаков, вакили парлумон, мегӯяд, дар гузашта мавориде ҳам мушоҳида шудааст, ки бархе афроди тасодуфӣ ҳам ба унвони пурифтихори генералӣ соҳиб шудаанд. Оқои Талбаков гуфт, бархе генералҳоеро ҳам дар гузашта дидем, ки баъдан ба даст доштан дар ҷиноёт муттаҳам шуданд ва ҳатто ба зиндон рафтанд.

Бо ин ҳол, назарҳо дар ҷомеа ба фаъолияти кормандони милиса зиддунақизанд. Бархе аз маъмурони интизомӣ ба унвони нерӯе ёд мешаванд, ки дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумат пуштибонӣ карданд ва аз ҷумла тавассути заҳмати онҳо ба давлат муяссар шуд, ки фарҳанги фармондеҳсолориро дар ҷомеаи баъдазҷангии Тоҷикистон барҳам зада, дубора ҳукми қонунро ҷорӣ кунад. Бархеи дигар дар ҳамин ҳол аз густариши фасод, таборгароӣ ва рӯи кор омадани афроди тасодуфӣ дар мақомҳои муҳими интизомӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ин авомил боиси хеле поин рафтани обрӯи милиса дар байни ҷомеа шудааст. Мағфират Назирова, сокини пойтахт, мегӯяд, шояд Тоҷикистон нисбат ба ҳама кишварҳои дигари Осиёи Миёна зиёдтар генерал дошта бошад, вале бо эътои унвонҳои баланд наметавон камбудиҳои мавҷуда дар кори ниҳодҳои интизомии кишварро пӯшонд.

Ҷумъаи Мирзо, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, бар ин назар аст, ки ба фарқ аз замони Шӯравӣ имрӯз милисаи тоҷик, миёни мардум боварии худро аз даст додааст. Нашри даҳҳо мавод оид ба фаъолияти милисаҳо дар матбуоти мустақил ва намоиши барномаҳои телевизионӣ дар мавриди даст доштани милисаҳо ба фасод, баёнгари он аст, ки ин соҳа ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, мутаассифона, имрӯз бархе аз милисаҳо манфиати шахсии худро аз манфиати ҷамъият дида боло медонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари мардум дар бораи милисаи тоҷик



Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба 85-солагии милисаи тоҷик низ роҳ ёфтани афроди тасодуфӣ ба сафҳои милисаро иқрор кард. Оқои Раҳмон хостори тоза кардани ин ниҳод аз кормандони тасодуфӣ ва афроде шуд, ки ба гуфтаи ӯ, "бо ғаразҳои нопок ба сафҳои мақомот шомил шуда, шаъну эътибори онҳоро метавонанд бо кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар аъмоли ношоиста доғдор намоянд. Пеш аз ҳама дар мақомоти додситонӣ, амният, ВКД ва додгоҳӣ коррупсияро решакан бояд кунем. Дар ин сурат таъсири мусбати он ба ҷомеа мерасад.»

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, сарфи назар аз он, ки тайи солҳои ахир маоши кормандони милиса 15 баробар афзудааст, бисёре аз маъмурони милиса мегӯянд, афзоиши маоши онҳо дар баробари таваррум ва коҳиши баҳои пули миллӣ хеле ночиз буда, ин ба як омили густариши фасод дар ниҳодҳои интизомӣ табдил ёфтааст. Аксари таҳлилгарон низ камии маоши ходимони милисаро як омили аслии рӯ ба фасод овардани онҳо медонанд.