Ҳайъате аз Тоҷикистон иборат аз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар аз ду намоишгоҳи байнулмилалӣ дар Париж, пойтахти Фаронса, дидан мекунад.
Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Сафар ба Париж аз 8-ум то 12-уми феврал сурат мегирад ва ҳадафи аслии он омӯзиши бозори ҷаҳонии либос мебошад. Дар ин сафар, интизор меравад, ҳайъати Тоҷикистон бо талаботи калидии бозори ҷаҳонӣ дар мавриди сифати маҳсулот ошно бишавад ва ҳамчунин бубинад, ки тавлидкунандагони дигар ва рақибони эҳтимолӣ ба бозор чӣ маҳсулотеро пешниҳод мекунанд. Мушовирони МБТ ба корхонаҳои нассоҷии кишвар ҷиҳати татбиқи таҷрибаи андӯхтаашон аз сафари Париж ёрӣ хоҳанд расонид.
Дар Париж намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ду намоишгоҳи байнулмилалӣ дидан хоҳад кард: - 1) «Ҷаҳони нассоҷӣ» (Texworld): намоишгоҳи матоъ, лавозимот ва манбаъҳои таҳвили маҳсулот; ва 2) «Премйер Вижн Плуриел» (Premier Vision Pluriel), ки дар он гароишҳои имрӯзи мӯди либос ва марҳилаҳои занҷираи арзиши изофа дар ҷаҳони мӯд ба намоиш гузошта шудаанд.
Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Ин нахустин сафари ҳайъате аз Тоҷикистон ба намоишгоҳҳои мазкур мебошад ва ин сафар барои нассоҷону дӯзандагони тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то бубинанд, ки чӣ гуна метавон дар чунин намоишгоҳҳо иштирок кард ва аз кадом усулҳои намоиши маҳсулоти худ кор бояд гирифт. Ин сафар ҳамчунин имкон медиҳад, то бо ҳамкорони эҳтимолӣ тамосҳои тиҷоратӣ барқарор кунанд. Намояндагони корхонаҳои Тоҷикистон боз метавонанд арзиш ва сифати маҳсулотро муқоиса кунанд, матоъҳои гуногун ва лавозимоти мӯди имрӯзаро бубинанд ва дар бораи талаботи муштариёни эҳтимолӣ маълумот ба даст биоранд.»
Дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Рупа Гангулӣ, мушовири байнулмилалии МБТ, мутахассиси соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва яке аз роҳбаладони ҳайъати Тоҷикистон, мегӯяд: «Дар чаҳорчӯбаи ин сафари омӯзишӣ мо ҳамчунин ба маҳаллаҳои маъруфи Париж меравем, ба он ҷойҳое, ки дӯконҳои гуногуни фурӯши либосҳои мӯди замонавӣ ҷойгир аст. Намояндагони корхонаҳои Тоҷикистон имкон доранд, дар ин маҳаллаҳо маҳсулоти матлуби бозори имрӯз ва тамоюлҳои мӯди замонавиро пажӯҳиш кунанд. Омӯзиши «кӯчаҳои мӯд» ба соҳибкорони тоҷик имкон медиҳад, то аз рангу услубҳои нав, матоъ ва либосвории замонавӣ дар дӯконҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд.»
Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад.