Дар таърихи порлумондории Тоҷикистон, порлумони солҳои 1990-1995 озодтарин ва пуршӯртарин шохаи қонунгузор ва ё замонм мавҷудияти он "давраи тиллоӣ" унвон шудааст.
Ин шохаи давлатдорӣ вижагии худро дошт. Ними фаъолияти он дар замони Шӯравӣ ва ними дигараш дар замони истиқлол ҷараён гирифт. Вижагии дигараш дар мавҷудияти ҷиноҳҳои оппозитсионӣ ва мустақил буд. Аммо ин парлумон бо як вижагии дигар низ дар ёди интихобкунандаҳо боқӣ мондааст. Ҳарфи аслиро дар он занҳо мегуфтанд ва мардҳои депутатро ба дурустии мавқеъи худ мутақоид мекарданд.
Инҳо Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Валетина Абдусамадова, Шарофат Усмонова ва чанде дигар буданд. Дар қатори инҳо занҳои дигар ҳам вакил буданд, аммо ҳарфу симои онҳоро касе дар ёд надорад. Вақте ман ин гузоришро омода мекардам, аз худ пурсидам, ки чаро аз пайи ин мавзуъ шудаам? Шояд ба он хотир, ки парлумонҳои баъдӣ дигар шӯру шар надоштанд ва занҳо дар онҳо мутеъона ба даҳони депутатҳои мард менигаристанд ва ҷасорати гуфтор надоштанд? Шояд ба он хотир, ки нақши зан дар Тоҷикистони мустақил дар муқоиса бо замони Шӯравӣ сахт коҳиш ёфтааст? Ҳатто ҳоло ҳам бархе аз он занони вакил солҳои 1990-1995 вакили парлумони мустақили Тоҷикистон ҳастанд ва ҳамоно бесадо ва аз минбар дар фосила қарор доранд. Ман ин суолҳоро бо онҳое дар миён гузоштам, ки он солҳо ё вакили парлумон буданд ва ё ба гунае ба ин шохаи қоунгузории давлати Тоҷикистон бастагие доштанд. Аксаран, нақши рӯшани занҳо дар он солҳоро ба шахсияти онҳо марбут карданд
Усмон Назир, вакили парулмон ва ҳамтои қаҳрамонҳои гузориши мо, мегӯяд, умдатан занҳои мисли Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Валентина Абдусамадова дар вазифаҳои баланди ҳизби коммунист кор мекарданд, аммо дар бисёр масоил дидгоҳи худро доштанд. Бо вуҷуди фишору интиқод аз тарафи мардҳо дар парлумон онҳо дар ҳадафи худ устувор буданд. Усмон Назир мегӯяд:
«Ҳарфашон ҷавҳар дошт. Дар таҳия ва қабули қонунҳо таъсиргузор буданд. Дар Шӯроҳо пешниҳод ва ҳарфи онҳоро мавриди таҳҳлил қарор медоданд. Ман шоҳиди ин ҳолатҳо будам, садои онҳо дар ҳаво намерафт. Чунки мавқеъашонро нисбати ҳар гуфтаашон нишон медоданд, Шӯрои олӣ маҷбур буд, ки ҳарфи онҳоро гӯш диҳад».
Адолат Раҳмонова, яке аз чаҳор қаҳрамони гузориши мост, ки хушбахтона дастрас буд ва барои сӯҳбат бо мо розигӣ дод. Хонум Раҳмонова мегӯяд, узвият ба ҳизби коммунист натавонист онҳоро мутеъи афкори шахшуда ва якҷониба кунад. "Мо ҳеҷ вақт бо дигар шудани замон ба истилоҳ ҷома дигар накардаем ва ҳамеша дар мавқеи худ устувор будем." гуфт вакили парлумони солҳои 1990-95 Адолат Раҳмонова. “Замоне, ки моро тарбия мекарданд, мо ҳаргиз барои шахсият ва дороӣ талош намекардем. Мо барои мардум ва ватан хидмат мекардем. Ман ҳеҷ гоҳ манфиати мардумро аз манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ поин намедонистам”
Ба гуфти Адолат Раҳмонова, мансубияти ҷинсӣ барои занҳои депутат нақши калидӣ надошт ва истиқлоли ақидаву андешаи онҳоро халалдор намекард. "Мо ҳар кадом фикр ва фаҳмиши худро доштем" - меафзояд ӯ. Адолат Раҳмонова мегӯяд, мардҳои парлумон онҳоро хуш надоштанд ва занҳоро сазовори минбару сухангӯӣ намешумурданд. "Ҳузури 4-5 зани фаъол дар байни 230 депутат кори осон набуд, аммо мо медонистем, ки тақдири миллат дар дасти мост ва суст намеомадем. Дар куҷое, ки баромад мекардам, мегуфтам, ки масъалаҳои мо тариқи қонунӣ ҳал шавад. Ҳамон тавре, ки мардум моро интихоб карданд ва мехостанд. Мардум давлати констутсионӣ мехостанд. Як вакили мухолиф гуфт, ин ҳукумате, ки шумо таъсис додед, ҳамагӣ 15 рӯз давом мекунаду, халос. Ягон вакил чизе нагуфт. Ман интизори мухотаб будам. Баъд гуфтам, ки шумо фолбинед, ки ин тавр мегӯед? Дар сиёсат фолбинӣ дуруст нест. Сиёсат кори дақиқ ва заминиро дуруст мешуморад. Ин ҳукумати 15 рӯз фаъолият намекарда, 19 сол аст, ки фаъолият мекунад”.
Қиёмиддин Сатторӣ, ки шоҳиди бевоситаи фаъолияти занон дар парлумон буд, мегӯяд, дар он солҳо сарфи назар аз фишори низоми коммунистӣ бар гуногунандешӣ, боз ҳам фазои фароҳам буд, ки чунин занҳо буруз кунанд. "Валентина Абдусамадова, Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоеваро ҳизби коммунистӣ тарбия карда буд, вале новобаста аз мансубияти ҳизбӣ ҳарфҳои худро ҷасурона мегуфтанд. Он давра ҳам номентклатура сахт буд. Мансабдорони низоми коммунистӣ ҳам мехостанд, ки дар парлумон нафарони худашонро ворид кунанд, вале занҳои фаъолро низ дастгирӣ мекарданд. Яке аз чунин занҳо, ҷуръаташ ҳайратовар --Валентина Абдусамадова буд," мегӯяд оғои Сатторӣ ва идома медиҳад:
«Валентина Абдусамадова гуфт, мардум дар лаби дарёи Омӯ ҷамъ шудаанд, онҳо чӣ мехоҳанд, чаро он ҷо ҷамъ шудаанд, онҳо киҳо ҳастанд, рафта ҳукумат фаҳмад. Шӯрои олии онвақта комиссия ташкил кард ва бо роҳбарии вакил Усмонқул Билолов рафтанд. Баргашта, омада, гуфтанд, ки ҳеҷ гап нест. Вале мардум муҳоҷир шуда рафт, магар вазни ин гап дар он шабу рӯз сабук буд. Ягон мард ҷуръати гуфтани ҳақиқатро накард, вале ӯ кард.»
Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос, фаъолияти Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Валентина Абдусамадоваро як меъёри муайян дар интихоби занҳои арзандаи вакилии парлумон медонад. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, муваффақиятии ин хонумҳо он буд, ки онҳо занҳои минбарӣ буданд. Мардум онҳоро бо ҳамон ҳафрҳои тоза, воқеӣ ва дархӯрди дарди ҳамон шабу рӯзи худ, эътироф мекарданд. Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта кӯшиш мекарданд, на танҳо пешниҳод.
«Ҳамин тавр занон бояд ки вакил интихоб шаванд. Ҷуръати ҷаҳонбинии Рафиқа Мусоева ва Адолат Раҳмонова бояд имрӯз меъёри интихоби занҳои вакил бошад. Барои вакилӣ сазовор шудани зани тоҷик ягон меъёр лозим нест, ҳамин меъёри арзанда аст. Ҳастанд ҳамин хел занҳо ягонто – ягонто, вале онҳо шомили ҳизбҳо нестанд, довталаби вакилӣ ҳам».
Сайфулло Сафаров мегӯяд, ҳоло ҳам Рафиқа Мӯсоева ва Адолат Раҳмонова, сарфи назар аз он ки мансабҳои давлатӣ надоранд ва даъвоии курсии парлумонӣ намекунанд, вале ҷасорати онҳо дар пешниҳодҳои масоили дархӯрди миллат ва давлат коҳиш наёфтааст. Манфиати онҳо ба давлат мерасад ва боиси таассуф аст, ки дигар чунин занҳо дар парлумони Тоҷикистон буруз накарданд.
Рафиқа Мӯсоева ҳоло ҳам дар Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои тоза ва ҳарфи дақиқу мушаххаси худро мегӯяд. Қиёмиддин Сатторӣ низ ба ин назар аст, ки дар ҳоле ки мо бояд пайравони мактаби Мӯсоева ва Раҳмоноваҳоро тарбия кунем, вале занонро дар доираи маҳдуди квота ҷой кардаем ва ин аст, ки то ҳанӯз зане бо оҳанг ва шеваи сиёсӣ дар парлумон роҳ наёфтааст. Ин ду зан то ба ҳанӯз сафи ҳизби коммунистро тарк накарданд ва довталаби мансабе ҳам нашуданд. Дар Анҷумани ҲКТ ҳарчанд Рафиқа Мусоеваро барои номзадӣ пешниҳод карданд, вай рад кард. Шояд фикр кард, ки афкори парлумони имрӯза вазни сухани ӯро надорад. Ва минбараш қудрати сухани ӯро...
Феълан, Рафиқа Мусоева роҳбари созмони ҷамъиятӣ буда, узви Шӯрои ҷамъиятӣ аст. Дар ин Шӯро ягона зани фаъол ба ҳисоб меравад. Адолат Раҳмонова баъди чанд соли фаъолият дар вазорати саноат ҳоло нафақахӯр аст. Валентина Абдусамадова чанд сол қабл вафот кард.
Ҳузури 4-5 зани фаъол дар байни 230 депутат кори осон набуд, аммо мо медонистем, ки тақдири миллат дар дасти мост ва суст намеомадем. Дар куҷое, ки баромад мекардам, мегуфтам, ки масъалаҳои мо тариқи қонунӣ ҳал шавад...