Натиҷаҳои як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки аксари кулли мардум дар кишвар хостори зиндагӣ дар давлати дунявӣ будаанд ва танҳо 7 дарсад мехостаанд, то сохти давлатӣ исломӣ бошад.
Назарсанҷии мазкур аз ҷониби маркази маҳаллии таҳлилии «Шарқ» гузаронида шудааст. Имрӯз, натиҷаҳои ин назарсанҷӣ дар маросиме дар Душанбе муаррифӣ гардид.
Дар чаҳорчӯби ин назарсанҷӣ омӯзиши афкори мардум оид ба дин ва давлати диниву дунявӣ сурат гирифтааст. Бештари пурсидашудагон (58%) хоҳишманди мавқеъи муҳим доштани дин дар сиёсати давлат будаанд. Дар посух ба савол оид ба он ки дар кадом давлат зиндагӣ кардан мехоҳанд, 64 дарсади пурсидашудагон давлати дунявиро интихоб кардаанд ва танҳо 7 дарсад давлати исломиро. Аммо 25 дарсад гуфтаанд, давлат дунявӣ боқӣ бимонад, вале як қатор қонунҳои динӣ қабул шаванд.
Панҷоҳ дарсади пурсидашудагон аз шаҳрванди Тоҷикистон буданашон фахр мекардаанд, 36 дарсад қонеъ будаанд, як фоиз нохуш будааст ва се дарсади дигар аз шаҳрванди Тоҷикистон буданашон шарм мекардаанд.
Аксарияти тоҷикистониён пурра (11%) ё то дараҷае (58%) аз вазъи феълӣ дар кишвар қаноатманд будаанд ва сеяки пурсидашудагон гуфтаанд, аз вазъи кунунӣ дар ҷумҳурӣ пурра (5%) ё то дараҷае (25%) норозиянд.
Бино бар натиҷаҳои назарсанҷӣ, шинохти мардум аз исмҳои аҳзоб ва даргум назадан дар номҳои онҳо дар муқоиса бо соли 2004 бештар шудааст. 87 дарсад ҲХДТ-ро мешинохтаанд, 69 фоиз аз ҲНИТ воқиф будаанд ва 61 дарсад Ҳизби коммунистро медонистаанд.
Дар натиҷаи нашршудаи назарсанҷӣ омадааст: «80 оифз дар бораи роҳбари ақаллан як ҳизби сиёсӣ хабардор буда, танҳо 30 дарсад дар бораи барномаи ҳизб воқиф ҳастанд. Қисми зиёди ононе, ки дар бораи хабардории худ оид ба роҳбар ё барномаи як ҳизб сухан мекнуанд, танҳо ҲХДТ-ро метавонанд номбар кунанд. Бо назардошти ҳукмрониву афзалияти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсии кишвар ин тааҷҷубовар нест. Ин ҳамчунин нишондиҳандаи системаи заифи ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар аст, ҳарчанде, ки як ҳизб ҳар чӣ бештар ҳамчун ҳизби оппозитсионӣ шуморида мешавад – ҲНИТ.»
68 фоизи пурсидашудагон ҲХДТ-ро ҳизби ҷонибдори манфиат ва назарашон номидаанд, ин рақам дар нисбат ба ҲНИТ 6 фоиз будааст, мисли соли 2004 ва дар нисбат ба коммунистҳо аз 16 дарсади соли 2004 то ба 6 дарсади феълӣ коҳиш дидааст.
Бино бар ин назарсанҷӣ, ҳаштод дарсади пурсидашудагон худро тоҷик гуфтаанд, 16 фоиз худро узбак номидаанд ва як фоиз ҳувияти миллии худро помирӣ шинохтаанд. Аксари кулл – 91 дарсад шоҳиди помол шудани ҳуқуқ бар асоси зодгоҳашон будаанд.
Пурсишҳо аз 18-уми декабри соли гузашта то 6-уми январи имсол давом кардаанд ва дар он якуним ҳазор нафари синнаш аз 18 боло иштирок кардааст.
Бештар дар бораи ин назарсанҷӣ ва вокунишҳо ба он дертар нашр мешавад.