Бародарони азиз! Маро мешиносед?.. Намешиносед?! О,.. маро нашинохтан мумкин нест!.. Аввали номам Маҳмуд... Баъд ба он шўҳратам илова мешавад. Ба хотиратон омад?.. Не?..
Умуман, ман Маҳмуд ном дораму, ин шасту сеюмин корхонаест, ки ман дар он кор мекунам. Аниқтараш кор мекардам. Чунки аз ин ҷо ҳам маро чун аз шасту ду корхонаи пештара дафъ... яъне бо дабдаба, вай... ронданд. Шасту се... давраи муайян... Як Маҳмуд - мавлудча кунем ҳам мешавад. Мавлуди коргоҳҳое, ки Маҳмудро аввал гарм пешвоз гирифта, баъд бо тўҳфае бо номи «Шаттаи обдор» видоъ гуфтаанд.
Ҳар дафъа баробари бекор монданам, ба назди фолбин рафта, фол мекушоям ва ҳар бор онҳо ба ивази мурғи сиёҳ, кабуд ё зарде ба ман мефармоянд, ки «Мушкилкушо» кунам. Ман гуфтаи онҳоро иҷро мекунаму, боз аз паи кофтани кори нав меравам ва аҷибаш ҳамин, ки... меёбам!
Ин дафъа, ба муносибати шастусеюмин корхонае, ки маро рондааст, як «Мушкилкушо - плюс - мавлуд»-е кунам, ки даҳони мардум калўши сездаҳуми кўҳна барин кушода монад.
Шасту се... Боз мардум мегўянд, ки дар шаҳри мо кор несту, хеста ба мардикории Россия мераванд. Ҳаст! Кор ҳам ҳасту корхона ҳам! Фақат дурусттар мушкилкушо карда, нағзтар кофтан лозим. Ман меёбам-ку! Ҳар дафъа...
Баъзеҳо бовар намекунанд, ки на танҳо дар шаҳрамон, балки дар ҷумҳуриамон ҳамин қадар корхона бошад. Ман ҳар дафъа ба чунин одамони нобовар дафтарчаи меҳнатиамро нишон медиҳам. Бо далелу субуташ. Яъне, исбот мекунам, ки ман дар ҳар корхона, баробари ба қайд гирифта шудан дарҳол соҳиби лақаб... ё вай чӣ буд, тахаллуси нав ҳам гаштаам. Чунки назаррас будам. Агар дар ҷавониам ман бо тахаллусоти дар байни ҷавонон обрў доштаи «Маҳмудбангӣ», «Маҳмудавбош» «Маҳмудбадмаст», «Маҳмудбадахлоқ» шўҳрат ёфта бошам, пас аз пайдо шудани таҷриба бо унвонҳои «Лаванд», «Нокорӣ», «Дайду», «Ландаҳур», «Дангаса», «Коргурез» «Бекорхўҷа» шўҳратёб гаштам. Мана чист қувваи бузурги шўҳрат! Мардум беҳуда намегўянд, ки:
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун бозгардад ҳамон хар бошад! Вот!
Қайд накарда наметавонам, ки ҳарчанд ҳар сардори навбатӣ, бо дуои неки «Худат пеш-пешу шўҳратат аз қафо» маро бо дабдаба аз кор меронд, лекин ба ҳар корхонае, ки ман ба кор медаромадам «шўҳрат»-ам ба он ҷо аз ман пештар мерасид. Дар ҳама ҷо, маҳаки ман, шиори кории ман чунин мисраҳои безавол буданд:
Пои номуборакӣ Маҳмуд
Гар ба дарё расад барорад дуд!
Натиҷаи кори ман бештари корхонаҳоро ба аҳволе расонд, ки акнун ба ҳолашон сагҳои дайду мегирянд. Пас аз ман ба пой рост шудани ин корхонаҳоро, фақат худо медонад.
Шасту се ҷои кор... Шасту се корхона! Хуб мамлакати бой доштаему худамон бехабар. Меарзад, меарзад, ки як «Мах-Мав», яъне Маҳмуд-мавлуд кунему баъд... Ё рафта номзадиамро ба депутати шаҳрӣ гузорам?.. Чаро шаҳрӣ? Болотар ҳам гузоштан мумкин. Таҷрибаю шўҳрати корие, ки ман дорам...Дигарон нисфи доштаи маро надоранду, ҷойҳоеро банд карда, нишастаанд, ки ҳайрон мемонӣ... Як намоянда танҳо барои он курсиеро банд карда нишастааст, ки кадом хешаш, вақти аз ҷаннат рондани Ҳазрати Одам алайҳиссалом, посбон не - маҳз «қаровули» пушти дар ва шоҳиди воқеа будааст...
Таҷрибаю шўҳрати ман дар дафтарчаи меҳнатиам дарҷ шудааст ва дар оянда ба ҷавонон чун «Дарси ибрат» хизмат карда метавонад. Аз рўи системаи «Адабро аз кӣ омўхтӣ? - Аз беадабон!»... Ман бошам, ба мардум мефаҳмонам, ки мо дар шаҳрамон шасту се корхона дорем ва шарт нест, ки ҳамаамон коркобӣ ба Руссия равем. Беҳтараш, ки мо раҳпулиро ба «Мушкилкушо» сарф кунем.
Шахсан ман як «Мах-Мав» мекунаму номзадиамро мегузорам. Ба мардум мегўям, ки «Ояндаи нек, имрўз ё пагоҳ ба диёри мо ҳам омада мерасад ва мардум рўҳбаландиашонро аз даст надода «Мушкилкушо» кунанд ва саломатиашонро нигоҳ доранд. Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад!..