Бино бар гузориши Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 синни ҳар панҷумин сокини сайёра аз 60-сола боло хоҳад буд ва онҳо ғолибан ба зиндагии мушкилтареро рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Созмони Милал ҳушдор медиҳад, то замоне ки ҷамъият муносибати худро ба аъзои кӯҳансоли хеш тағйир надиҳад ва онҳоро ҳамоно як бахши фоидаовари ҷомеа нашуморад, кӯҳансолон бо нақзи ҳуқуқашон, гӯшанишинӣ ва нописандӣ рӯбарӯ хоҳанд буд.
Дарозумрӣ аз дастовардҳои инсоният ва далели пешрафти илм, беҳдошт ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ шумурда мешавад, аммо на лузуман баёнгари беҳбуди вазъи зиндагӣ. Баракс, бо фаро расидани пирӣ некӯаҳволии инсонҳо ва ҳимояти иҷтимоӣ аз онҳо коҳиш меёбад. Бино бар дарёфтҳои ахири Созмони Милал, бахши аъзами кишварҳои дар ҳоли рушд ба ин вазъи нав, яъне ҳузури густардаи пирсолон дар ҷомеа омода нестанд.
Сабабҳои чунин ҳолат ва роҳҳои ҳалли мушкили солхӯрдагон дар як ҳамоиши байнулмилалӣ таҳти сарпарарастии СММ дар Ню Йорк ҷараён ёфт ва ду рӯз идома кард. Натиҷагирӣ аз ин конфаронс таҳти унвони "Қудрат бахшидан ба пирӣ" ин буд, ки аксари одамон баъд аз синни 60-солагӣ пуштибонии камтари ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ хоҳанд дошт ва амалан аз қудрати сиёсӣ маҳрум хоҳанд буд.
Крейг Мохибер аз Дафтари кумиссионери олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон мегӯяд, кӯҳансолон дар чандин кишвари узви созмон ҳадафи нақзи чандгонаи ҳуқуқ қарор меёбанд: "Дар бисёре аз бахшҳои ҷаҳон нишондиҳандаҳои марбут ба нажод ё ҷинспарастӣ рӯ ба коҳишанд, вале нишонаҳои нақзи ҳуқуқ зимни синнусол рӯ ба афзоиш доранд. Чаро? Мушкил чист? Мушкил ба назари ман, тавре дар унвон омадааст, дар қудрат аст."
Ширкаткунандагони ҳамоиш беш аз ҳама вазъи Чин ва Русияро нигаронкунанда номиданд. Раиси бахши иқтисодиёт ва умури иҷтимоӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, Ша Зуканг гуфт, сиёсати маҳдудияти зоиш дар Чин як ҳолати фалокатмезеро ба миён овардааст. Дар натиҷа онҳое, ки акнун дар Чин ба синни пирӣ мерасанд, ба гунае сарпарастӣ нахоҳанд шуд, ки пешиниёнашон мешуданд.
Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бо номи "Аз сурх то хокистарӣ", ки соли 2007 нашр шудааст, айни ҳамин тамоюлро дар Аврупои Шарқӣ ва Шӯравии собиқ фаро гирифтааст. Бар пояи он, дар ду даҳсолаи оянда аҳолии Русия 12 дарсад ё зиёда аз 17 миллион нафар камтар мешавад ва дар соли 2025 ҳар панҷумин сокини Русия болиғтар аз синни 65-солагӣ хоҳад буд. Коҳиши бахши коргари аҳолӣ сабаби бадтар шудани вазъи солхӯрдагон мешавад, зеро ҷомеа тавони таъмини иҷтимоии онҳо аз даст медиҳад.
Аммо Тоҷикистон. Ҳуқуқдони саршинос Ашӯрбой Имомов мегӯяд, айни ин масъалаҳо ба Тоҷикистон низ рабт мегиранд, вале эҳтироми суннатӣ ба калонсолон дар ин кишвар, вазъро лоақал аз лиҳози равонӣ сабуктар мекунад. Ҷаноби Имомов мегӯяд: "Аксари ин масъалаҳо ба Тоҷикистон низ дахл доранд ва дар кишварҳое, ки бо фақр ва фасод дар муборизаанд, мушкилот ба маротиб бештар мешавад. Аммо дар ҷомеаи тоҷикӣ як чиз ҳаст, ки ин ҳам бошяд, эҳтироми анъанавӣ ба кӯҳансолон, ки то як андоза онҳоро таскин мебахшад."
Ҳамзамон худи ҷаноби Имомов ҳам иқрор мекунад, ки ин танҳо тарафи равонию маънавии масъала аст ва дар сатҳи иҷтимоӣ кӯҳансолон вазъи ногувор доранд. Аз ҷумла нафақаи бознишастагии онҳо барои зиндагияшон кофӣ нест, махсусан, вақте ки аз ду кӯҳансол дар оила танҳо яке чунин нафақа мегирад.
Дар Тоҷикистон шикоятҳо зиёданд, ки нафақаи бознишастагӣ ба одамон хеле дер дода мешавад ва кӯҳансолон, нерӯву тавоне надоранд, ки ба муҳоҷират раванд ва ё дар худи кишвар касбукоре пайдо кунанд. Махсусан занони кӯҳансол вазъи тоқатфарсо доранд ва ахиран, одати наве дар миёни тоҷикон пайдо шудааст, ки ин ба хонаи солмандон бурдани модар ё падари кӯҳансол аст.
Сафолшо Хоркашев, сардори раёсати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони солхӯрда бо ин мушкил рӯбарӯянд, ки шумориши нафақаи бознишастагии онҳо ба мерос аз замони шӯравӣ чанд бор ба тағйир ва табдили пулу қурби он рӯбарӯ шуд. Аммо афзуд ӯ, ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф дорад, шеваи нави таъини нафақа ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолонро ҷорӣ намояд.
"Дар бисёре аз бахшҳои ҷаҳон нишондиҳандаҳои марбут ба нажод ё ҷинспарастӣ рӯ ба коҳишанд, вале нишонаҳои нақзи ҳуқуқ зимни синнусол рӯ ба афзоиш доранд...