“Мактаб”-и баҳсбарангези имрӯзаи Русия

Дар чанд ҳафтаи охир дар ҷомеаи Русия сериали бо номи “Школа”, яъне мактаб боиси ба миён омадани баҳсу мухолифатҳо ва сару садоҳои зиёд дар миёни ҳам мақомот ва ҳам мактабиёну волидон ва созмонҳои ҷамъиятӣ шуд.
Ин филме, ки аз 60 бахш ё серия иборат буда сохтаи коргардон Валерия Гай Германика мебошад, ҳар шом тавассути телевизиони ОРТ намоиш дода мешавад ва қарор аст то моҳи май идома кунад. Дар ин филм ба таври бисёр лухт, гоҳо аз ҳад зиёд ошкору бепарда, гоҳо бомуҳобот ва воҳима зиндагиии маъмулӣ, муносибот, равобити хусусии хонандаҳои синфи 9-уми як мактаби оддӣ намоиш дода мешавад. Мухолифони ин филмнома, ки дар миёнашон раҳбари департаменти маорифи шаҳри Маскав ҳам ҳаст, хостори аз намоиши телевизиони марказӣ бардошта шудани филм мебошанд. Онҳо мегӯянд, аз сӯе аз ҳақиқат дур будану аз тарафи дигар бисёр дағалона ва бепарда бозгӯ кардани ҳаёти маҳрамонаву хусусии наврасон наметавонад ба тамошобин дарси хуби ибрат бошад. Артем, як донишҷӯи соли аввали яке аз донишгоҳҳои Маскав дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт:

“Ин сериал аслан ба даврони мактабии ман монандӣ надорад. Ман намегӯям, ки ин як воҳима аст, аммо ба назар мерасад, ки ҳама намунаҳои бадро дар мисоли мактабҳои Русия ҷамъ карда дар як филм ҷо додаанд”.

Вале тарафдорони пахши ин филм, ки дар миёни он шогирдони мактабҳои миёна зиёд ҳастанд, мегӯянд, барояшон дар рафтору сужаи қаҳрамонҳои филм ҳеҷ чизи тааҷҷубоваре нест ва вазъи имрӯзаи мактаби оддӣ дар Руси айнан ҳамингуна аст, ки дар филм гуфта мешавад. Дар филм мактабхонҳо рӯшод бӯсобӯсӣ карда, вориди равобити ҷинсӣ мешаванд, машрубот ва маводи мухаддир истеъмол мекунанд, дар муносибот бо волидон ва муаллимон бетафовут, беадаб ва беэҳтироманд. Як қаҳрамон ошкор ба модараш мегӯяд, ки метавонист бемушкил бобояшро ба қатл расонад.

Евгения журналисти оянда аст ва ӯ соле пеш як мактаби миёнаи шаҳри Сочиро хатм карда ба Маскав рафтааcт. Ӯ мегӯяд:
“Зиндагии мактабии ман айнан ҳамон гуна аст, ки дар филми Валерия Гай Германика намоиш дода шудааст. Ман имрӯз ҳатто бо баъзе ҳамкурсонам дар бораи ин филм сӯҳбат кардам. Як духтарак гуфт, ки агар ҳам ингуна ҳолатҳо дар мактаби оддии миёна ҷо дошта бошад, аммо агар одам дуруст бошад, ба ӯ аслан робита надорад. Ман худамро одами дуруст мешуморам ва дар мактаб ҳангоми таҳсили мо бачаҳои хархела буданд, одамҳои хубу бад ва бадҷаҳл ҳам доштем. Ман бо ҳамаи онҳо гап мезадам”.

Аксар онҳое, ки аз наворгирии чунин як филм дар ҳайрат мондаанд, мегӯянд, дар робита бо мактаб бояд филмҳои рӯҳбахшу арзишманде гирифта шавад, ки обурӯи мактаб, маориф, омӯзгорон ва волидонро дар чашми тамошобину хонанда баланд бардорад, мисли филмҳое, ки дар замони шӯравӣ сохта мешуд. Вале шореҳи нашрияи “Российская газета” Юрий Богомолов мегӯяд, агар ҳама сару садоҳои атрофи ин филмро ба инобат нагирем, мебинем, ки дар ин филм дараҷаи таниш миёни ду насл хеле барҷаста ба намоиш гузошта шудааст:

“Мо ногаҳон тавассути ин филм дидем, ки дараҷаи низои миёни падару писарҳо то кадом андоза тезу тунд будааст. Дар ин филм мизони шиддати равобит дар миёни ду насл ҳатто тарснок ҳам ҳаст. Дар баъзе лаҳзаҳо ман эҳсос мекардам, ки гӯё дар пеш як ҷанги шаҳрвандии байнинаслҳо моро интизор аст”.

Аз нигоҳи як равоншиноси Фарҳангисони улуми Русия, ин филм бори дигар ба шинохти нодурусти насли имрӯзаи ҷавонон аз ҷониби калонсолони парвардаи замон ва арзишҳои шӯравӣ таъкид мекунад. Хонум Олга Маховская мегӯяд, ки фоҷеаи калонсолон аз ин ҷо маншаъ мегирад, ки насли нав дар баробари маҳдудиятҳои иҷтимоиву ахлоқии ҷомеа, саддҳову монеаҳо бепарво ҳастанд ва барои расидан ба ҳадаф омодаанд аз баҳри ҳама чиз гузаранд, лозим шавад ба даст силоҳ мегиранд:

“Ин филм дар бораи он аст, ки насли имрӯза барои ҳимоят аз ақидаву арзишҳои худ, ки мутафовит бо арзишҳои мо мебошад, омода аст худро қурбон кунад. Ин наслест, ки инстинкти машқдида дораду хиёбонӣ ва бесаробон аст, ин наслест, ки хулқу хӯи гургона дорад ва ҳамин чиз боиси ташвиш аст”.

Ин равоншинос афзуд, ки масъалаи аслӣ ҳоло дар ин аст, ки насли калонсол, ки дунболи ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии худ мегашт, нафаҳмид, ки як наслеро бузург кард, ки побанди чизе набуда хеле озод ва мустақил аст, ҳар кору ҳарфе, ки дилаш мехоҳад, мекунад ва миёни ин ду насл забони умумии муошират кайҳост аз даст рафтааст. Як донишманди маъруфи рус, ки баъди тамошои ин филм назари худро дар интернет ҷо додааст, мегӯяд, “Тамоми масъала дар ин аст, ки наврасоне, ки мо кӯдакашон меҳисобем, кайҳост кӯдак нестанд, онҳо кайҳост бузург шудаанд. Калонсолон бошад хеле барвақт аз лиҳози фитриву зеҳнӣ фартуту пир мешаванд. Ва аз ҳамин хотир миёни онҳо ингуна як ҳолати душманӣ ба миён меояд, ки боиси болоравии хашму ғазаби калонсолон мешавад”.