Ҳой, ҷанобон, бародарон, рафиқон ва ғ. ва ҳ.к... О, ин худаш чӣ гап-а?.. Ман ҳамчун раиси маҳали шумо гарангу ҳайронам. Ман намедонам, ки ба шумо чӣ шудааст...
Ба инаш нигоҳ мекунӣ, ногоҳ дар байни роҳи серодам,- «вой чӣ кор кунам?!» - гўён сарашро медораду, дар ҷояш нишаста мемонад. Ваяш ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингард, бо чашмони шишаи тиреза барин калон кушодааш, нақлиёти дар рў ба рўяш омадаашро намебинаду, агар дам назанӣ, онро зер карда мегузарад. Як шаҳрвандкаи маҳаллаамон, ҳатто ба поезди бо роҳи худаш рафтаистода бархўрда, қариб онро чаппа мекард...
Дар касалхона баъди ба худ омаданаш аз ў пурсидам, ки:- ҳой шаҳрвандкаи аҳ... азиз! О ин қадар саросема ба куҷо метохтӣ?- медонед чӣ ҷавоб дод? Ман - мегўяд - дар он тарафи роҳи поезд, дар «Аҷинабозор» бодиринги арзонро дида поезд ба назарам натофтааст.
Ба ҷои ба духтурҳо раҳмат гуфтан, дарҳол аз онҳо пурсид, ки барои таъмири сари кафидаю дасти шикастаи вай, дар ин касалхона аз ў чанд сўм мегиранд. Баробари фаҳмидани нархи дорую дока, аз болои кат ҷаҳида фаромаду «Ман беҳтараш поезди бо пешона задаамро таъмир мекунам, арзонтар меафтад» гўён аз беморхона гурехт...
Яке дар роҳ бародари ҷониашро намешиносад. Дигаре дасти одами бегонаеро дошта, чун даллоли бозори мол соате меафшонаду, аз саломатии хешу табор ва гову гўсолаи он ҳайратзада пурсон мешавад. Сеюме пас аз коркобӣ ё рўзи дароз дар зери офтоби сўзон бозоршинӣ ба хонааш омада аз кўдаки ба пешвозаш давида мепурсад, ки: «Ту кистӣ ва боз як нонхўри зиёдатӣ дар хони ман, аз куҷо пайдо шуди»?
Саломатии якашро пурсӣ, мегўяд, ки: «Надорам!». Аҳволи дигарашро пурсӣ: - «Намерасад!», сеюмаш - «Нагирифтам... Нест»!..
Ҳой, бародарон, наход ҳаминро ҳам надонед? Ҳамин, ки «Несту надорам» гуфтан гирифтед, ҳама чиз нест мешавад. Файзи маҳалла мепаррад. Бинобар ин надошта бошӣ ҳам: «Дорам!» гўй. Ба ҳаққи аҳли маҳалла зомин нашав... Умуман аз забони мардуми маҳаллаи ман, дигар калимаи «Нест ва надорам», набояд барояд. Яъне, бояд набарояд. Дар хона гўшт надори? - «Дорам!» гўй. Агар пурсанд, ки «Дар куҷо?» гўй, ки «Дар бозор!» Ҳамин, ки ба қассобхона рафта, пулашро додам, дарҳол гуштамро ба ман печонда медиҳанд, гўй. Маошатро надоданд? - «Доданд!» гўй! Дарҳол баракааш меафзояд. Ҳамин, ки дар се моҳ, маоши думоҳаатро доданд, ба назарат зиёдтар менамояд. Ана ҳамон зиёдтар намуданаш аз ҳисоби барака аст...
Ёрии башардўстона нарасад ҳам «расид!» гўй. Расид гўӣ,- мерасад. Ту ҳам мегирӣ. Ягон рўз. Агар тақсимкунандаҳои он «Ёрӣ» ягон вақт сер шаванд... Чӣ? Нони сериро надидӣ? Нодуруст! Ҳар рўз ошхонаю ресторанҳои пур аз маводи хўрокиро мебини-ку. Дар телевизор. Гоҳ аз телевизиони Россия, «Смак», гоҳ аз телевизион, яъне «Симо»-и худамон «Кошона». Дидӣ, чӣ хел хушрўй карда, пухтани ғизои болаззатро нишон медиҳанд? Акнун тасаввур кун, ки ҳамаи он дар хонаи ту ҳам мешавад. Агар телевизори ранга дошта бошӣ. Надошта бошӣ - хар!
Чӣ? «Бо ҳалво гуфтан, даҳон ширин намешавад»? Ҳамин гапро кӣ гуфт? Ман донистан мехоҳам, ки кадоматон ҳамин гапи аҳмақонаро кофта баровардед? Кӣ? Халқ?! Нодуруст! Ман ба шумо исбот мекунам, ки халқ хато кардааст! Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин мешавад! Бовар намекунед? Ҳозир месанҷем. Шумо ҳоло чӣ будани қувваи бузурги баракаи коллективро намедонед. Ҳозир ҳама бо фармони ман ҳамаатон муташаккилона «Ҳалво!» гўён дод задан мегиред. Канӣ, сар кунед. Ҳама баробар: Ҳалво! Ҳалво! Боз баландтар! Ҳалво! Ҳалво!! Ҳалво!..
Чаро зунукатон гирифт?.. Чӣ? Ҳалқатон қоқ шуд? Ана-а, офарин! Боз мегўед, кӣ намешавад. Қоқшавии ҳалқ, нишонаи аввалини ширин шудани кому даҳон аст. Инро ман ба шумо мегўям! Бинобарин, ноумед нашавед, рафиқон, ҷанобон ва ҷуку ҷондори дар ин ҷо ҳозирбуда. Ҳарчи баландтару мутташаккилонтар ҳалво гўед. Ё даҳонатон ширин мешавад, ё ҳалқатон қоқ шуда нафасатон ба дарун мезанад ва овозатон мегираду ман дигар арзу шикояи шуморо намешунавам. Ҳ а л в о ! ! !