Мутахассисони соҳаи филмбардорӣ пешгӯӣ мекунанд, ки филми “Аватар”-и коргардони шинохта Ҷеймс Камерон аз ҳама бештар пайкараҳои тилоии Оскарро соҳиб хоҳад шуд.
“Аватар” ва навори “Хӯҷаини ғубор”-и Кэтрин Бигелоу дар 9 бахш ба гирифтани бонуфузтарин ҷоизаи олами синамо “Оскар”, аз ҷумла, дар бахши беҳтарин коргардон ва беҳтарин филми сол пешбарӣ шудаанд.
“Аватар” дар бораи саргузашти Ҷейк Саллӣ, низомии маъюби амрикоӣ, дар сайёраи Пандора нақл мекунад. Ҷейкро ба ҷисми махлуқи дар озмоишгоҳ офаридашуда пайваст мекунанд ва тавассути чунин суррогат ӯ ба Пандора меравад. Пандора хонаи қавме бо номи Нави аст, ки онҳоро як ширкат ба хотири захоири табиӣ аз сайёраашон мехоҳад берун кунад ва нобуд созад. Қаҳрамони филм дар он ҷо ба духтари сардори қабила ошиқ шуда, ба ҷониби сокинони бумӣ мегузарад.
Ин навор, ки қариб дувуним соат давом мекунад, то айни замон беш аз ду миллиард доллар даромад овардааст. Ба ҳамин тартиб, “Аватар” рекорди дигар филми Камерон - “Титаник”-ро шикаст.
”Аватар” соҳиби боз як рекорди дигар низ шуд - тибқи хабарҳо барои наворбардории “Аватар” 500 миллион доллар масраф шудааст ва акнун он гаронтарин филм дар таърихи синамо мебошад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин нишондодҳои беназир “Аватар” барои гирифтани пайкараҳои Оскар бо рақобати ҷидди рубару хоҳад шуд. Рақиби аслии вай, филми собиқ ҳамсари Камерон хонум Кетрин Бигелоу - “Хӯҷаини ғубор” хоҳад шуд, ки низ дар 9 бахш ба “Оскар” пешбарӣ шудааст.
Ин филм дар бораи сарбози амрикоӣ қисса мекунад, ки дар Ироқ минаҳоро безарар месозад. Бо вуҷуди он ки буҷаи “Хӯҷаини ғубор” дар муқоиса бо “Аватар” хеле хоксортар аст, вай аллакай чанд ҷоизаи муҳими синамоиро касб намудааст.
Соли ҷорӣ барои пайкараи “Оскар” дар бахши беҳтарин филм 10 навор вориди сабқат мешаванд - дар баробари “Аватар” ва “Хӯҷаини ғубор” - ин “Прешас” дар бораи навраси амрикоии сиёҳпӯст, “Ҷулӣ ва Ҷулия” дар бораи барандаи телевизионии машҳур Ҷулия Чайлд ва зане, ки ба вай тақлид мекард, “Боло дар ҳаво” дар бораи марде, ки ба саросари кишвар сафар мекунад ва бо супориши ширкатҳо коргаронашонро аз кор хориҷ мекунад, “Нуқтаи кур” дар бораи навраси сиёҳпӯсте, ки вайро оилаи сарватманди сафедпӯст писархонд мекунаду, ин наврас ситораи варзиш мегардад ва дигар.
Барои “Оскар” дар бахши беҳтарин бозигари зан аз ҷумла Сандра Баллок ва Мерил Стрип пешбарӣ шудаанд. Дар таърихи синамо Мерил Стрип аз ҳама бештар, яъне 16 бор ба “Оскар” пешбари шудааст.
Миёни номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин бозигари мард номҳои ҳунармандони машҳур назири Ҷереми Ренер ва Ҷорҷ Клуни низ ҳастанд.
Аъзои Академияи синамои Америка барои ҳар номзад овоз медиҳанд ва расми эълони ғолибон ва супоридани пайкараҳои тилоии “Оскар” 7-уми март дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.