Модари мақтул Ислом Каримовро ба додгоҳ мекашад

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон

Шаҳрванди Қазоқистон Татяна Назарова - модари як ронандаи дар Узбакистон кушташуда, раисиҷумҳури Ӯзбакистон ва вазири умури дохилии Қазоқистонро ба додгоҳ кашида, аз онҳо 7 миллион доллар ҷуброн талаб кардааст.
Ин зан чунин меҳисобад, ки дар ҳалокати фарзанди 28-солааш дар Ӯзбакистон ин ду нафар гунаҳкоранд ва аз ин хотир ӯ аризаи додхоҳии хешро дар ин робита ба додгоҳи ноҳияи Алгаи вилояти Актӯба супорид.

Ин нуктаро Айдос Содиқов, вакили расмии Татяна Назарова ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо родиои Озодӣ баён намуд. Ба гуфтаи оқои Содиқов, кӯшиши ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ин ду мансабдор сабабҳо дорад. Нахуст ҷасади Иван Назаров, ронандаи қазоқистонӣ дар ҳудуди Ӯзбакистон пайдо шудааст ва дар ин ҳодиса ин кишвар ҷавобгар аст.

Вазири дохилаи кишварашро Татяна Назарова бо ин муттаҳам мекунад, ки кормандони пулис барои пайдо кардани гунаҳгорон дар ҳалокати писараш кӯшише накардаанд.

ТАФСИЛОТИ ҲОДИСА

Ёдовар мешавем, ки 26 феврали соли 2009 кормандони ниҳоди интизомии Ӯзбакистон автоколонаи Қазоқистон бо 25 ронандаро дар марзи кишварашон боздошт карданд. Ин ронандагон бо мошинҳояшон аз шаҳраки Бозойи ноҳияи Шалкар баромада, бо бероҳагиҳо марзи Қазоқистону Ӯзбакистонро убур кардаанд.

Ӯзбакистон онҳоро бо он муҷрим донист, ки ронандагон барои дуздии оҳанпора вориди ин кишвар шудаанд ва додгоҳи Ӯзбакистон алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тибқи фарзияи дигар ва гуфтаи худи ронандагон, онҳо ҳангоми бӯрони шадид роҳро гум кардаанд ва ноогоҳона ба ҳудуди Ӯзбакистон ворид шудаанд ва дар он ҷо марзбонони ӯзбак онҳоро боздошт карда ба шаҳри Нуқус фиристодаанд.

Баъди чанд моҳ додгоҳ онҳоро ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд. Сарнавишти яке аз онҳо, яъне Иван Назаров номаълум буд ва вақти содир кардани ҳукми додгоҳ дигар ронандагон аз ҳалокати он огоҳ шудаанд. Онҳо чунин меҳисобанд, ки Иванро шадидан латтукӯб кардаанд.

ЛАТТУКӮБИ МАРГОВАР

Вакили расмиии Татяна Назарова низ бар чунин назар аст. Вай мегӯяд, «вақте муоина гузаронданд, муайян шуд, ки як-ду устухон ва як дасти ҷавон нест. Ҳамчунин дандонҳояш набуданд ва устухонҳояш сӯрох шуда буданд».

Аз ин хотир онҳо ва модари Иван Назаров Татяна Назарова чунин мешуморанд, ки ҷавонро бераҳмона латтукӯб карда, ба ҳалокат расонидаанд. Вале кормандони идораи дохилии вилояти Актюба парвандаи ҷиноии марбут ба ҳалокати Иван Назаровро якуним моҳ нагузашта бастанд.

Зеро ба гуфтаи Алмат Имонгалиев, сухангӯи идораи корҳои дохилии вилояти Актӯба, ҳангоми бозпурсии мутахассис вай гуфтааст, ки чун ҷасад баъди чаҳор моҳ пайдо шудааст, он пӯсидааст ва сабаби маргро онҳо маълум карда натавонистаанд.

Вале Айдос Содиқов ва модари Анвар Назаров чунин меҳисобанд, ки ҳам ҷониби Ӯзбакистон ва ҳам кормандони Вазорати дохилаи Қазоқистон барои муайян кардани сабабҳои ҳалокати ронандаи 28- сола кӯшиш накардаанд. Аз ин хотир Татяна Назарова онҳоро муттаҳам ба куштори писараш медонад.

ХОМӮШИИ САФОРАТИ ӮЗБАКИСТОН

Барои рӯшан кардани баъзе паҳлӯҳои ин ҳодиса ба сафорати Ӯзбакистон ва Вазорати дохилаи Қазоқистон занг задем, вале касе ба суоли мо посух надод.

Ба гуфтаи Айдос Содиқов, вакили расмии модари ронандаи ба ҳалокатрасида, агар Татяна Назарова дар ин мурофиа баранда шавад, вай ҳама маблағи ҳосилшударо ба хонаи бачагони шаҳри Алга хоҳад супорид.