Дар ҷаласаи солонаи Ҳукумати Тоҷикистон мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқ ва намояндаи ваколатдори ӯ дар Маҷиси олии кишвар Шерхон Салимзода додситонии кулли Тоҷикистон таъин шуд.
Салимзода дар ин мақом Бобоҷон Бобохоновро, ки ду панҷсолаи ахир додситони кулли Тоҷикистон буд, иваз кард. Зимнан, Бобоҷон Бобохонов танҳо нафаре дар ҳукумати Раҳмон буд, ки ду навбати панҷсолӣ ин масъулиятро дар ӯҳда дошт ва нафарони қабл аз ӯ дар ин мақом натавониста буданд ҳатто як навбати панҷсолиро ҳам ба анҷом расонанд.
Дар ҷаласа тазаккур ёфт, ки Бобохонов ба нафақа баромад. Аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳоҶ аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири умури дохила, Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ширкати «Тоҷикгаз» дар ёдҳо хоҳад монд. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Шерхон Салимзода низ аз афроди бонуфуз дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҳисоб меравад. Давоми ҳашт моҳи ахир ин дуввумин фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйиноти ӯ ба мақомҳои калидии давлат аст. Моҳи июни соли гузашта Салимзода аз мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо фасод барканор ва бо фармони дигаре мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқ таъйин шуд.
Ба таъйиди манобеъи огоҳ, Салимзода яке аз афроди наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Вай ба унвони яке аз вакилони Маҷлиси Намояндагон дар соли 2003 аз муаллифони тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон буд, ки шароити ширкати Эмомалӣ Раҳмон барои ду навбат ҳафтсолӣ ба мақоми раисҷумҳуриро фароҳам овард. Бештари ҳуқуқшиносон ва аз ҷумла ҳамкорони пешини Салимзода аз ӯ ба унвони як ҳуқушиноси варзида ва ботаҷриба ном мебаранд. Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки бо Салимзода дар Маҷлиси намояндагон кор кардааст, гуфт, Салимзода аз лиҳози омодагии назарӣ ва таҷрибаи корӣ аз мутахассисони ангуштшумори кишвар ба шумор меравад.
Аммо бархе аз ҳуқуқшиносон, аз ҷумла Абдуқаюм Юсуфов, як тан аз вакилони дифои тоҷик, мегӯяд, Салимзода дар ҷараёни фаъолияташ дар мақомоти раҳбарии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ на ҳамеша муваффақ будааст. Оқои Юсуфов мегӯяд, Шерхон Салимзода тайи се соле, ки раёсати Оҷонсии мубориза бо фасодро бар ӯҳда дошт, муваффақ нашуд, ки аз мансабдорони баландмақом касеро бо иттиҳоми фасодкорӣ ошкор кунад, дар ҳоле, ки фасодкорӣ маҳз дар сатҳи болои ҳукумат афзоиш пайдо кардааст.
Бархе дигар аз коршиносону хабарнигорон мегӯянд, Шерхон Салимзода то андозае дар сӯҳбатҳо бозтар аст ва дар арсаи кори худ ҳамеша талош кардааст, то истиқлоли худ ва идораи худро ҳифз кунад. Ба эътиқоди коршиносон, маҳз талошҳои Салимзода буд, ки доираи салоҳият ва ваколати Оҷонсии мубориза бо фасод тавсеа ёфта, миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар як рақобати солими корӣ ба вуҷуд ояд. Шокирҷони Ҳаким, устоди Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар, мегӯяд, шояд яке аз сабабҳои таъйини Салимзода ба ин мақом он бошад, ки роҳбарияти сиёсӣ мехоҳад баҳсҳои бархоста миёни ин ниҳодҳоро, ки то ҳадде бар коҳиши нуфузи онҳо боис шуд, хотима диҳад.
Дар бораи таъйини Шерхон Салимзода ба мақоми Додситони кулли Тоҷикистон қабл низ овозаҳо ҳам дар маҳофил ва ҳам дар сафаҳоти расонаҳо садо медоданд. Коршиносон ҳадс мезаданд, ки таъйини Салимзода ба вазифаи мушовири давлатии раисҷумҳур дар масоили ҳуқуқ як навъ заминасозӣ барои вогузории курсии додситонии кулл барои ӯ буд. Зеро бо ин васила раисҷумҳур ӯро аз як сӯ ба худ наздиктар мекард ва аз тарафи дигар фурсате дошт ӯро боз ҳам имтиҳон ва санҷиш кунад.
Шерхон Салимзода дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва 53 сол дорад. Қаблан дар вазифаҳои муовини додситони кулл, додситони шаҳри Душанбе, вакили парлумон ва баъдан раиси кумита дар Маҷлиси Намояндагон низ фаъолият кардааст.
Дар ҷаласа тазаккур ёфт, ки Бобохонов ба нафақа баромад. Аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳоҶ аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири умури дохила, Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ширкати «Тоҷикгаз» дар ёдҳо хоҳад монд. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Шерхон Салимзода низ аз афроди бонуфуз дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҳисоб меравад. Давоми ҳашт моҳи ахир ин дуввумин фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйиноти ӯ ба мақомҳои калидии давлат аст. Моҳи июни соли гузашта Салимзода аз мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо фасод барканор ва бо фармони дигаре мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқ таъйин шуд.
Ба таъйиди манобеъи огоҳ, Салимзода яке аз афроди наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Вай ба унвони яке аз вакилони Маҷлиси Намояндагон дар соли 2003 аз муаллифони тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон буд, ки шароити ширкати Эмомалӣ Раҳмон барои ду навбат ҳафтсолӣ ба мақоми раисҷумҳуриро фароҳам овард. Бештари ҳуқуқшиносон ва аз ҷумла ҳамкорони пешини Салимзода аз ӯ ба унвони як ҳуқушиноси варзида ва ботаҷриба ном мебаранд. Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки бо Салимзода дар Маҷлиси намояндагон кор кардааст, гуфт, Салимзода аз лиҳози омодагии назарӣ ва таҷрибаи корӣ аз мутахассисони ангуштшумори кишвар ба шумор меравад.
Аммо бархе аз ҳуқуқшиносон, аз ҷумла Абдуқаюм Юсуфов, як тан аз вакилони дифои тоҷик, мегӯяд, Салимзода дар ҷараёни фаъолияташ дар мақомоти раҳбарии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ на ҳамеша муваффақ будааст. Оқои Юсуфов мегӯяд, Шерхон Салимзода тайи се соле, ки раёсати Оҷонсии мубориза бо фасодро бар ӯҳда дошт, муваффақ нашуд, ки аз мансабдорони баландмақом касеро бо иттиҳоми фасодкорӣ ошкор кунад, дар ҳоле, ки фасодкорӣ маҳз дар сатҳи болои ҳукумат афзоиш пайдо кардааст.
Бархе дигар аз коршиносону хабарнигорон мегӯянд, Шерхон Салимзода то андозае дар сӯҳбатҳо бозтар аст ва дар арсаи кори худ ҳамеша
Коршиносон мегӯянд, шояд яке аз сабабҳои таъйини Салимзода ба ин мақом он бошад, ки роҳбарияти сиёсӣ мехоҳад баҳсҳои бархоста миёни ин ниҳодҳоро, ки то ҳадде бар коҳиши нуфузи онҳо боис шуд, хотима диҳад