Ман аз бачагӣ аслан яку боз ним ҳунар доштам ва яки бутунаш ҳамин буд, ки дар тўйҳо ош мепухтам. Ними дигараш бошад, ин яъне дар баробари ошпазӣ баъзан чуноне, ки мегўянд, «артисӣ» карданам буд.
Боре яке аз сардорони на чандон сар дор маро ба наздаш, ба кор даъват кард. Намедонам ба вай кадом ҳунари ман маъқул афтода бошад: маззаи гўшти оши пухтаам ё «қизиқчи»-гии боқимонда.
Аз рўи гуфтаи баддаҳанҳо, на ину на он, балки қувваи ниҳонии ҳамшаҳрчигӣ маро ба он сардори бесар наздик карда будааст, яъне ба ин маъно, ки аз бе амакӣ вая... умуман ҳар чиро амак гуфтан мегирӣ...
Баробари ҳамтабақи ҳамшаҳрии мансабдор шудан маълум шуд, ки ман боз чанд ҳунари дигар ҳам доштаам, ки аз он худам ҳам хабар надоштам. Ду ҳунари навам ба касби аслиам, ошпазӣ, хеле наздик буд: яъне косалесӣ ва лагандбардорӣ. Он ним касби боқимонда бошад масхарабозӣ, хушомадгўӣ ва муттаҳамӣ барин ҳунарҳоро дар ман кашф кард.
Кор ба ҷое расид, ки дўстон маро «думи раис» мегуфтагӣ шуданд ва ман аз он хурсанд будам, зеро боварӣ доштам, ки ба раиси мо маҳз ҳамин чиз намерасад... Охир чӣ буд... яъне, вай пашшазанак надорад.
Дар айни ҳол мардуми нотавонбин маро «Маймуни дасти масхарабоз» меномидагӣ шуданд. Аммо ман ба ин чандон аҳамият намедодам. Бахилону лаққиён дар ҳама ҷо ҳастанд.
Ман аз дуду чанги ошхона раҳоӣ ёфта, канаи таги думи гов барин, сахтакак ба зинаҳои мансаб часпида гирифтам. Ҳунарҳои безаволам косалесию лаганбардорӣ ва хушомад задану масхарабозӣ, ҳамеша раҳнамои ман буданд.
Ман бо хандаю масхарабозӣ димоғи хўҷаинамро чоқ ва худашро чунон таъриф мекардам, ки ягон даллол дар бозори мол бузу гови дирўз аз ҳамсоя арзон харидаи худро ин қадар васф карда наметавонист.
Думбардорию косалесӣ, оқибат маро соҳиби курсие карданд, ки ман намедонистам соҳиби пештараи он чи кора буд. Ман ҳам дар бораи вазифаам ягон маълумоте надоштам ва намедонистам ба чи кор машғўл шавам.
Мардуми атроф дарҳол машғўлияти пештараи маро чун маҳаки корӣ интихоб намуда ба ман мегуфтанд, ки то имрўз роҳбари чун ман кордонеро надидаанд ва ҳама дар орзўи он буданд, ки маҳз ман ба ҳамин курсӣ нишинам.
Ман хурсанд шудам, ки дар байни ин миллати шариф як ман муттаҳаму хушомадгўй набудаам. Аниқтараш аз одама хушомадгўю муттаҳам зиёд будааст. Хайрият ки Худованди Карим ба инҳо шоху дум надода, бо ҳамин рафтораш чанд ҷои кориро афзудааст.
Ман ба он курсӣ нишастаму дарҳол ба... тарсидан сар кардам. Ҳарчанд акнун атрофам пур аз хушомадгўю масхарабоз буд ва ҳар косалесу лаганбардор маро бовар кунонданӣ мешуд, ки тайёр аст барои ман ҷонашро қурбон кунад, бо вуҷуди он ман мардонавор... яъне мурданивор метарсидам.
Ман аз ҳама шубҳа доштам, медонистам, ки тамоми атрофиёнам чун ман дурўғгўю муттаҳаманд.
Бадтарин рўз, барои ман ҳамон рўз ба шумор мерафт, ки худо накарда ягон кас ягон таклифе ё ягон гапи дар давраи Шўравӣ намегуфтагиро гўяд. Ман тамоми рӯзномаю маҷаллаҳоро нахонда, дар қуттиҳо ҷамъ карда мемондам. Садою симоро танҳо ҳамон вақт гўш мекардам, ки чанд аблаҳе чанд латифаи кўҳнаи аблаҳонаро боз аблаҳонатар карда бозӣ мекарданд. Пештар ман ба ҳоли онҳое, ки аз пасашон даҳ-дувоздаҳ посбон - «охрана» мегардонданд механдидам.
- Инҳо кистанд?
- Буқаҳои ман!
- Пас шумо кистед,- мепурсидам... ва механдидам. Акнун худам аз пасам ҳамин қадар буқа мегардонам...
Вале рўҳу ҷони ман ҳамеша дар қафас аст. Оши ошпазҳо ба назарам фачу бемазза менамояд. Ҳазли ҳамкоронам, заҳролуд... Ман акнун ҳатто аз ҳазли худам ҳам метарсам. Ба саги сўзанхўрда монанд шудаам...
Дирўз писарчаам аз телевизор як арвоҳеро ба ман нишон дода, мегўяд, ки: дада бинед, ин арвоҳи шумо нест? Ба шумо хеле монанд...
Ҳой мардум! Ман замоне ошпази хуб будам! Илтимос, ошпазиамро баргардонед!..