Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар конфронси Лондон гуфт, ҳукуматаш ба оғози раванди интиқоли таъмини амнияти кишвар аз нерӯҳои байналмилалӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ омода аст.
Ӯ афзуд, ин равандро орзуву ормони мардуми кишвараш унвон кард ва гуфт, “ман бовар дорам, ки имрӯз орзу ва ормони мардуми Афғонистонро мешавад бо чаҳор калимаи содда хулоса кард: Раҳбарияти Афғонистон ва моликияти Афғонистон.”
Бо вуҷуди ин раҳбари Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро аз ихроҷи шитобкоронаи нерӯҳо ҳушдор дода ва хотиррасон кард, ки чи гуна баъд аз шикасти артиши шӯравӣ соли 1989 Амрико ба зудӣ кӯмакашро ба Афғонистон қатъ намуда буд.
Ҳомид Карзай ҳоло ҳам аз он тарс дорад, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ, ҳамон тавре, ки солҳои 1990 рух дода буд, дар кишвар ҷанги тахрибкунандаи шаҳрвандӣ рух медиҳад. Гуфта мешавад, ки яке аз сабабҳо сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ми асри гузашта аз ҷумла сабқати кишварҳои ҳамсоя барои касби бартарии стротежӣ дар минтақа буд.
Вазири молияи Афғонистон Умар Захилвал дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ҳошияи кори конфронс гуфт, ки нишасти Лондон дар замони бисёр муҳим барои давлати Афғонистон доир шуд.
Вай мегӯяд, “мо намехоҳем, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар он ҷо то абад боқӣ бимонад. Мо мефаҳмем, ки онҳо аз мо қарздор нестанд ва ин вазифаашон ҳам нест ва ҳадаф аз конфронси Лондон ин ҳидоят кардани Афғонистон ба роҳи худсобитӣ, ба вижа дар арсаи муҳими таъмини амният, бо ҳудудҳои замонӣ ва дастовардҳост. Гап дар бораи ба ҳоли худ гузоштани Афғонистон намеравад. Ҳадафи конфронс - ин таслими раҳбарият ва моликият ба ҳукумат ва мардуми Афғонистон аст.”
Дар нишасти Лондон нахуствазири Бритониё Гордон Браун интиқоли назорати таъмини амният ба худи афғонистониҳоро барои Афғонистон сарнавиштсоз номид. Суханони Гордон Браун бо гуфтаҳои раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми солонааш ба миллат ва Конгресии кишвар ҳамсадо буд.
Обама гуфт, “дар Афғонистон мо теъдоди артиш ва тамрини нерӯҳои афғонистониро афзоиш медиҳем, то ин нерӯҳо моҳи июни соли 2011 тавонанд масъулияти таъмини амниятро бар ӯҳдаи худ гирифта, ба сарбозони мо имкон диҳанд, раванди бозгашт ба ватанро оғоз кунанд. Мо аз ҳукуматдории хуб, талошҳо барои коҳиши фасод ва риояи ҳуқуқҳои мардуми Афғонистон, хоҳ мард ва хоҳ занро пуштибонй мекунем”.
Ҳомид Карзай аз ширкаткунандагони конфрос хоҳиш намуд, то тарҳи барқарор намудани робита бо ошӯбгарони Толибонро дастгирӣ кунанд. Ӯ афзуд, ки ҳукуматаш мехоҳад, амнияти кишварро ба тадриҷ ба зиммаи худ бигирад, алайҳи фасод ва қочоқи маводи мухаддир мубориза барад ва зиндагии мардуми Афғонистонро беҳбуд бахшад.
Карзай таъкид намуд, ки мехоҳад бо ҳар як шаҳрванди кишвар муросо кунад, ба вижа бо ҳамватанони гумроҳаш, ки ба Ал-Қоида ё дигар шабакаҳои террористӣ пайвастанд ва аммо акнун қонуни асосии кишварро қабул доранд. Раисиҷумхури Афгонистон гуфт, ки тасмим гирифтааст то барои оғози раванди мусолиҳа бо Толибон дар чанд моҳи оянда Лои Ҷиргаро даъват кунад.
Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки ширкаткунандагони конфронс дар бораи таъсиси бунёди вижаи мусоидат ба бозгашти ошӯбгарони собиқ ба зиндагии осоишта ба тавофуқ расидаанд. Гуфта мешавад, ки ҷомеаи чаҳонӣ барои ин тарҳ 140 миллион доллар тахассус медиҳад.
Ҳомид Карзай таъкид кард, ки муваффақияти ин тарҳ аз пуштибонии шоҳи Арабистони Саудӣ ва ҳамкории Покистони ҳамсоя вобастагӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол аъзои собиқи Толибон ва мутахассиссони умури минтақа аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Кобул ва пуштибонони хориҷиаш дар бораи ҳадафҳои шабакаҳои гуногуни Толибон тасаввуроти пурра надоранд.
Қарор аст, баъд аз конфронси Лондон ҳамоиши ҳамсон дар аввалҳои тобистон дар Кобул доир шавад ва дар он мақомоти кишвар ва ҳампаймонони байналмилалӣ пешрафтҳои ноилшударо баррасӣ намуда, ҳадафҳои худро мушаххас хоҳанд кард.
Бо вуҷуди ин раҳбари Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро аз ихроҷи шитобкоронаи нерӯҳо ҳушдор дода, хотиррасон кард, ки чи гуна баъд аз шикасти артиши шӯравӣ соли 1989 Амрико ба зудӣ кӯмакашро ба Афғонистон қатъ намуда буд ...