Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти ҳафтаномаи «Пайкон» аз қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахтро бидуни тағйир гузошта, аз матни қарори қаблӣ танҳо калимоти «шаъну шараф»-ро ҳазф кардааст.
Бозрасии ин қазия дар асоси шикояти идораи «Тоҷикстандарт» дар пайи нашри як матлаби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ 12-уми октябри соли гузашта шурӯъ шуда буд. Дар ин матлаб, ки ҳанӯз моҳи июли он сол дар ҳафтанома нашр шудааст, як гурӯҳи тоҷирони тоҷик аз баъзе тасмимҳои идораи «Тоҷикстандарт» изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ба рушди соҳибкорӣ халал ворид мекунад.
«Тоҷикстандарт» аз додгоҳ хостори ҳимояти шаъну шараф ва обрӯву эътибори худ шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта ҳафтаномаи «Пайкон» - ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. «Пайкон» шикоят ба додгоҳи шаҳрӣ бурд. Додгоҳи Душанбе қарорро бетағйир гузошт.
Ҷумъабой Толибов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» қарори додгоҳи шаҳри Душанберо ноодилона хонд, ба он хотир, ки далелҳои ӯро ҳангоми бозрасӣ ба эътибор нагирифтааст. Вай мегӯяд, ҳафтанома баъд аз нашри матлаби интиқодӣ алайҳи «Тоҷикстандарт» посухи ин ниҳодро нашр карда, узр низ пурсидааст. Ӯ ҳоло ба хулоса расидааст, ки ин қазия алайҳи «Пайкон» шояд тарҳрезишуда ва супоришист:
«Аз он лиҳоз, ки додгоҳ дар зарфи 12 рӯз аризаи даъвогии «Тоҷикстандарт» ҳал шуд. Бидуни ягон далели мӯътамад. Агар 300 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ дида бошад ва он ҳам дар ҳолати пешниҳод кардани маводи зарурӣ, додгоҳ метавонад онро кам кунад. Зарари маънавӣ ягон арзиши пулӣ надорад. Ман намефаҳмам, дар кадом асос ва аз рӯи кадом қонунгузорӣ муайян шудааст, ки «Тоҷикстандарт» зарари маънавӣ дида бошад»
Оқои Толибов афзуд, ҳоло ки калимоти «шаъну шараф» аз қарори додгоҳ гирифта шудааст, пас эътибори корӣ мемонад, ки ин даъворо танҳо тоҷирон ва ё корхонаҳои истеҳсолӣ метавонанд кунанд ва суоли дигар ҳам ин аст, ки оё «Тоҷикстандарт», ниҳоди давлатӣ ҳамин гуна корхона ҳаст?
Зокир Аминов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, ки баррасии ин қазияро ба зимма дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карда, фақат гуфт, хулосаи додгоҳ дар қарори он аст, ки чанд рӯз баъд ба дасти ҷонибҳо мерасад.
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси мустақил, мегӯяд, агар танқиди «Пайкон» обрӯи «Тоҷикстандарт»-ро поён бурда бошад, пас даъвои ахирӣ дуруст мебуд: «Агар дар натиҷаи нашри матлаб аз нуқтаи назари корхона теъдоди муштариёнаш ва эътибораш миёни ҷомеа кам шуда, дигар онро бесалоҳият ҳисобанд, пас ин даъвои дуруст аст»
Коршиносон мегӯянд, ҳафтаномаи «Пайкон» ба теъдоди ҳудуди 3 ҳазор нусха нашр мешавад ва иттилои интиқодомез алайҳи «Тоҷикстандарт»-ро шояд ба ҷуз чанд нафар касе дигаре ба эътибор нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, қазияи «Пайкон» нигаронии созмонҳои дифоъ аз озодии сухан ва рӯзноманигориро ба бор овардааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, мегӯяд, на фақат ниҳодаш, балки дигар созмонҳои муҳофизи озодии баёнро низ ба ин қазия ҷалб мекунад, зеро ҳукми додгоҳ хилофи қавонини байнулмилалӣ ва озодии сухан аст:
«Дар сурати ба назар нагирифтани меъёрҳои ҳуқуқӣ ин қазия метавонад тобиши сиёсӣ гирад, зеро дар саҳифаҳои «Пайкон» фаъолияти на фақат мақомоти давлатӣ, балки мақомоти додгоҳӣ низ мунтазам мавриди интиқод қарор мегиранд. Ба ин хотир, шояд бархе аз намояндагони мақомот манофеъи шахсиву гурӯҳии худро аз қонун боло мегузоранд ва намехоҳанд, ки қазия дар чаҳорчӯбаи қонунҳои Тоҷикистон ва байнулмилалӣ ҳал шавад»
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар ҳоли иҷро нашудани қарори суд, яъне пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳафтаномаи «Пайкон» аз фаъолият бозмемонад.
Коршиносон чанд нашрияи мустақил, аз қабили «Рӯзи нав», «Одаму олам» ва «Нерӯи сухан»-ро мисол меоранд, ки ба ҳар баҳона тайи 7 соли ахир нашрашон аз чоп мононда шуд. Ҳамчунин, ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» ду сол пеш ба як додрас қазияи додгоҳиро бохт ва 5 ҳазор сомонӣ ҷарима супурд. Вале ин як ҳодисаи бесобиқа аст, ки ҷониби даъвогар аз як нашрияи мустақил ба миқдори махсусан зиёди 300 ҳазор сомонӣ, муодили 70 ҳазор доллар ҷубронпулӣ тақозо кунад. Ба қавли коршиносон, ин маблағро дастаҷамъона ҳатто чанд нашрия дар кишвар наметавонанд ҷамъ кунанд.
Аммо Ҷумъабой Толибов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» мегӯяд, бори дигар аз додгоҳи шаҳри Душанбе тақозои бознигарии ҳукмашро мекунад ва дар ҳоли ба ҳадаф нарасидан шикоят ба Додгоҳи Олӣ хоҳад бурд.