Номзадҳои се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ҲНИТ, ҲСДТ ва ҲХДТ, якҷо бу ду номазди инфиродӣ бо интихобкунандаҳо мулоқот анҷом доданд. Ҳарчанд ҳамаи довталабон ба маҷлис бо омодагии хуб омаданд, аммо аҳли нишаст намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломро суолборон карданд.
Суолҳо аз чунин қабил буданд:
«Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягон мактаб ва ё кӯдакистон сохта истодааст ё не?».
«Чӣ зарурат дошт, ки ҳизби Шумо Ҳизби исломиро гирифт, дар ҳоле ки Шумо гуфтед, ки ҳамаатон мусулмонед?»
«Шумо, ки номзади ҲНИТ ҳастед, бигӯед, ки чанд нафар писарбачаҳо дар хориҷ таҳсил мекунанд ва чанд нафари онҳо ба ватан баргашта, дар ҳукумат кор мекунанд?».
Дар посух ба ин суолҳо номзади ҲНИТ Муҳамадҳодии Навид гуфт, ин ҳизб дар сурате метавонад ба сохтани мактабу кӯдакистонҳо дахл кунад, ки мардум ба тарафдории онҳо раъй диҳанд ва ҳизб битавонад бо вуруди теъдоди кофии вакилонаш ба парлумон ба тасмимгириҳои мақомоти давлатӣ таъсир гузорад.
Вай гуфт:
«ҲНИТ як ҳаракат аст, давлат ва вазорат нест. Вале корҳои хайрияи бисёрро анҷом додааст. Масалан, ба хона-интернати бепарасторони шаҳри Кӯлоб ва Файзобод кӯмак мекунад, вале вақте раъйи Шуморо гирад, ба сохтани мактабу кӯдакистонҳо ҳам оғоз мекунад».
Интихобкунандагони ҷамъомада, ки аксар занҳо буданд, саволҳои хешро ба номзади ҲНИТ аз рӯи варақ медоданд. Вақте аз онҳо пурсидем, ки чаро ба дигар номзадҳо суол надодед, гуфтанд, ки ба онҳо аз қабл супориш додаанд, ки ба кадом номзад ва чӣ саволҳоро бояд дод.
Номзад аз ҲХДТ Шермуҳаммади Шоён дар ин мулоқот гуфт, ки барномаи пешазинтихоботии ӯ ҳамон барномаи ҳизбаш аст, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар асоси он ба комёбиҳое ноил шудааст.«Роҳи ояндае, ки давлат ва мардум пеш меравад ва вазифаҳои мушаххасе, ки дар назди мо истодааст, пеш аз ҳама аз барномаи ҲХДТ бармеояд. Ман фикр мекунам, ки Шумо аз барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ ахборот доред, ки роҳи ояндаи кишвари мо барои соли 2010 ва 2015 дар он дарҷ гардидааст.»
Номзад аз ҲСДТ Раҳматилло Зоиров аз интихобкунандагон даъват кард, ки ҳатман дар интихобот ширкат биварзанд. Оқои Зоиров гуфт, муҳим он нест, ки Шумо ба кӣ раъй хоҳед дод, муҳим ин аст, ки мардум ҳуқуқи шаҳрвандии хешро дарк карда, бо ширкат дар интихобот сарнавишташро худ интихоб ва ҳал кунад. Раҳматилло Зоиров дар мавриди барномаҳои ҳизбаш гуфт, ки шиори ҲСДТ хирад, адолат ва тараққиёт мебошад: «Мо аз ҳама чиз болотар хирадро мегузорем, хирад на танҳо ақл ва дониш аст. Агар мо дониш ва хирад дошта бошем, аммо роҳу усулашро амали карда натавонем, ин ба тарақиёт мусоидат карда наметавонад.Барои ҳамин ҲСДТ адотар хирад ва тарқиёётро маҳакаи асосии барномаи пешазинтихоботии худ қарор додааст».
Номзадҳои мустақил Давлатманд Мустафоев ва Қурбонбек Сатторов низ дар баробари гирдиҳамомадагон барномаи пешазинтихоботии хешро муаррифӣ карда, гуфтанд, барномаи онҳо ба ягон ҳизб рабт надошта, ба ислоҳоти иқтисодӣ ва маориф бахшида шудааст.
Дар ин мулоқот ҳудуди 100 интихобкунанда иштирок доштанд. Ва аммо аҳли толор дар амри баҳсу баррасии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилӣ чандон фаъол набуданд. Аз чанд иштирочии вохӯрӣ пурсидам, ки чаро бо истифода аз чунин фурсати муносиб ба номзадҳо суол надодед? Посухҳо ба ин суол аммо мухталиф буд:
«Моро маҷбурӣ аз ташкилоту идораҳо оварда мешинонанд ва дидед, ки саволҳоро навишта доданд. Ва ин саволҳо ҳамааш ба номзади ҲНИТ буданд.»
«Ман дар ин бора ихтисос надорам, барои ҳамин чизу гуфта наметавонам».
Баъди анҷоми мулоқот бархе аз ҷамъомадагон ба Озодӣ гуфтанд, ки ба вакилони парлумон боварии чандоне надоранд, зеро одатан номзадҳо бо ваъдаҳои бузург раъйи мардумро ба даст оварда, вале баъди интихобот аз онҳо зуд фаромӯш мекунанд. Вале чизе ки дар ин мулоқот қариб бепарда мушоҳида мешуд, суолҳои ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагон, аз пеш барномарезишудае буд, ки ба сари номзади ҲНИТ фурӯ рехт. Ин борони суолҳои тарҳшуда суоли дигареро дар зеҳнҳо эҷод мекунад, ки оё ин навъе аз дастдарозии мақомот дар умури интихобот аст ва ё техноложиҳои дар хориҷ роиҷи пешазинтихобиянд, ки акнун дар корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳам арзи вуҷуд мекунанд?