Худкушии раиси хадамоти амниятии Форуми Давос

Раиси хадамоти амниятии Форуми байнулмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Давоси Швейсария, дар арафаи ифтитоҳи ин нишаст, даст ба худкушӣ зад. Ҷасади Маркус Райнхардти 61-сола ахиран дар як меҳмонсарои Давос ошкор шуд. Кормандони полис баъди муоинаи ҷойи ҳодиса ҳадс заданд, ки раиси хадамоти амниятии Форум худкушӣ кардааст. Сабабҳои даст ба ин амал задани ӯ таҳқиқ мешавад.
Нишасти навбатии Форуми байнулмилалии иқтисодӣ дар Давос имрӯз шурӯъ шуда, то 31 январ идома мекунад.