Мизони қабул ба кор дар Тоҷикистон кадом аст?

Раёсати хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон бар пояи санҷиш ё худ аттестатсияи сатҳи тахассуси кормандони идороти давлатӣ 384 нафарро сабукдӯш ва ё ба вазифаҳои поинтар пешниҳод кардааст.
Саттор Маҳмудов, сардори шӯъбаи таъминоти кадрии ин раёсат, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ, ҳудуди 2 ҳазору 930 корманди мақомоти ҳукуматӣ таҳти санҷиш қарор гирифтанд:
«Аз 384 нафар 228 нафар барои такмили ихтисос ва 156 нафарро ба вазифаҳои поинтар равона шуданд. Аз 156 нафар бинобар набудани ҷойи кори холӣ 59 нафар бе ҷойи кор монданд»

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, дар 37 мақомоти ҷумҳуриявӣ ва 72 мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 940 мансаб бесоҳиб мондааст. Маҳмадулло Наимов, сарвари яке аз бахшҳои ин раёсати хидмати давлатӣ гуфт, ин бештар курсиҳои мутахассисони пешбар ва мутахассисони оддӣ дар мақомот аст:
«Як сабаби аслии пеш омадани ин мушкил ин аст, ки музди меҳнати ин мансабҳо ба талаботи шаҳрванд ҷавобгӯ нестанд, яъне 240 – 260 сомонӣ маош барои рӯзгузаронии хизматчии давлатӣ кифоят намекунад»

Тибқи иттилоъи Раёсати хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 18.600 нафар ходими давлатӣ фаъолият доранд. Аз ин шумора 140 нафар дар вазифаҳои сиёсӣ фаъолият дошта, мустақим бо фармони раисҷумҳур ва раиси ҳукумат таъйин мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, на як бору ду бор аз камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар мақомоти давлатӣ шикоят карда ва ба ин хотир амр дода буд, ки дар кишвар ба монанди дигар давлатҳо Академияи хидмати давлатӣ ташкил шавад. Раёсати хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин Академия бояд ҳамин сол, яъне соли 2010 ба фаъолият шурӯъ мекард, аммо ба далели бӯҳрони молиявӣ оғози кори он то се соли дигар ба таъхир гузошта шуд.

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон як барномаи вижаи тарбияи мутахассисон барои кор дар мақомотро ба роҳ мондааст, аммо дар асл меъёрҳои қабул барои кор дар ҳукумат дигаранд.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, мегӯяд, дар мақомоти Тоҷикистон вазифаҳое ҳастанд, ки ба қавле «рӯғанӣ» маҳсуб мешаванд, аммо масъулияти бузургро тақозо мекунанд. Ба қавли оқои Муҳаммадазимов, муддаиён ба ин гуна курсиҳо аз рӯи принсипи «садоқат ба сарвар ва маҳал» таъйин мешаванд:

«Аз ин хотир, фасод дар Тоҷикистон ба ҳадди хеле баланд рафт. Мо бояд аз ин принсипҳо ба хотири ваҳдати мардуми кишвар даст кашем. Ширкати густардаи мардум дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун боз собит мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳама корро метавон кард, агар ваҳдат бошад. Мешавад гуфт, ки ҳоло як бӯҳрони умумиҷумҳуриявии кадрӣ пеш омадааст».


Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, салоҳияти интихоби кормандон ба сарвари ин ё он мақомот вобаста аст ва ин маънои онро дорад, ки ӯ «командаи» худро ҷамъ ва бо тими худ кор мекунад. Ба қавли коршиносон, дар шароити Тоҷикистон ин амали номатлубе нест, аммо як система шудааст ва мутахассисони ба қавле коромадро пушти дар мегузорад. Онҳо мегӯянд, сиёсати кадрии Тоҷикистон солҳост, ки ислоҳот мехоҳад, вале ҳеҷ не ки дарашро ба рӯи ислоҳот боз кунад.