Ёрии байнулмилалӣ ба соҳаи нассоҷӣ

Раванди таҳияи стротежӣ ва нақшаҳои роҳандозии тарҳи ёрӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи ташхиси стротежии занҷираи арзиши изофа ва таҳияи нақшаи иқдомот оғоз мешавад.
Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) бо ёрии молии Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) баргузор мешавад.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, дар давраи омӯзишӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои хадамотрасон, тарроҳони ботаҷриба ва донишмандони соҳа иштирок мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, «МБТ ният дорад, ки тавассути чунин давраҳои омӯзишӣ ба нассоҷону дӯзандагони Тоҷикистон ёрӣ бидиҳад, то идеяву навгониҳои худро дар амал татбиқ намоянд ва ба ин соҳа шукӯҳи қаблияшро баргардонанд.»

Дар бораи имконоти намудҳои мушаххаси маҳсулот ва бозорҳои муайян, ҳамчунин дар бораи роҳҳои истифода аз чунин имконот хонум
"Муваффақият дар чунин навъи тиҷорат на танҳо аз нархҳои арзон, балки боз аз идеяҳои хуб, сифати маҳсулот ва хадамоти тавзеъ бастагӣ дорад.”
Рупа Гангулӣ, мушовири байнулмилалии МБТ дар масоили нассоҷӣ, ҳарф хоҳад зад. Иштирокдорони давра боз бо натиҷаҳои таҳлили вазъи корхонаҳо, ки аз ҷониби мушовирони МБТ дар охири соли 2009 таҳия шуда буд, шинос хоҳанд шуд.

Ян Сайерс, мушовири аршади МБТ, бар ин бовар аст, ки “дар саросари ҷаҳон, аз миёни корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳамоне бештар фоидаовар аст, ки занҷираи таҳвили маҳсулоташ хуб танзим шудааст ва хадамоти ёрирасоне дорад, ки ба ниёзҳои бозор сареъан вокуниш нишон медиҳанд. Муваффақият дар чунин навъи тиҷорат на танҳо аз нархҳои арзон, балки боз аз идеяҳои хуб, сифати маҳсулот ва хадамоти тавзеъ бастагӣ дорад.”

Дар охири давраи омӯзишӣ иштирокдорони он таърихи баргузории ҷаласаи гурӯҳи корияшонро (моҳи март) бояд миёни ҳам мувофақа бикунанд. Дар он ҷаласа санадҳои давраи омӯзишӣ ва пешниҳодҳо ба ҳамкорони дигари эҳтимолӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ба бовари ҷаноби Камолов, МБТ интизор дорад, то аз давраи омӯзишӣ чунин натиҷаҳо ба бор оянд:
• Бозорҳо, омилҳои комёбӣ ва вокунишҳо ба талаботи эҳтимолии бозор;
• Пешманзари мухтасар ва вазифаҳои аввалиндараҷа барои рушди соҳа;
• Иқдомот ҷиҳати рушд ва муайян намудани ҳамкорон ҷиҳати татбиқи барнома;
• Нақшаи иқдомот барои 18 моҳи оянда ва нақшаи корӣ барои замони то апрели соли 2010.

Чорабинӣ аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» доир мешавад. Ин тарҳро МБТ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва бо ёрии молии Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод пиёда мекунад. Ҳадафи умумии тарҳи мазкур дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад.