Як рӯз дар зери ҳиҷоб

Солҳои охир шумораи занҳои ҳиҷоб ва чодарпӯш дар кӯчаву хиёбонҳо рӯ ба афзоиш оварда, боиси баҳсҳои зиёду доғ шудааст.
Ҷомеашиносон ин фарояндро натиҷаҳи афзоиши таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба ислом медонанд. Вале бархе ҳам нигаронанд, ки занҳо ба ин тартиб ҳуқуқҳои худро маҳдуд мекунанд.

Аммо худи занҳои ҳиҷобу чодарпӯш бар инанд, ки мустақилона чунин тарзи либоспӯширо ихтиёр кардаанд, ба хотири иҷрои яке аз фарзҳои дини мубини ислом. Донишмандони ислом низ мегӯянд, пӯшидани ҳиҷоб барои занҳои болиғ фарз аст. Аммо оё ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити феълӣ ба пазируфтани чунин либоси хоси занон омодааст ва таваҷҷӯҳ ба либосҳои исломӣ то куҷо фаргир аст?

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора таваҷҷӯҳи занон ба либосҳои исломиро таҳқиқ кард:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афзоиши таваҷҷӯҳ ба ҳиҷоб