Шикояти ҲСДТ аз матлаби интиқодии "Ховар"

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Мақомоти ҲСДТ мегӯянд, матлабе, ки ахиран хабаргузории давлатии «Ховар» пахш кардааст, як навъ аксултаблиғ бар зидди номзади ин ҳизб дар Бадахшон ба мақоми вакили парлумон мебошад.
Хабаргузории «Ховар» бо нашри матлабе зери унвони «Роҳе, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст» аъзои ҳайати раҳбарии ҲСДТ ва номзади ин ҳизб дар ҳавзаи Хоруғро дар халалдор кардани иттиҳоди мардуми Тоҷикистон муттаҳам кардааст.

Марат Мамадшоев, узви раёсати ҲСДТ ва сардабири нашрияи «Азия плюс», ки номаш дар қатори ин афрод зикр шудааст, мегӯяд, чунин иқдом ба манзури костани нуфузи ҳизбаи ҲСДТ дар остонаи интихобот сурат гирифтааст.

Оғои Мамадшоев мегӯяд, «ин иттиҳомот ҳич пояи аслие надорад, мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ихлол дар иттиҳоди мардум дар Тоҷикистон набудем. Аз он ҷо, ки «Ховар» як хабаргузории давлатӣ аст, шояд ба назари бархе ин иқдомаш то ҳадде ғайриахлоқӣ бинмояд. Вале бигузор ҷой дошта бошад, ин як усули мубориза аст. Ба ҳар ҳол беҳтар аз он чи аст, пештар шоҳидаш мешудем».

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва узви ҲСДТ, мегӯяд, иттиҳомоти "Ховар" ҳич пояи аслӣ надорад
Гуфтанист, дар зарфи як моҳи ахир ин дуввумин матлабест, ки хабаргузории давлатии Тоҷикистон роҷеъ ба амалкардҳои, ба гуфтаи «Ховар», ғайриқонунии ҲСДТ ба дасти чоп медиҳад.

Таҳлилгарон ва коршиносон пайдо шудани баҳсҳои тундутез ва алайҳи аҳзоб ё давлат дар расонаҳо ва аз ҷумла ин матлаби «Ховар»-ро ба интихобот рабт медиҳанд. Ва онро усули муборизаи сиёсӣ медонанд, аммо истифодаи минбари хабаргузории расмии кишвар ба манзури баровардани ҳадафҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ ба назари коршиносон кори шоистае нест.

Коршиносон мегӯянд, беҳтар аст аҳзоб ва давлат барои ин навъи таблиғ ва ё аксултаблиғи худ расонаҳои ғайридавлатиро истифода кунанд.

Хабаргузории «Ховар» дар матлаби худ ҳамчунин амалкарди номзади ҲСДТ-ро бар хилофи Қонуни интихоботи маҷлис унвон кардааст. Ба навиштаи «Ховар», номзади ин ҳизб дар Бадахшон Алим Шерзамонов "аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи маҳаллӣ" дар пешбурди маъракаи интихоботии худ истифода кардааст.

Аммо мақомоти ҲСДТ мегӯянд, афроде, ки дар матлаб номашон рафтааст, ҳеҷ гуна иттиҳоме надоранд ва ҳаққи комили ширкат дар интихобот ва таблиғотро соҳиб мебошанд.