Ӯ худ буд

Муҳаммадраҳими Сайдар, акс аз хазина

Муҳаммадраҳими Сайдар, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 59-солагӣ...
Эй кош забонҳо ҳеҷ гоҳ қодиру қобили гуфтани ин каломи ҷону ҷигарсӯз намебуданд. Эй кош гӯшҳо ин хабари шум дилрешкунандаро намешуниданд.
Ҳайҳот, забонҳо ин каломи ҷонсӯзро гуфтанду гӯшҳо ин хабари шумро шуниданд. Ман низ шунидам.

Аз шунидани ин хабар бояд дил дар қафаси синаам метаркиду мӯҳраҳои чашмонам об шуда, ба рухсораҳоям метаровиданд.Аммо аз зиндагӣ дар гуна лаҳзаҳо бо он бераҳмие, ки дорад, ин гуна осон аз банди ин ғами гарон раҳо ёфтани маро низ раво надид.Лекин аз шунидани ин хабари ҷонгудоз чун талвосаи ҷонкани баданамро рашъаи тоқатфарсои сард фаро гирифт. Гӯшҳоям қулф заданд.Чашмонам сиёҳӣ. Лаҳзае чанд дар фазои торикӣ ва бехудӣ аз худ бадар шудам.
«Сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад».

Боз оҳиста-оҳиста ба худ омадам. Аммо гӯиё дар як олами дигаре. Худро дар як биёбони яъсу навмедӣ, фироқу ҷудогӣ ёфтам.Манзараҳои атроф дигар бароям дар шаклу шамоили наве зуҳур карда буданд.

Бодҳои тунди кӯҳистон бо садои нолаосое ҷаноза хабар мекарданд. Долу дарахтон бо урёнии зимистонаи худ саф зада гӯё дар қиёми намози ҷаноза истода буданд. Дарёчаи пуртуғёни Дуоба, ки паҳлӯи деҳаи Шаҳринав мегузарад, ба ҷои аммаи Хосият - модари Муҳаммадраҳим навҳа меандохт. Кӯҳи Исток, ки гӯё чун муттако деҳаи Шаҳринавро рӯи даст дорад, ба ҷои бобои Сайдар бо сукути гароне дар сӯги фарзҳанд ба ғаму андӯҳи бепоёне фурӯ рафтааст.

Соҳибҳиммате чу ғам надидам ҳаргиз,
Бе ғам шабу рӯзӯ дам надидам ҳаргиз.
Ғам бо даму дам зи қаъри одам бидамад,
Намро зи ду дида кам надидам ҳаргиз.


Ҳеҷ кас зебогиҳои ин атрофу акнофро монанди Муҳаммадраҳим намедиду дарк намекард. Ӯ нигоҳи жарфназаре дошту бо як назар мағзи чизи дидаашро медид ва дар пардаи пиндори худ абадӣ нақш мебандонид. Аз ин ҷост, ки тасвирот дар навиштаҳои ӯ бо тобишҳои равшане ранг мезанаду хонанда манзараи тасвиркардаи ӯро баръало бо ҳама нафосату зебогиҳои ноаёнаш медид.

Кӯҳи Сурхрезӣ, ки хонаи падарии Муҳаммадраҳим дар домани он воқеъ будаасту ҳар субҳ офтоб баҳри ӯ аз паси он тулӯъ мекард, дар ҳикояҳои марғубу нотакрори ӯ борҳо тасвир шудааст, ки баъд аз хондани тасвироти ӯву нигоҳи ӯ ман дар ин кӯҳ ҳашамату зебогии аҷиберо кашф кардам.

Дареғо, имрӯз Муҳаммадраҳим таровату зебогиҳои ин диёрро гӯё бо худ бурдааст.

Наход Муҳаммадраҳими ҷавон бо он нигоҳи бароқу ҳаракатҳои чусту чолок, қаду қомати зебои дар ҳадди эътидол, садои марғуладори гӯшнавоз ва ақлу фитрати олии инсонӣ дигар дар бари мо набошад? Сахт тарсида дар худ меларзам аз аз ҷавоби ҳақонии ин савол. Осемасар ӯро зинда пеши назар меорам.

Бо чеҳраи шукуфону табассуми мавзуне дар гирди лабонаш нақшбаста. Ӯ дар бачагӣ ҳам чеҳраи солори беғаше дошт. Суханаш ҳам чун касони зиндагидида пухтаву ғолиб буд. Дар вуҷудаш як рӯҳи матини бе каму косте нуҳуфта буд. Аз мо ҳамсолон бо ҳама хислаташ аз замин то осмон фарқ мекард. Дар ҳама тасмимгирӣ қарори ниҳоӣ фикри ӯ буд.

Аз кавсари рӯҳ ба ҷисми худ об диҳед,
Аз ҷоми муҳаббаташ майи ноб диҳед.
Ёрон, ба қадри нақди бедорӣ расед,
То он, ки инони чашм бар хоб диҳед.


Муҳаммадраҳим дар айёми мактабхонӣ бисёр мутолиа мекард. Дар мактабхонаи деҳа китобе намонда буд, ки нахонад бошад. Одате дошт, дар муқоваи китоби хондааш се нуқтачаи базӯ аёне мегузошт. Ман солҳои тӯлонии дар ин китобхона кор карданам дар интихоби китоби шавқовар аз аломатҳои Муҳаммадраҳим истифода мекардам.

Меомаду меҳри бекарон меовард,
Шодии ҳама рӯи ҷаҳон меовард.
Сад маҷлису маҳфиле аз ӯ обод буд,
Мегуфтӣ замин, ӯ осмон меовард.


Ҳар боре, ки аз Маскав ба Тоҷикистон меомад, албатта сараввал аз ман хабар мегирифту мегуфт:
-Ҳамин, ки ба тайёра нишастам, нақшаи будубошамро аз дидори ту тарҳрезӣ кардам. Охир шумо имтиёз доред, агар солим ҳам мебудед, аз дидани шумо сар мекардам, чунки аз сӯҳбати шумо умри аз Тоҷикистон берун гузаштаамро ҷуброн мекунам.

Ӯ баъд аз дидор бо ман ҳама кӯҳансолони деҳаро як-як хабар мегирифт. Аз ин хабагирӣ ҳам иззату эҳтром ба ҷо меомаду ҳам дар хазинаи ёди ӯ вожае, сариштаи нави андешае меафзуд.

Бори охирин ду сол пеш меҳмонам шуда буд. Баҳраш дастархони пурнозу неъмате оростам.Бо лабханди маҳзунонае гуфт:
-Ман аз малоикаҳо дасти пир гирифтагӣ, ин қадар анвои хӯрданӣ баҳри кӣ?
Аз халтачаи ҳамроҳдоштааш ду бурда нони сиёҳро бароварда ба гӯшаи дастархон гузошта гуфт: -Ним коса ҷурғот бошад, кифоя аст. Касалии қанд тамоми неъмати даҳонамро гирифтааст.

Он рӯз донистам, ки беморӣ хеле ҷиддӣ гиребонгираш гаштааст вагарна ӯ ба андак мушкилот тан намедод.Сӯҳбати мо бештар дар сари мавзӯи ҳоли табоҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, фарзандони хорузори тоҷик дар Русия ҷараён гирифт. Ӯ бо як риққату сӯзи дил аз марги даҳҳо ҷавонони навхат ба ҳасрат нақл мекарду худ бехабар буд, ки рӯзе тобути оҳанини худи ӯ аз онҷо сарозер мешавад.

Фарёди кӣ буд садои печида ба дуд,
Бар гӯши хаёл мерасид сурху кабуд?
Ин акси садои мо буд аз қаъри вуҷуд,
Мегуфт, ки дар дори ҷаҳон буду набуд.


Муҳаммадраҳими Сайдар бо истеъдоди нотакрори худ ҳамтои нависандагони забардасти муосири тоҷик Сафи Раҳимзод ва Баҳманёр буд ва дар нимароҳи эҷодӣ монданаш Пулод Толис ва Алии Хушро ба ёд меорад.

Чи суд аз ин жожхоиҳо. Ӯ худ буд, касе ӯ шуда наметавонад. Лекин мо зиндаҳо дар ин маврид бояд чизе бигӯем, барои таскини худу дигарон.

Фақат дар охир як ҳақиқати бебаҳсеро бяод зикр кард, ки шояд ғуссаи дар гулӯ дармонда, дарди дар дил гиреҳҳхӯрда каме ҳам бошад сабук гардад. Дар зиндагӣ Муҳаммадраҳимро фаромӯш кардем, танҳояш гузоштем, ба қадраш нарасидем, чун дигар фарзонагоне, ки аз олам рафтанду баъд баҳрашон ашки ҳасрат рехтем.

Танҳо будам, дареғ, танҳо мирам,
Дар олами танҳоии шабҳо мирам.
Аз синаи пурғамам касе огаҳ нест,
Чун оҳи ғаме миёни лабҳо мирам.


Шоир Нуриддини Садриддин