Рӯзгоре буд, ки фарзандони тоҷик, донотарин мардони дониши фалсафа дар ҷаҳон ба шумор мерафтанд.
Гузашта аз фалосифаи порсии даврони пеш аз ислом, ки дар таърихи фалсафа ба фаҳлавийун маъруф ҳастанд ва порае аз дидгоҳҳои фалсафии онон то ҳанӯз ҷойгоҳи илмии худро аз даст надодааст, барои касе пӯшида нест, ки зуҳуру густариши ин дониш дар даврони пас аз ислом дар машриқзамин (ва ҳатто дар мағрибзамин, ки ба зудӣ ба он ҳам ишора хоҳад шуд), марҳуни хадамоти абармардоне аз фарзандони миллати тоҷик мебошад.
Нахустин касе ки ҷаҳониёнро бо орои Суқроту Афлотуну Арасту, ки баъд аз густариши ойини масеҳият дар мағрибзамин ин оро ба фаромӯшӣ супурда шуда буд, огоҳ сохт, ин Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ, яке аз фарзандони барӯманди тоҷик мебошад. Аҳамияти Форобӣ, на танҳо дар муаррифии дидгоҳҳои фалосифаи номбурдаи юнонӣ нуҳуфтааст, балки бештар ба иллати шарҳҳоест, ки бар осори Арасту нигошта ва ба ҳамин сабаб аст, ки ӯро Муаллими сонӣ хонда ва дар мақоми баъд аз Арасту қарор додаанд. Маҳз осори Форобӣ чун "Ал-ҷамъ байна раъйайн”, "Ағрози мобаъбут-табиаи Арасту”, "Фусулул-ҳикам” ва "Эҳсо-ул-улум” (ки дар қуруни вусто таҳти унвонҳои Alpharabius, Alfarabi, El Farati, Avenassar ба забони лотин баргардонда шуд) аст, ки мағрибиёнро низ умуман бо дониши фалсафа ва хусусан бо бо орои фалосифаи юнонӣ ошно сохта.
Форобӣ дар ин осор, ба вижа дар китоби "Ал-ҷамъ байни раъйайн”, тавонистааст миёни ду дидгоҳи тақрибан ба ҳам зидди Афлотун ва Арасту ҷамъ кунад, ки дар таърихи фалсафа бесобиқа аст.
Аммо номи мубораки Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино, машҳур ба Бӯалӣ ва Ибни Сино (ё Пури Сино), барои ҳар тоҷике маъруфу шинохташуда мебошад. Аҳамияти Бӯалӣ фақат дар ин нест, ки ӯ табибе буда ҳозиқ, чунон ки миёни мардумон машҳур мебошад, балки аҳамияти ӯ беш аз ҳама, дар файласуф будани ӯст. Чун илми тиб дар назди Бӯалӣ, яке аз даҳҳо улумест, ки ин абармарди майдони дониш дар замони худ ҳарфи аввалу охирро дар заминаи он улум мезада.
Бузургии Сино дар дониши фалсафа он ҷо бароямон бештар ҷилвагар мешавад, ки бидонем, дар мадориси илмии мағрибзамин баъд аз реннесанс, он гоҳ ки миёни донишмандон перомуни масъалаи фалсафие ихтилоф меафтод ва бо ҳам ба ҷарру баҳс мепардохтанд, агар касе аз эшон сухане аз Бӯалӣ барои таъйиди дидгоҳҳои хеш меовард, ҳамагон сукут мекарданд ва гардан мениҳоданд. Яъне донишмандон дар он даврон, дидгоҳи Бӯалиро дар ҳам масъалае, ба манзилаи сухани фасл пазируфта буданд.
Гузашта аз ин ду абармард, ки то ҳудуде барои ҳар тоҷике шинохташуда ҳастанд, ҳамчунин фалосифае чун Закариёи Розӣ, Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва Мулло Садрои Шерозиро низ дорем, ки аз парчамдорони дониши фалсафа дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Ба ҳар ҳол, ҳадаф аз ёдоварии номи ин абармардон ин нест, ки камина ин ҷо қасди муаррифии фалосифаи эронитабор умуман ва фалосифаи тоҷикро хусусан дошта бошам, бояд дар маҷоли дигаре бо эшон ва орову дидгоҳҳояшон ошно шуд. Ҳадафи роқими сутур дар ин навиштор, чизи дигар аст.
Мехоҳам бигӯям, ки мо тоҷикон, бо як чунин гузаштаи пурифтихор ва бо ин ҳама дурахшиш дар дониши фалсафа, чаро имрӯз вазъамон ба ҷойе расида, ки на танҳо барои дигарон фалсафа намеомӯзем ва фалсафа аз забони мо фаро намегиранд, балки ҳунари инро ҳам аз даст додаем, ки ақаллан он чиро аз гузаштагонамон ба мерос бурдаем ва маҷҷонӣ дар ихтиёрамон гузоштаанд, ба дигарон ба гунаи бояд бирасонем.
Бадтар аз ин, корамон ба ҷойе расида, ки ҳатто бо орои фалсафии фарзандонамон, ки бо эшон забони муштарак дорем, аз тариқи бегонагон ошно мешавем, гӯи забони Форобию Синоро дигарон беҳтару некӯтар аз худи мо медониста бошанд.
Имрӯз, ин вазифаи аввалиндараҷаи Окодемии улуми кишвари азизамон Тоҷикистон аст, ки ин нақсу камбудро ҳар чи зудтар бартараф созад. Шояд дар замони Шӯравии собиқ узр доштем, ки дастамон кӯтоҳ ва ихтиёрамон дар дасти худамон набуд. Аммо имрӯз дигар ҳеҷ узре надорем ва ҳеҷ баҳонае аз мо пазируфта нест.
Имрӯз, бар донишмандони мост, ки дониши фалсафаро аз ин ҳолати ғурбат, ки солҳост дар ҷомеаамон чунин ба сар мебарад раҳонида ва он нашоту пӯёие, ки дар гузашта байни тоҷикон дошт, барояш баргардонанд. Ва ин кор, агар бихоҳем, шуданист.
Чун, хостан, худ тавонистан аст.
Cайидюнуси Истаравшанӣ, бунёдгузор ва муаллифи блоги "Кимиёи саодат".