Аз ҳиҷоб ва рӯсарӣ ба ниқоб?

Баъзе аз занони тоҷик ба пӯшидани ниқоб - як навъ рӯсарии монанд ба фаранҷӣ шурӯъ кардаанд

Ҳиҷоб, рӯсарӣ ва ахиран ниқоб–як навъ рӯсарии монанд ба фаранҷӣ ё чодар аз куҷо ба Тоҷикистон омад ва пӯшиши ин навъи либос то куҷо ба манфиат аст?
Мавзӯъи ҳиҷоб ва манъи ҳузури ҳиҷобдорон, хулоса, пӯшишҳои, ба қавле исломӣ, дар мактабу донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ бештар аз се сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садо, баҳсҳои додгоҳӣ ва низоъҳои лафзӣ миёни рӯҳониён ва масъулони мақомоти давлатиро дар пай доштааст.

Вале мо замоне ба мавзӯъи ҳиҷобу рӯсарӣ ва ниқобу пӯшишҳои исломӣ ва табдил шудани онҳо ба ҷузъе аз либоси занони мусулмон дар Тоҷикистон бармегардем, ки ахиран гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи зан дар кишвар мехоҳанд бо масъулони вазорати маориф маслиҳат кунанд, то ба дастурамали либоси мактабии ин вазорат ислоҳ ворид шавад. Ба далеле, ки ба гуфтаи онҳо манъи ҳузури ҳиҷобдорон дар макотиби миёна ва олӣ то ҳадде метавонад ба коҳиши таҳсили духтарон дар макотиб сабаб шавад.

ФАРҲАНГИ АРАБӢ?

Ҳиҷоб, рӯсарӣ ва ниқоб, ба қавле се навъи либоси исломист, ки пӯшандагони онҳоро дар кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон бидуни мушкил пайдо кардану дидан мумкин аст. Зоҳиран ҳич кас бо онҳо ва онҳо бо дигарон коре надоранд. Вале як идда пӯшиши исломиро нишони фарҳанги “арабӣ” медонанд ва мегӯянд, он набояд дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҷой дошта бошад. Дигарон иддаъо мекунанд, ки занони ҳиҷобпӯш “ифротгаро”-янд ва ҳузури ин либоси мазҳабии тозаворид дар ҷомеаи демократии Тоҷикистонро набояд пазируфт.

Ахиран шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ҳам аз ҳузури ҳиҷобдорон дар мактабу бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда ва даъват ба амал овард, ки ба ҷойи либосҳои ба қавле исломӣ ба либос ё пӯшиши миллӣ, ки аз рӯймолу поҷома иборат аст, авлавияти бештар диҳанд.

ФАРАНҶӢ Ё НИҚОБ?

Мо борҳо дар бораи ҳиҷобу рӯсарӣ, ки танҳо сару рӯйи занонро мепӯшонад, сӯҳбат кардаем. Аммо ниқоб, ки ба оҳистагӣ ба ҷузъе аз либосҳои исломии сокинони мусулмони Тоҷикистон табдил мешавад, иборат аз як матоъи сиёҳест, ки сару гардан ва дарозии қадди занҳоро паноҳ медорад. Ин матоъи сиёҳ, ки аз ҳиҷоб ва рӯсарӣ фарқ мекунад, фаранҷӣ, яъне либоси занони пеш аз инқилобро ба хотир меорад. Дар оғози қарни гузашта, то замони вуруди русҳо ба хоки минтақа занон аксаран ба сари худ чодар ё фаранҷӣ мегирифтанд, ки он чашму дигар аъзои бадани онҳоро аз назарҳо пинҳон медошт.

Аммо ба назари бештари ҷомеашиносон, Инқилоби Октябр ба ин занон озодиҳои бештареро “тақдим” кард ва онҳоро аз зери чодар берун овард ва ҳамин тавр баъзе аз одатҳои исломии мардуми мусулмони минтақаро аз миён бурд. Бо ин вуҷуд, дар замони барқарории ҳукумати шӯравӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон занон ба сар камзӯл ё ҷелак мегирифтанд, то рӯйи худро паноҳ кунанд ва куртае ҳам мепӯшиданд, ки остини дароз дошта ва таваҷҷӯҳи мардон ба сӯйи онҳоро камтар мекард.

Ҳоло, тақрибан пас аз сад сол, занон дигарбора ба ин монанд либосро ба бар мекунанд, ки тавре гуфтем, ниқоб унвон шудааст. Ин гуна ниқобҳоро феълан мешавад аз ҳар фурӯшгоҳи исломии Тоҷикистон, бозорҳои маҳаллӣ ва ё паскӯчаҳои пойтахти он харидорӣ кард. Вале пӯшидани ниқоб дар Тоҷикистон ҳамоно роиҷ нест ва ба гуфтаи Зарафо Раҳмонӣ, коршиноси умури мазҳабӣ, ин либосро духтарони ангуштшуморе, аз ҷумлаи таҳсилдидаҳои мадрасаи кишварҳои арабӣ, ба бар мегиранд: “Ин хеле кам дида мешавад. Аксари хоҳароне, ки ҳиҷоб мепӯшанд, ба мӯди туркӣ тақлид мекунанд. Яъне мӯди аврупоӣ ё мудерн. Ақаллият ҳаст, ки бо ниқоб мегарданд. Ва онҳое ҳастанд, ки дар кишварҳои арабӣ, бахусус Арабистони Саудӣ будаанд. Зеро дар он ҷо зиёд бо ниқоб мегарданд. Мардуми мо ҳам ба он ҷо мераванд ва мебинанд, ки занон бо ниқоб чӣ қадр худро озод ҳис мекунанд, ниқоб мепӯшанд. Аммо ба назари ман, мо бояд исломи нобро риоят кунем ва либосеро бо истифода аз пӯшишҳои суннатии худ бипӯшем”.

“ПӮШИДАНАШ ҲАТМӢ”

Бо ин вуҷуд, Нуриддини Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон, дар як мавъизаи худ таҳти номи “Ҳиҷоби зани мусулмон” пӯшидани ҳам ҳиҷоб, ҳам рӯсарӣ ва ҳам ниқобро барои ҳар зани мусулмон шарт донистааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳам дар Қуръон ва ҳам дар ҳадисҳои паёмбари ислом ишора рафтааст, ки бояд занон то метавонанд тани худро аз нигоҳи мардони бегона пинҳон доранд.

Вай дар ин мавъизаи худ мегӯяд, “яъне бар бадани худ либосеро бипӯшанд, ки ин либос, ин рӯймол ва ё ин камзӯл бадани онҳоро аз назар ва аз нигоҳи мардони бегона нигоҳ дорад. Парвардигор мегӯяд, чаро онҳо бояд чодар бипӯшанд? Барои он ки аз ҷониби мардҳои шаҳватпараст ва одамони беҳаё мавриди таарруз ва дастдарозӣ қарор нагиранд. Хоҳарони азиз, бубинед, парвардигор барои иффати шумо, барои нигоҳ доштани номуси шумо ва барои хотири каромати шуморо бардоштан амре ба пӯшидани чодар кард. Зеро хоҳаре, ки дар бар либоси исломӣ дошта бошад, ҳич марди авбош, ҳич ҷавони авбош ғайрате намекунад, ки ба сӯйи ӯ чашм андозад ва ё ба сӯйи ӯ даст дароз кунад”.

Эшони Нуриддин, ки яке аз мухолифони манъи ҳузури ҳиҷобдорон ва эҷоди маҳдудият барои таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои кишвар буд, дар як мавъизаи дигараш иқдоми масъулини мақомоти кишварро бо хашм қабул мекунад. Вай пӯшидани рӯсариро барои зани мусулмон ҳамчунон, ки пӯшидани курта барои пинҳон кардани бадан зарур аст, муҳим мешуморад: “Тавре ки шармгоҳро пӯшидан фарз аст, пӯшидани мӯйи сар ҳам фарз аст. Охир, чаро аввалиро риоя кунему дуввумиро не?”

Баъзе аз рӯҳониёни Тоҷикистон низ аз ин мавқеи Эшони Нуриддин дар баробари пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва ниқоб дифоъ карда ва ин нуктаро борҳо дар мавъизаҳояшон баён доштаанд.

ҶУЗЪИ ЭЪТИҚОД

Ҳатто ахиран дар дӯконҳои китобфурӯшии Тоҷикистон китобҳое ба фурӯш гузошта шудаанд, ки аз фарзу ҳатмӣ будани рӯсариҳо ба занони мусулмон баҳс мекунанд. Яке аз ин китоб “Ҳиҷоб чаро” унвон дорад, ки дар он фармудаҳои офаридгор ва паёмбараш дар мавриди пӯшидани ҳиҷоб ва ё ба қавле пӯшишҳои исломӣ ташреҳ шудаанд. Ба навиштаи ин китоб Худованд дар сураи Аъроф фармудааст, ки “…либоси тақво беҳтарин либос аст”.

Руқия Нурӣ, духтари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам дар як сӯҳбат ба инҷониб гуфт, духтарону заноне, ки либоси исломӣ, бавижа ниқоб, мепӯшанд, нияти ғайришаръӣ надоранд ва онро ҷузъе аз эътиқодоти динии худ медонанду тамом. Вай гуфт, “улгуи занони мусулмон - ҳазрати Фотима ҳамеша бо чодар ва ба истилоҳи имрӯза бо ниқоб мегаштанд. Ин ниқоби эшон аз рӯйи истифодаи ғайришаръӣ набуд. Ниқоби эшон ба хотири тақвои эшон буд. Ва чанд нафаре ҳам, ки имрӯз ниқоб мепӯшанду ман ба онҳо вохӯрдам, инҳо низ тақвои худро анҷом медиҳанд ва надидаам, ки аз ниқоб истифодаи ғайришаръӣ дошта бошанд”.

МАСЪАЛАИ НАЧАНДОН МУҲИМ

Аммо Марям Давлатова, раиси созмони сиёсатҳои гендерӣ ва фаъоли ҳуқуқи занон дар Душанбе, пӯшидани либоси исломиро барои баёни эҳтиром ба дин ва фароизи он чандон муҳим намеҳисобад. Ба гуфтаи вай, либоси исломӣ намуди зоҳирии занони мусулмон хоҳад буд, дар ҳоле ки дар баробари ин фароизи беҳтару авлотаре ҳам вуҷуд доранд.

Хонум Давлатова аз пӯшишҳои исломӣ ба унвони ҷузъитарин фароизи дини мубини Ислом ном мебарад ва мегӯяд, бояд занҳои мусулмон ба ҷойи талош барои пӯшидани либосҳои исломӣ, ки як навъ тақлид ба либосҳои арабию эрониву туркӣ аст, одобу ахлоқи худро накӯ кунанд ва бештар илм омӯзанд, ки ба гуфтаи ӯ савоби бештаре доштааст: “Агар мо худро дар риояи фароизи дини ислом устувор нишон доданӣ бошем, бояд барои ҳамаи фароиз яксон нигоҳ кунем. Дар Қуръони маҷид фарзҳои бисёре таъкид шудаанд, вале мардуми мо ба ҷузъитарини онҳо хӯрдагирона часпидаанд ва фарзҳои муҳими дигарро фаромӯш кардаанд. Масалан, омӯхтани илм, дарёфти рисқу рӯзӣ. Ман ҳам мусулмонам ва муқаддамтарин чиз, фикр мекунам, агар ният соф бошаду инсон дар дили худ нисбати парвардигор робитаи ҳамешагӣ пайдо кунад, ин либосҳо метавонанд бошанд ё ки набошанд. Дар Қуръони маҷид ҳам гуфта шудааст, ки Худованд менигарад ба дили кас, ба нияти кас, наменигарад ба кори кас ва кирдори кас”.

ОЗОДИИ АМАЛ Ё…?


Бо ин вуҷуд, дар хиёбонҳои Душанбе теъдоди ҳарчи бештари занон ва духтарони навҷавонро дидан мумкин аст, ки бо ҳиҷоб ва ниқоб сураташонро пӯшонидаанд. Онҳо ин амалро барои худ шараф ва ифтихори исломӣ медонанд, ҳарчанд ки муносиботи атрофиён бо онҳо саҳлу содда набудааст. Ин гурӯҳи занҳои ниқобпӯш мегӯянд, дар кӯчахиёбонҳо ё онҳоро мавриди хандахариш қарор медиҳанд ва ё бо ангушти ишора “террорист” ё “ваҳҳобист” меноманд.

Аммо гурӯҳи занони ниқобпӯш мегӯянд, ки мурод аз чодар ва ё ниқоб либосест, ки тамоми баданро мепӯшонад. Ва ба таъкиди онҳо, бояд ин либос аз матоъ ва ё рахте омода шавад, ки тунук набошад. Зеро бо ҳиҷоби тунук ҳадафи аз бар кардани сатр, ба гуфтаи онҳо, ҳосил намегардад. Ҳамчунин, ниқобу ҳиҷоб набояд зебову рангоранг бошад ва баръакс он бояд васеъ ва боз дӯхта шавад. Ин гурӯҳи занону духтарон мегӯянд, ниқобу ҳиҷоб ва рӯсарӣ ба онҳо озодии амал медиҳад ва водоштани онҳо ба тарки он нақзи ҳуқуқи шаҳрвандию инсонии онҳост. Бисёриҳо низ ба ин мувофиқанд, вале тасмимҳои пайдарпайи мақомоти расмии кишвар баёнгари ин аст, ки давлати Тоҷикистон феълан бо онҳо ва хоҳишҳои онҳо ё мувофиқ буда наметавонад ва ё мувофиқ будан намехоҳад…