Дар ҳоле, ки соли 2010 дар Тоҷикистон Соли маориф ва илму техника эълон шудааст, муҳассилин ва устодони баъзе аз донишгоҳҳои кишвар аз норасоии фанновариҳои муосир барои дарсҳои таҷрибавӣ шикоят мекунанд.
Нусратулло Раҳматов, як муҳассили риштаи физика дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегуяд, дар тӯли чор соли таҳсил онҳо боре ҳам бо истифода аз технологияҳои муосир машғулиятҳои назариявиро таҷриба накардаанд. Вай меафзояд, дар донишгоҳи мазкур дастгоҳҳову таҷҳизот барои дарсҳои амалӣ сохти замони шӯравӣ буда, аксаран фарсуда шудаанд.
Нусратулло мегӯяд, «дар баъзе кабинетҳо ғайр аз волтметру амперметр дигар чиз ба чашм намерасад. Ҳатто телескопу микроскоп, ки барои дарсҳои амалӣ хеле зарур аст, вуҷуд надорад».
Аммо бо ин вуҷуд Нусратулло аз идомаи кори таҳқиқоту омӯзиш даст кашиданӣ нест ва ба оянда боумед менигарад.
Тӯроб Хуҷаев, як омӯзгори риштаи физика, мегӯяд, таълими улуми дақиқ, бахусус физика дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон мушкил мешавад. Вай меафзояд, дар аксарияти мактабҳо фанни физика асосан бо китоб дарс дода мешавад. Набуди маҷаллаҳои вижаи илмӣ ба забони тоҷикӣ мушкилро печидатар мекунад.
Ба нақли оқои Хуҷаев, дар даврони Шӯравӣ ҳама мактабҳо бо лабораторияҳои физикӣ таъмин буданд ва барои навсозии таҷҳизот мағозаҳои махсус амал мекардаанд. Вале ҳоло кабинетҳои физика ва кимиё хеле фарсуда шудаанд.
Дар соли таҳсили 2009-2010 қисме аз факултаҳои донишгоҳҳои кишвар ба низоми кредитии таҳсил гузаштаанд, вале набуди озмоишгоҳҳои замонавӣ ва фарсудагии таҷҳизотҳои аёнӣ сахт эҳсос мешавад.
Зайниддин Зунунхӯҷаев, як масъули идораи маориф дар ҳукумати Суғд, эътироф мекунад, ки таъмини синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ маблағи зиёдро тақозо мекунад ва ҳоло сохторҳои маориф чунин имкониятро надорад. Вай афзуд, ҳоло масъулин бештар аз ҳама бо фикри аз шароити хонаҳои шахсиву вагонҳо берун баровардани мактабҳо машғуланд.
Мирзоолими Мирзораҳим, як коршиноси масоили ҷавонон дар Суғд, мегӯяд, таъмин кардани синфхонаҳои лабараторӣ маблағи бештарро тақозо мекунад, ки феълан Тоҷикистон чунин имкониятро надорад.
Ба гуфтаи ӯ, «бо эълони ин як сол наметавон аз технологияи муосир кор гирифт, зеро феълан шароити вуруди технологияи муосир дар кишвар имкон надорад. Аз ҳамин лиҳоз таъмини кабинетҳои фаннии мактабу донишгоҳҳои кишвар ба тӯл хоҳад кашид».
Оқои Мирзораҳим мегӯяд, то кунун барномаи компутеркунонӣ дар кишвар 75 дар сад иҷро шудааст ва он ҳам бо иллати набуди нерӯи барқ дар мавсими сармо ва кам будани шумори компютерҳо наметавонад талаботи ҳама шогирдони мактабро бароварда созад.
Илова ба ин, бо гузашти қариб 20 рӯз аз шурӯи соли фарҳанги техникӣ, ҳанӯз мақомот мушаххас гуфта наметавонанд, ки барномаи вижаи кории онҳо дар ин сол аз чӣ иборат хоҳад буд.
Вале аз сӯи дигар, мегӯянд онҳое, ки ба оянда бо чашми нек менигаранд, бахшидани як сол ба масоили маорифу навсозӣ кардани ин ришта худ як қадами тоза дар самти ислоҳи вазъ аст.