Дар ҳоле ки дар соли 2009-ум 680 тобути муҳоҷирон ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, дар 51 тобут муҳоҷирзанони тоҷик ба ватан баргаштаанд. Тибқи аснод, ин муҳоҷирон бо сабабҳои гуногун даргузаштаанд.
Зани 34-сола, Ҳафизамо Солиева, шаш моҳ пеш аз Русия ба ватан баргашт. Вай мегӯяд, занони тоҷик дар муҳоҷират ба кӯчарӯбӣ, фаррошӣ ва ошпазӣ машғуланд. Солиева тасдиқ мекунад, ки надонистани забони русӣ низ яке аз мушкилиҳои умдаи муҳоҷирон аст.
«Ҷойе ки мо кор мекардем, занҳои танҳо ҳам буданд, бо шавҳарошон ҳам. Асосан корҳои соҳибкорӣ, пухтупаз мекарданд».
Ойниҳол Бобоназарова роҳбари ташкилоти «Переспектива +» ки соли 2009 чанд дафъа ба Русия сафар кардаву аз вазъи муҳоҷирон ва ба вижа занони муҳоҷир хуб огаҳ аст, мегӯяд, дар баробари надонистани забон шумори зиёди занон касби муносибе ҳам надоранд.
Вай меафзояд, "занон ҳарчанд дар муҳоҷират мушкилот ҳам дошта бошанд, барои ҳалли мушкилоташон иродаи ҷуръат кардан надоранд. Зеро ҳарос доранд. Мардон агар барои мушкилоташон ба сафорат муроҷиат кунанд, занон ин ҷуръатро надоранд."
Рӯзи ҷумъа зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Точикистон, изҳори нигаронӣ кард, ки дар ин кишвар корҳои вазнини ҷисмонӣ ба ваҷҳи умум бар дӯши занон вогузор шудааст. Ӯ ба роҳбарони сохторҳои буҷавӣ дастур дод, ки аз ин ба баъд теъдоди кормандони худро аз сафи занон зиёд кунанд.
Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, муҳоҷирати кории занон ва бахусус вақте онҳо бо корҳои вазнин машғул ҳастанд, пайомади хуб надорад.
Сӯҳроб Шарифов, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур мегӯяд, ки Русия бояд дар ҳифз ва таъмини амнияти муҳоҷирони кории тоҷик масъулиятшинос бошад. Зеро Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ муаррифӣ шудаанд ва бояд, Русия шарик будани худро нишон диҳад. Ба гуфти оқои Шарифов агар фавти муҳоҷирон натиҷаи зӯроварӣ бошад, давлати Тоҷикистон ҳақ дорад, ки эътироз ва аз шаҳрвандони хеш пуштибонӣ кунад.
Зимнан, дар соли 2009 парлумони Тоҷикистон аз буҷаи давлат барои овардани тобути муҳоҷирон 140 ҳазор сомонӣ тахсис дода буд.