Радди хабари боздошти сокини Тоҷикистон

Маҳалли қатли журналист Алишер Соҳибов дар шаҳри Уши Қирғизистон.

Идораи корҳои дохилии вилояти Суғд хабари боздошти як сокини Хуҷанд, ба гумони куштори Алишер Соипов, хабарнигори қирғизро рад кард. Фирӯз Боқӣ, сухангӯи идораи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабар воқеият надорад.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар дод, ки бо талошҳои муштараки кормандони он ва ниҳодҳои ҳизфи қонуни Тоҷикистон дар вилояти Суғд яке дигар аз гумонбаршудагони қатли журналист Алишер Соҳибов боздоошт шудааст.

Дар ҳоле ки ба навиштаҳои расонаҳои мазкур, миёни мақомоти интизомии Қирғизистону Тоҷикистон барои боздошти ин нафар ҳамкории зич роҳандозӣ шуда буд . Рауф Юсупов – сардори идораи корҳои дохилии Суғд моҳи октябри соли гузаштаи 2009 дар ин маврид гуфта буд, ки воқеан ҳамкории доимӣ ба ҳамтоёни қирғизашон вуҷуд дорад, вале дар бораи боздошти гумонбар ба қатли хабарнигори қирғиз тақозо нашудаст ва ҳам дар мавриди то кадом андоза дуруст будани гурӯҳҳои фавриву тафтишотии ҳар ду ҷониб далелҳо пешниҳод нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки вазорати дохилии Қирғизистон дар саҳифаи расмии худ мегӯяд, Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мақомоти Қирғизистон хабар додааст, ки рӯзи 14-уми январи соли 2010 гумонбаршудаи мавриди пайгард Фаррух Шораҳматуллоев боздошт шудааст.

Тарафи Қирғизистон мегӯяд, ин боздошт дар заминаи мансубияти як туфангча ба сокини шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон, Фаррух Шораҳматуллоев сурат гирифтааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Алишер Соҳибов, хабарнигори мустақили ӯзбактабори Қирғизистон 24-уми октябри соли 2007 бо истифода аз ҳамин туфангча кушта шудааст.

Раиси дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Қирғизистон Бахт Сайидов, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти ин гумонбар дар пайи як амалиёти муштараки вазоратҳои умури дохилаи Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом ёфтааст.

Вай афзуд: “Иттиҳомоти марбут ба Шоҳраҳматуллоев дар чаҳорчӯби як парвандаи ҷудогонаи ҷиноятӣ таҳқиқ мешавад. Дар баробари ҷустуҷӯи Шоҳраҳматуллоев дар хоки Қирғизистон мо инчунин амалиёти бозҷӯии ӯро дар Тоҷикистон ҳам ба роҳ мондем. Тамоми ин муддат, яъне як соли охир, ҳамкорони мо бо ҳамтоёни тоҷикашон ҳамкории наздик ба роҳ монданд ва натиҷааш ин шуд, ки рӯзи 14 январ аз шӯъбаи умури дохилаи вилояти Суғд ба мо маълумоте дастрас шуд, ки ӯ “бо гумони даст доштан дар ҷинояти вазнин, яъне куштори Соҳибов” боздошт шудааст. "

Бахт Сайидов афзуд, ки ҳоло вазорати умури дохила ва додситонии кулли Қирғизистон талош доранд Шоҳраҳматуллоевро аз Тоҷикистон ба хотири идомаи таҳқиқот ва ҷалби ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ба Бишкек истирдод кунанд.

Аммо хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз мақомоти интизомии Тоҷикистон, боздош шудани гумонбари қатли Соҳибовро дар Тоҷикистон рад кардааст. Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, боздошти шахсе бо номи Шораҳматуллоев дар ҳисоботи мақомоти интизомӣ қайд нашудааст.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ дар шаҳри Хуҷанд масъулони раёсати умури дохилӣ гуфтанд, ки дар миёни афроди боздоштшуда исми Шоҳраҳматуллоев аслан зикр намешавад. Дар ҳоле, ки мақомоти Қирғизистон ӯро чун “сокини шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёд мекунанд, мушаххас нест, ки оё ин гумонбар шаҳрванди кадом кишвар аст.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, моҳи феврали соли 2009 ҳангоми тафтиши мошини Абдуфарит Расулов дар баромадгоҳи деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз бордони он туфангчаи ПМ (Пистолет Макарова) ёфт шуд, шумораҳои махсуси он маҳв карда шудаанд.

Дар натиҷаи озмоиши баллистикӣ, ки Маркази таҳқиқи ҷиноии Қирғизистон гузаронд, маълум шуд, журналист Алишер Соҳибов 24аз ҳамин туфангча ҳадаф қарор гирифтааст.

Айбдоршаванда Абдуфарит Расулов баёнот дод, ки ин туфангчаро дар моҳи декабри соли 2008 аз сокини шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон, Фаррух Шораҳматуллоев гирифтааст. Ва акнун иттилоъ мерасад, ки Шораҳматуллоев бо дархости мақомоти умури дохилии Қирғизистон аз тарафи хадамоти интизомии вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт шудааст ва масъалаи истирдоди ӯ ба Қирғизистон матраҳ мешавад.

Охири соли гузашта Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон марказаш дар Нию Йорк аз мақомоти Қирғизистон тақозо кард, ки расидагиҳои анҷомдода роҷеъ ба куштори Алишер Соҳибовро дар дастрасии ҷомеъа қарор диҳанд. Соҳибов 26 сол дошт ва сардабири рӯзномаи ӯзбекзабони "Сиёсат" буд. Қабл аз ин барои радиои Озодӣ ва Садои Амрико гузоришҳо таҳия мекард. Вай 24-уми октябри соли 2007 дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо зарби се тири туфангча кушта шуд.