Оё таҷрибаҳои табдили гурда ноком будаанд?

Фавти ду бемор, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе гурдаи онҳо табдил карда шуд, дар байни мутахассисони тиб баҳсҳои марбут ба вижагиҳои табобат ва густариши озмоишҳоро ба миён овардааст.
Ду моҳ пеш барои нахустин бор дар Тоҷикистон амалиёти трансплантатсия ё пайванду табдили гурда аз сӯйи ҷарроҳони тоҷик гузаронида шуд ва се бемор соҳиби гурдаҳои нав шуда буданд.
Пизишкон вижагиҳои табобат, таъсир ба ҷисми инсон ва пайомадҳои эҳтимолии ҳар таҷрибаи навро дар шароити Тоҷикистон пеш аз пеш пажӯҳиш намекунанд...

Дар аввал пизишкон ва мақомоти вазорати беҳдошт анҷоми ин амалиёти ҷарроҳиро нодир ва беназир номиданд. Аммо ҳоло фавти ду нафар аз се бемор саволҳои зиёде дар робита ба зарурат ва бехатарии анҷоми чунин амалиёти мушкил дар беморхонаҳои Тоҷикистон дар ояндаро ба миён овардааст.

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, дар реҳлати афроди бемор пизишкон айбдор нестанд, чун дардмандон пас аз як моҳи аз бемористон рухсат шудан, ба сабаби риоят накардани дастури пизишкони худ, фавтидаанд.

Ҷаноби Раҳмонов афзуд: “Тамоми хароҷоти анҷоми амалиёти трансплантатсияи гурдаи ҳарсе беморро вазорати беҳдошт ба ӯҳда дошт. Вазорат имконият надорад, ки ҳамчунин харидории дорувори лозимро, ки бояд пас аз ҷарроҳӣ беморон истеъмол кунанд, надорад. Аммо афроди бемор ҳам худ ин доруворро дастрас накардаанд. Ҳамчунин давраи гузаронидани ин ҷарроҳиҳо ба давраи хурӯҷи зукоми мавсимӣ рост омад. Ин ҳам як сабаб буда метавонад. Ғайр аз ин бояд пас аз ҷарроҳӣ шароити мусоиди нигоҳубини бемор дар хонаҳояшон низ вуҷуд дошта бошад…”

Аммо муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, феълан вазъи сиҳҳатии нафари саввум, ки табдили гурда кардааст, мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Холиқ, коршиноси масоили тиб, мегӯяд, бо ин иддао, ки пизишкон дар фавти ду бемори гурда муқассир шумурда намешаванд, чандон мувофиқ нест. Ба гуфтаи ҷаноби Холиқ, ҳанӯз дар Тоҷикистон тибби озмоишӣ ба ҳадди лозим роиҷ нашудааст.

Коршинос ба аз ҷониби пизишкони тоҷик озмуда шудани трансплантатсияи гурда дар ҷонварон, онгуна ки дар озмоишгоҳҳои хориҷӣ таҷриба мекунанд, шубҳа дорад.

“Пизишкон танҳо он чӣ ки дар клиникаҳои хориҷӣ меомӯзанд, дар Тоҷикистон, якбора дар бадани беморон таҷриба мекунанд, аммо вижагиҳои табобат, таъсир ба ҷисми инсон ва пайомадҳои эҳтимолии ҳар таҷрибаи навро дар шароити Тоҷикистон пеш аз пеш пажӯҳиш намекунанд”,
- мегӯяд ӯ.

Коршинос Муҳаммад Холиқ афзуд, дақиқан муайян намудани иллати марги бемороне, ки табдили гурда кардаанд, танҳо як роҳ дорад:

“Биопсия. Яъне кушодани ҷасаби бемори фавтида. Бояд гурдаи трансплантатсияшуда ташхис шавад, ки то куҷо вай ба бадани инсон адаптатсия шудааст, оё ҳанӯз ҳангоми барҳаёт буданаш, ба забони оддӣ гӯем, напӯсидааст. Ин барои илм, барои тасмим гирифтан ба идомаи таҷрибаи чунин амалиётҳо бисёр зарур аст. Лекин дар шароити Тоҷикистон, бо назардошти ин ки ғолибан, хешовандони нафари фавтида ба кушодани ҷисми ӯ розӣ намешаванд, ин кор ғайриимкон аст. Ва агар духтур иштибоҳе ҳам содир карда бошад, дигар касе аз ин огоҳ намешавад…”

Бо ин вуҷуд мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, идомаи таҷрибаи анҷом додани амалиёти табдили гурда дар Тоҷикистон ногузир аст, чун ҳар сол дар ин кишвар наздик ба 50 нафар ба табдили гурда эҳтиёҷи шадид доштаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, барои анҷоми як чунин амалиёт дар Тоҷикистон каму беш чор ҳазор доллари амрикоӣ бояд масраф шавад, сарфи назар аз ин ки бемор ҳамчунин бояд дорувори гароннархро низ пас аз ҷарроҳӣ харидорӣ кунад.

Аммо дар бемористонҳои хориҷ аз кишвар як чунин амали табдили гурда бо сарфи ҳудудан 100 ҳазор доллар имконпазир будааст.

Сарфи назар аз фавти ду бемор, ки гурда табдил кардаанд, шумори беморони алоқаманд ба анҷоми ин ҷарроҳӣ коҳиш наёфтааст. Ҳамин ҳоло 25 нафар барои анҷоми амали трансплантатсияи гурда дар онҳо навбати худро интизоранд.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз аввалин таҷрибаҳои табдили гурда гузорши видеоӣ нашр карда буд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

таъвизи гурда