Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия натанҳо ба кӯчарӯбиву бинокорӣ машғуланд, балки ҳунари рассомии худро низ ба намоиш гузошта, пул кор мекунанд.
Ҳамин ахиран дар шаҳри Санкт-Петербург намоишгоҳи “Петербург-2009” баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи “Tajiks-art” муаррифӣ шуд. Руслан ва Эдик (номҳои русишуда) – ду шаҳрванди Тоҷикистон 12 асари рассомии худро дар ин намоишгоҳ ба маърази тамошо гузоштанд. Ин ду нафар асарҳои маъруфтарин рассомони ҷаҳонро нусхабардорӣ мекардаанд. Ва ба ҳадде ин кор боҳунарона анҷом мешудааст, ки асарҳои офаридаи рассомони тоҷикро ҳамтоёни русашон “шоҳкор” номидаанд.
Дар толори алоҳидаи намоишгоҳи “Петербург-2009”, ки он ҷо лоиҳаи “Tajiks-art” муаррифӣ мешавад, асарҳои классикӣ, бо имзои рассомони маъруф Марк Ротко, Ҷексон Поллок, Сай Твомбли, Луччи Фонтан, Баскиа, Ҳерринг бо қимати бисёр арзон ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо ин асарҳои аслӣ нестанд. Онҳоро мардикорони тоҷик офаридаанд.
Кирилл Шаманов, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Tajiks-art”, мегӯяд, номи аслии Руслан ва Эдикро намедонад, ин ду ҷавон ҳатто телефонҳои тамос надоштаанд. Вале оқои Шаманов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ду ҷавони 20 ва 24-солаи тоҷикро дар корхонаи шаробпазии Маскав пайдо намудааст. Аммо ихтисоси Руслан ва Эдик рассомӣ набуда, балки шуғли асосии онҳо мисли даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории дигар бинокорӣ ва таъмири хонаҳо будааст.
Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Tajiks-art” афзуд, асарҳои нусхабардоришудаи рассомони саршиносро ин ду ҷавони тоҷик дар чанд моҳи пеш дар Маскав офаридаанд.
Кирилл Шаманов копикунии нигораҳои классикиро ба муҳоҷирон бесабаб пешниҳод накардааст: ин санъати муосир аст ва аҷобаташ дар он аст, ки асарҳо на бо мӯқалами касбии рассомон, балки бо ғелаки рангмолӣ - асбоби кории бинокорон офарида шудаанд.
Кирилл мегӯяд: “Руслан ва Эдик барои чаҳор соати корашон ҳазор рубли русӣ дастмузд мегирифтанд. Ба ҳисоби миёна ин маблағро муҳоҷирони корӣ дар як ҳафта дарёфт мекунанд. Вале коре, ки онҳо барои мо анҷом медиҳанд, сода аст, кори сахту сангине мисли боркашиву кӯчарӯбӣ ё сохтмон нест. Паёми аслӣ аз таъсиси намоишгоҳи гурӯҳи “Tajiks-art” ҳам ин аст, ки ба мардум бигӯем, нақши мардикорон ҳам дар наққошии муосир на кам аз мусаввиирони шӯҳратхоҳ аст. Ҳамчун ҳунаршинос, ки хатмкардаи макотиби ҳунарии Амрико ҳастам, мутмаинан мегӯям, ки сифати кори Руслан ва Эдик аз асарҳои бисёре аз рассомони муосир поинтар нест.”
Ҳоло 12 асари “классикӣ”-и копишуда аз сӯйи Руслан ва Эдик дар намоишгоҳҳои рассомии шаҳрҳои калони Русия гардиш мехӯранд. Яке аз асарҳои муҳоҷирони тоҷик, ки нусхаи асари рассоми амрикоӣ Ҷексон Поллак аст, аллакай бар ивази 2 000 евро ба фурӯш рафтааст, дар ҳоле ки барои офариниши он ба муаллифонаш ҳамагӣ 30 доллари амрикоӣ додаанд. Аммо қимати аслии асари Поллак 25-27 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Воқеан, оригинал ё тасвирҳои аслии классикӣ, ки Руслан ва Эдик нусхаашро мекашанд, агар ба музоядаҳо ҳам бароварда шаванд, ба ивази миллионҳо ва шояд даҳҳо мллион доллар фурӯхта мешаванд.
Кирилл Шаманов, ҳамоҳангсози лоиҳа, мегӯяд, аммо аз ҳисоби фурӯши асарҳои копишуда ҳам як дарсади муайян ба муаллифонаш маблағ дода мешавад.
Оқои Шаманов афзуд, ҳоло Руслани 20-сола дар доираҳои ҳунарӣ бо асарҳои тасвирии копикардааш шинохта шудааст: “Ҳадафи асосии худи Руслан аз ҳамкорӣ бо мо ин аст, ки вай мехоҳад пул кор кунад ва дар Тоҷикистон аз ҳисоби дастмузди ҳунараш барои худ хона бихарад ва оиладор шавад. Бо мусоидати мо, вайро акнун олигархҳо, сарватмандони Русия ҳам мешиносанд, моиланд, ки асарҳояшро бихаранд. Зимнан, мо ният дорем, ки ояндаи наздик дар яке аз толорҳои бонуфузи Маскав намоишгоҳи вижаи асарҳои тасвирии Русланро ташкил кунем, то ҳунари вай бештар муаррифӣ шавад”.
Асарҳои тасвирии Руслан ва Эдикро, ки дар Манежи Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шудаанд, рассомони касбии Русия ҳам хуб арзёбӣ карданд. Дмитрий Флегонтов, рассоми рус, мегӯяд: “Бо ин вуҷуд ки ин асарҳо такрор ё нусхаи асарҳои тасвирии классикиянд, аз ҷониби ҳунармандони хуб офарида шудани он рӯшан ба назар мерасад. Яъне чандон саҳлу содда нест ҳамту кашидани чунин тасвирҳои оддӣ ҳам…”
Кирилл Шаманов, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Tajiks-art”, мегӯяд, “Tajiks-art” ном гирифтани ин пружа, таъкиди дигарест ба ҳунармандии муҳоҷирони кории тоҷик ва набояд ба унвони пастзании шаъни намояндагони ин миллат шарҳ дода шавад.
Намоиши асарҳои тасвирии гурӯҳи “Tajiks-art” дар Манежи Санкт-Петербург то 21-уми январ идома мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад