Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар арсаи илм ва ихтироъкорӣ нуфузи пештараашро аз даст медиҳад ва кишварҳои осиёӣ ҳоло ҷойи Амрикоро мегиранд.
Маҷаллаи «Сайенс» мегӯяд, на танҳо теъдоди донишҷӯёни муҳаққиқ ва ихтироъкорони Амрико камтар шудааст, балки иқтибоси пажӯҳишҳои илмии Иёлоти Муттаҳида дар хориҷа, балки содироти фанновариҳои навини он низ коҳиш ёфтааст. Маҷаллаи мӯътабари «Сайенс» дар шумораи ахири худ навиштааст, то соли 2010, яъне то ду сол паси дигар 90 дарсади олимону ихтироъкорон дар кишварҳои осиёӣ хоҳанд буд.
Дар 50 соли гузашта саҳми илму ихтироъкорӣ дар рушди иқтисоди Амрико 50 дарсадро ташкил додааст, вале акнун хатари он вуҷуд дорад, ки ин абарқудрати илмӣ дар рақобат бо абарқудратҳои нави илмӣ зӯри пештараашро аз даст медиҳад.
Маҷаллаи «Сайенс» дар нашри тозаи худ навиштааст, абарқудратҳои илмии нав ҳама дар қораи Осиё ҳастанд. Ба навиштаи «Сайенс», акнун кишварҳои осиёӣ бо суръати баланде олиму ихтироъкор халқ мекунанд. Масалан, дар соли 2002 бештар аз 50 дарсади ихтироъкорони ҷаҳон донишгоҳҳои осиёиро хатм кардаанд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин се маротиба бештар аз Амрико муҳандисони бо таҳсилоти олӣ халқ кардааст. Тайван, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон аз дигар офарандагони асосии ихтироъкорон дар ҷаҳон будаанд.
Маҷаллаи «Сайенс» мегӯяд, ҳукумати Амрико барои пажӯҳишу арсаи маориф ба тадриҷ пули камтар ҷудо мекунад, вале Чину Кореяи Ҷанубӣ баръакс маблағгузорӣ барои пажӯҳишҳои илмиро солона 10 дарсад афзоиш медиҳанд.
Аз назари нашри пажӯҳиш ва мақолаҳо доир ба ихтироъкорӣ дар маҷаллаҳои илмӣ Амрико боз аз кишварҳои осиёӣ ақиб мондааст. Аз ин ҷиҳат, дар миёни солҳои 1995 то соли 2005 дар ин самт ҳосили кори олимони Амрико танҳо 0,6 дарсад ва ҳосили кори олимони осиё 6,6 дарсад афзудааст.
Саҳми сокинони Амрико дар гирифтани патент барои ихтироъ ва ё кашфиёти илмие низ дар соли 2005 аз 55 то 53 дарсад коҳиш ёфтааст ва ба гуфтаи Бунёди миллии илм ин коҳиш аз ҳисоби дархостҳои зиёди ихтироъкорони осиёӣ сурат гирифтааст.
Аммо пешрафти Осиё дар соҳаи илму ихтироъкорӣ назар ба Амрико ба аҳолии кишварҳои минтақа вобаста низ ҳаст, ки сокинони зиёди дунё қариб дар онҳо зиндагӣ мекунанд. То поёни асри 20 Амрико аз 35 то 45 дарсади фаъолиятҳои илмии дунёро ба худ касб карда буд, аммо нигоҳ доштани ин мақом бо аҳолии нисбатан камаш барои Амрико ғайримумкин шудааст.
Аз сӯи дигар, Чину Ҳинд бо аҳолии зиёд ва сармоягузории чашмгир ба арсаи илму таҳқиқот мақоми худро дар арсаи илму фанновариҳо дар ҷаҳон болотар мебаранд. Аммо Ричард Фриман, профессори иқтисоддони Донишгоҳи Ҳарвард, соли гузашта навишта буд, бо вуҷуди он ки теъдоди ихтироъкорону олимони Амрико кам мешавад, аммо зоҳиран ҳанӯз ҳам дар дохили Иёлоти Муттаҳида камии онҳо эҳсос намешавад. Ба гуфтаи вай, агар музди кори баланд аломати камии мутахассис дар кишваре бошад, пас Амрико ба мудирони иҷроия, варзишгарони касбӣ, коргузорони ширкатҳои сармоягузорӣ ниёзманд аст, аст на ба ихтироъкорону олимон.