Сар аз 12-уми январ тахриби манзилҳои зист ва дигар биноҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, қисмати ғарбии шаҳри Душанбе оғоз шуд, то майдони бунёди Боғи фарҳангу истироҳати шаҳриён омода гардад.
Шикастани биноҳо дар ин ҷо дар ҳоле ҷараён дорад, ки шаҳрдории Душанбе аксари сокинони ин маҳалларо ба ҷои дигар кӯчонидааст, аммо бархе низ боқӣ мондаанд ва мегӯянд, ҷои рафтан надоранд.
Сайфулло Муҳиддинов, як масъули Раёсати ҳисоби хоҷагидорӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бар асоси қарори шаҳрдорӣ 33 хонавода бо манзили нави замонавӣ таъмин шуданд. Чун онҳо иҷозатнома доштанд.»
Манзур аз "иҷозатнома" дар сухани намояндаи шаҳрдорӣ ин аст, ки як қисми манзилҳои зист дар Буни Ҳисорак дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳарҷу марҷ бидуни иҷозаи расмӣ сохта шудаанд ва ё баъдан бо сабаби навоқисашон ин иҷозатномаҳо ботил эълон шудаанд.
Ба гуфтаи аҳолии маҳаллӣ, дастикам 15 хонаводаи дигар дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бо манзили нав таъмин нашудаанд. Ба таъкиди мақомот, манзили ин сокинон дар асоси қонуни афв қонунӣ карда нашудааст.
Аммо Тошбибӣ Раҳимова, сокини маҳалли Буни Ҳисорак, мегӯяд, «37 сол боз дар мактаби маҳалла муаллима ҳастам. Бо 11 нафар бо як духтари бешавҳарам ҳамроҳ бо чор фарзандаш дар ҳамин хона зиндагӣ дорам. Касали қанд ва фишор ҳастам ва як писарам низ инвалид аст. 33 хонаводаро хона доданд, лекин маро надоданд. Ба сад дар сар халондам, лекин касе ба додам нарасид. Хонаи ман низ қонунӣ шуда буд, лекин ба кӣ мегӯӣ».
Бо ин ҳама бештари сокинони маҳаллаи Буни Ҳисоракро он чи ба ташвиш овардааст, ки мақомот дар ин шабурӯзи зимистон ба тахриби манзили онҳо даст задаанд. Ин дар ҳолест, ки таъмини ҳама сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак бо манзили нав аз дастуроти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, будааст, ки зимни боздид аз ин маҳалла дар остонаи иди Наврӯзи соли 2009 эълом кардааст
Дар раванди тахриби манзили теъдоде аз сокинони ин маҳалла масъулони ҳукумати ноҳияи Сино ва шаҳри Душанбе ва намояндагони корҳои дохила ширкат доштанд. Тӯли рӯз низ маҳалли ҳодисаро кормандони пулис ва мақомоти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти назорат гирифта буданд.
Як булдозер ба хароб кардани биноҳои истиқоматӣ дар ин маҳалла машғул буд. Афзун бар ин, ба гуфтаи сокинон, се булдозер, як автомашинаи борбардор ва панҷ нақлиёти борбар низ барои тахриби манзили сокинон ва биноҳои дигари мавҷуд дар ин маҳалла мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Маълум шуд, ки дар маҷмӯъ манзили 48 хона дар ин маҳалла бояд тахриб шавад. Қарор аст, дар ин ҷо «Боғи фарҳангӣ ва фароғатии умумишаҳрии пойтахт» бунёд шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад