Душанбе ба ҳусни нияти Тошканд умедвор аст

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳори хушбинӣ кардааст, ки Узбакистон аз ин ба баъд дар тронзити колоҳо ба Тоҷикистон маҳдудият эҷод намекунад ва барои ворид шудани қаторҳои ҳомили дастгоҳу масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки аз сӯи Эрон сохта мешавад, шароит фароҳам месозад.
Дар ин авохир, даҳҳо қатори ҳомили колоҳои мухталиф дар марзи Узбакистону Тоҷикистон бозмондаанд ва Тоҷикистон аз ин ҳодиса миллионҳо сомонӣ зарар дидааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи аршади Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфт: «Ин мушкил то андозае аз сӯи Узбакистон ҳал шуд ва ҳоло 68 вагони ҳомили семент ва дастгоҳу колоҳои мухталиф, ки дар марз маътал буданд, вориди Тоҷикистон шуданд. Вазорати корҳои хориҷа умедвор аст, ки аз ин ба баъд Узбакистон ҳамчунин мушкилро барои Тоҷикистон эҷод намекунад.»

Мавзӯъи маътал мондани қаторҳо дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро дар гуфтугӯ бо дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон дар миён гузоштам. Онҳо гуфтанд, ки дар ин бора иттилоъи дақиқе дар даст надоранд ва фикр намекунанд, ки маътал шудани қаторҳо дар марз ба муносиботи сиёсии ду ҷумҳурӣ робитае дошта бошад.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, дар маътал шудани қаторҳои ҳомили сементу дастгоҳҳо
"Узбакистон аз тамоми воситаҳо истифода мекунад, то дасти Тоҷикистонро барои расидан ба истиқлоли энержӣ кӯтоҳ кунад."
робитаеро дар талоши коршикании Узбакистон дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун мебинад. Ҷаноби Муҳаммадазимов мегӯяд, Узбакистон аз тамоми воситаҳо истифода мекунад, то дасти Тоҷикистонро барои расидан ба истиқлоли энержӣ кӯтоҳ кунад. Ӯ мегӯяд, маҳдудият дар интиқоли гази табиӣ аз сӯи Узбакистон низ ба мухолифатҳои ин ҷумҳурӣ дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун рабт дорад, зеро семент як ашёи зарурӣ дар ин сохтмон аст ва аз кор мондани корхонаи Тоҷиксемент метавонад сохтмони Роғунро ба таъхир рӯбарӯ кунад.

Ба далели маҳдудияти интиқоли газ аз сӯи Узбакистон, ки дар чанд рӯзи ахир 30 дарсад коҳиш ёфтааст, корхонаи Тоҷиксемент қисман аз кор мондааст. Ин корхона 6 печи сементбарорӣ дорад, ки дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Фазила Сафарова, муовини раиси ин корхона, танҳо як печи кӯчаки он кор мекунад.

Ба гуфтаи Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, то оғози соли 2010 масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва баҳрабардорӣ аз захираи об дар Осиёи Миёна масъалаи гуфтугӯҳои дипломатӣ буд. Аммо ҳамакнун, бо оғози фурӯши саҳмияҳо, ки роҳро барои эҳдоси ин нерӯгоҳ ҳамвор мекунад, мухолифатҳои минтақавӣ шакли амалиро касб кардааст ва дар оянда бар иловаи маътал шудани қаторҳо ва маҳдудияти интиқоли газ мухолифатҳои амалии тозаеро аз сӯи Узбакистонро метавон интизор буд, мегӯяд ҷаноби Муҳаммадазимов.