Зузана Шрумова як донишҷӯи 24-солаи чех аст, ки дар соли охири донишгоҳи Карлови шаҳри Прага таҳсил мекунад. Соли оянда Зузана бо касби омӯзгорӣ донишгоҳро хатм мекунад ва ният дорад барои хонандаҳои синфҳои ибтидоӣ дарс гӯяд.
Ӯ мегӯяд, интихоби шуғл барояш аслан душвор набуд, чунки кӯдаконро дӯст медорад ва фикр мекунад, ки метавонад дар тарбияву таълими хуби атфоли кишвараш саҳмгузор бошад. Вай мегӯяд, азбаски дарси соли охири донишгоҳ хеле муҳим аст, вақти бештари ӯ ба таҳсил бахшида шудааст.
Зузана меафзояд, “маъмулан дар ҷараёни таълим ман рӯзе то 6-7 соатамро дар донишгоҳ бо хондан сарф мекунам. Чунки барномаи таҳсили мо хеле сахт ва дар айни замон муҳим аст. Вақте дар хона мемонам, чизе мутолиа мекунам. Маъмулан адабиётеро мехонам, ки бо ин ё он ҷиҳат ба машғулияти донишгоҳии ман иртибот мегирад. Ман кӯшиш мекунам, ки зиёд хонам, чунки ба касби ояндаи худ – омӯзгорӣ - ҷиддан омодагӣ мегирам. Ғайр аз ин, як-ду соат дар ҳафта дар як хор машқи овоз ҳам мекунам. Инчунин ҳафтае як-ду бор ман бо як созмони ҷамъиятӣ ба ҳайси корманди ихтиёрӣ ҳамкорӣ мекунам”.
Дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо 96 миллион ҷавонони 15 то 29-сола зиндагӣ мекунанд, ки ин шумор қариб 20 дарсади ҷамъияти кулли қаламрави Аврупоро ташкил медиҳад. Ахиран муҳаққиқони аврупоӣ ҳисоб кардаанд, ки дар маҷмӯъ ҷавонҳои ин қора дар бунёди оила шитоб намекунанд ва духтарҳо пештар аз писарҳо аз хонаи волидони худ берун шуда зиндагии мустақилонаро пеш мебаранд.
Ҳамсӯҳбати мо Зузанаи чех ҳам ҳамингуна дар 19-солагӣ хонаи модарашро тарк карда, инак панҷ сол мешавад ҳамроҳи дӯстдоштааш зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, умед дорад баъди як-ду соли дигар издивоҷ карда соҳиби фарзанд мешавад. Зузана бар ин аст, ки зиндагии мустақилона барояш кӯмаки зиёд карда ҳатто дар эҷоди равобити беҳтар бо модараш мусоидат кардааст.
Тибқи таҳқиқот, писарҳо дар Аврупо баръакс дар синни дертар хонаи волидонро тарк карда талош мекунанд зиндагии мустақилонаро бидуни кӯмаки моливу иқтисодии волидон шурӯъ кунанд. 44 дарсади ҷавонҳои аврупоӣ дар як пурсиш гуфтаанд, ки мушкилоти молӣ онҳоро аз зиндагии мустақилона бозмедорад, чунки онҳо пардохти пули иҷораи хона ва таъмини ғизову дигар шароити маиширо барои худ душвор арзёбӣ мекунанд.
Зузана мегӯяд, ки дарк мекунад, ки ба хотири зиндагии мустақилонаву тамаркузи бештараш ба таҳсил аз тамос бо дӯстонаш андак дур шудааст.
Вай меафзояд, “гоҳо ман эҳсос мекунам, ки аз мардум ва ё дӯстони деринаам дар инзово мондаам. Дар ин сурат ман бо онҳо тавассути интернет муошират мекунам, вале барои диду боздидҳои зиёд фурсат намеёбам. Ин он чизест, ки мехоҳам баъди хатми донишгоҳ дар зиндагии худ дигар кунам. Ҳоло ҳамаи ин ба хотири таҳсилам аст. Ҳарчанд дар фурсати боқимонда варзиш накунам ҳам, кӯшиш мекунам бештар пиёда гашта дар зимистон лижаронӣ кунам. Барои ман зиндагӣ дар Ҷумҳурии Чех хуш меояд, албатта гоҳо ҳис мекунӣ, ки дилат мехоҳад чизи бештар аз ин дошта бошӣ, вале куллан ман аз зиндагӣ дар кишварам розӣ ҳастам”.
Зузана мегӯяд, касби омӯзгории вай ҳамеша дар ҷомеа лозим хоҳад буд ва аз ин рӯ, ӯ наметарсад, ки фардо метавонад бекор монад. Аслан бекорӣ барои ҷавонҳои аврупоӣ яке аз чолишҳои ҷиддӣ ҳисоб мешавад, ҳамаи онҳо ҳадди аққал як бор дар ин бора андеша мекунанд, ки фардо дар сурати бекор монданашон зиндагиро чӣ гуна пеш хоҳанд бурд.
Бахусус ин масъала ҷавонҳоеро ташвиш медиҳад, ки маълумоти олӣ надоранд. Ингуна ҷавонҳо 15 дарсади ҷомеаи Аврупоро ташкил медиҳанд. Ҳоло ҳар бекори панҷумро дар Аврупо ҷавонон ташкил медиҳанд.
Аксар ҷавонҳои аврупоӣ ба ҳаёти сиёсии кишвар ва минтақае, ки зиндагӣ мекунанд, чандон таваҷҷӯҳи зиёд надоштаанд. Агар ба ҳисоби миёна нисфи ҷавонҳо дар соатҳои холии вақти худ мулоқот бо дӯстон ва варзишро бартарӣ диҳанд, танҳо 4 % гуфтаанд, ки майл ба фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ доранд.
Дар айни замон, мисли Зузанаи ҳамсӯҳбати мо, ин ҷавонҳо кӯшиш мекунанд дар интихоботҳо иштирок карда мехоҳанд тамоюлҳои асосии сиёсиро дар кишвари худ ва минтақа бидонанд.
Ҷавонони ин қора (Аврупо) дар бунёди оила шитоб намекунанд ва духтарҳо пештар аз писарҳо аз хонаи волидони худ берун шуда, зиндагии мустақилонаро пеш мебаранд ...
Дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо 96 миллион ҷавонони 15 то 29-сола зиндагӣ мекунанд, ки ин шумор қариб 20 дарсади ҷамъияти кулли қаламрави Аврупоро ташкил медиҳад. Ахиран муҳаққиқони аврупоӣ ҳисоб кардаанд, ки дар маҷмӯъ ҷавонҳои ин қора дар бунёди оила шитоб намекунанд ва духтарҳо пештар аз писарҳо аз хонаи волидони худ берун шуда зиндагии мустақилонаро пеш мебаранд.
Ҳамсӯҳбати мо Зузанаи чех ҳам ҳамингуна дар 19-солагӣ хонаи модарашро тарк карда, инак панҷ сол мешавад ҳамроҳи дӯстдоштааш зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, умед дорад баъди як-ду соли дигар издивоҷ карда соҳиби фарзанд мешавад. Зузана бар ин аст, ки зиндагии мустақилона барояш кӯмаки зиёд карда ҳатто дар эҷоди равобити беҳтар бо модараш мусоидат кардааст.
Тибқи таҳқиқот, писарҳо дар Аврупо баръакс дар синни дертар хонаи волидонро тарк карда талош мекунанд зиндагии мустақилонаро бидуни кӯмаки моливу иқтисодии волидон шурӯъ кунанд. 44 дарсади ҷавонҳои аврупоӣ дар як пурсиш гуфтаанд, ки мушкилоти молӣ онҳоро аз зиндагии мустақилона бозмедорад, чунки онҳо пардохти пули иҷораи хона ва таъмини ғизову дигар шароити маиширо барои худ душвор арзёбӣ мекунанд.
Зузана мегӯяд, ки дарк мекунад, ки ба хотири зиндагии мустақилонаву тамаркузи бештараш ба таҳсил аз тамос бо дӯстонаш андак дур шудааст.
Вай меафзояд, “гоҳо ман эҳсос мекунам, ки аз мардум ва ё дӯстони деринаам дар инзово мондаам. Дар ин сурат ман бо онҳо тавассути интернет муошират мекунам, вале барои диду боздидҳои зиёд фурсат намеёбам. Ин он чизест, ки мехоҳам баъди хатми донишгоҳ дар зиндагии худ дигар кунам. Ҳоло ҳамаи ин ба хотири таҳсилам аст. Ҳарчанд дар фурсати боқимонда варзиш накунам ҳам, кӯшиш мекунам бештар пиёда гашта дар зимистон лижаронӣ кунам. Барои ман зиндагӣ дар Ҷумҳурии Чех хуш меояд, албатта гоҳо ҳис мекунӣ, ки дилат мехоҳад чизи бештар аз ин дошта бошӣ, вале куллан ман аз зиндагӣ дар кишварам розӣ ҳастам”.
Зузана мегӯяд, касби омӯзгории вай ҳамеша дар ҷомеа лозим хоҳад буд ва аз ин рӯ, ӯ наметарсад, ки фардо метавонад бекор монад. Аслан бекорӣ барои ҷавонҳои аврупоӣ яке аз чолишҳои ҷиддӣ ҳисоб мешавад, ҳамаи онҳо ҳадди аққал як бор дар ин бора андеша мекунанд, ки фардо дар сурати бекор монданашон зиндагиро чӣ гуна пеш хоҳанд бурд.
Агар ба ҳисоби миёна нисфи ҷавонон дар соатҳои холии вақти худ ба мулоқот бо дӯстон ва варзиш бартарӣ диҳанд, танҳо 4% гуфтаанд, ки майл ба фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ доранд ...