Мурофиаи пайравони ҷараёни Салафия оғоз шуд

Мурофиаи 7 узви созмони Салафия дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Дар садри ин рӯйхат яке аз чеҳраҳои маъруфи ин равия Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин, қарор дорад.
Аз пайи ӯ дар рӯйхат номҳои писараш Абдураҳмонов Киромиддин, Абдураҳмон Абдураҳимов, Маҳмадраҷаб Наврӯзов, Музаффар Файзуллоев, Шомиддин Саидов ва Икромиддин Юсупов меояд.

Асосан онҳоро барои он айбдор мекунанд, ки ҳаракатҳои онҳо, масалан, баланд гуфтани "омин", кушод нигоҳ доштани пойҳо ҳангоми намоз, баъд аз хатми намоз бо овози баланд "омин" гуфтан, гӯё ангехтани фитнаи динӣ бошад ...
Марҳабо Турдиматова, додраси ин парванда, ба ҳангоми ошно кардани муттаҳамин бо айбномаи Додситонии кулл гуфт, ҳамаи 7 нафар аз рӯйи моддаи 189, қисми дуввуми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ба барангехтани адовати диниву нажодӣ рабт дорад, муттаҳам мешаванд.

Хонум Турдиматова аз тафсилоти бештар худдорӣ кард, аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи яке аз муттаҳамин мегӯяд, айбномаи додситонӣ бидуни далелҳои мӯътамад омода шудааст.

Вай афзуд, «асосан онҳоро барои он айбдор мекунанд, ки ҳаракатҳои онҳо, масалан, баланд гуфтани «омин», кушод нигоҳ доштани пойҳо ҳангоми намоз, баъд аз хатми намоз бо овози баланд «омин» гуфтан, гӯё ангехтани фитнаи динӣ бошад. Ин мутлақан нодуруст аст. Зеро ин баҳси илмӣ аст, на далели ҷиноят».

Оқои Ёров гуфт, аксари иттиҳомоте, ки ба пайравони Салафия эълом шудааст, ба пеш аз моҳи январи соли 2009 рабт доранд, он замоне, ки ҷараёни Салафия расман аз сӯйи Додгоҳи Олӣ манъ шуд.

Александрина Бурмистрова, ҳамсари Маҳмадраҷаб Наврӯзов, яке аз муттаҳамин мегӯяд, тамоми қонунҳои марбут ба дин ва озодии инсон дар Тоҷикистонро омӯхта, то ҳанӯз нафаҳмидааст, ки шавҳари ӯ чӣ ҷурм дорад.

Вай меафзояд, «онҳо ӯро ба он чӣ муттаҳам мекунанд, ки исбот карда наметавонанд. Диску китобу дигар чизҳояшро тафтиш карданд, аммо собит карда натавонистанд, ки ӯ салафист. Ӯ узви ягон созмони террористӣ набуд. Кори мо фақат ин буд, ки ба Аллоҳ саҷда мекардем, рӯза медоштем. Ягон коре зидди ҳукумат надошт. Дили ман аз ҳукуматамон сард, ки ин гуна муносибат бо мусалмонон дорад».

Боздошти 40 пайрави Салафия дар яке масҷидҳои маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2009 сурат гирифта буд. Ба ҷуз 5 нафар, ба шумули Домулло Сироҷиддин бақия боздоштшудагон баъдтар озод шуданд. 2 нафари дигар, ба шумули писари Домулло Сироҷиддин – Киромиддин аз хонаашон боздошт мешаванд.

Пайдоиши ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон ба ибтидои солҳои 2000 ва авҷи фаъолиятҳояш ба солҳои 2006 - 2007 рост меояд. Коршиносон гуфтанд, ки дар оғоз ҳукумати Тоҷикистон онҳоро барои худ хатар намедонист. Ба қавли онҳо, баръакс чунин андеша низ гӯё вуҷуд дошт, ки салафиҳо метавонанд дар коҳиши нуфузи рӯҳониёни саршинос нақш бозида метавонанд.

Аммо ниҳоят соли 2008 баъд аз авҷи бигӯмагӯҳо миёни пайравони Салафия ва рӯҳониёни анъанавӣ ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят онҳоро барои амнияти кишвар хатарнок арзёбӣ кард ва ин равияро ғайриқонунӣ эълом дошт.

Дар ҳоли ҳозир мурофиаи 5 узви ин ҷараён ҳамроҳ бо 5 узви Ҷамоаи таблиғ дар Кӯлоб низ идома дорад.