Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз, 9-уми январ, рӯйхати аъзои ҳукумати нави худро дубора ба парлумони ин кишвар пешниҳод кардааст.
Ин дуввумин талоши Ҳомиди Карзай барои ташкили кобинаи вазирони ҳукумат баъд аз интихоботи президентӣ дар ин кишвар мебошад. Қаблан, 2-юми январ, парлумони Афғонистон аз 24 номзади пешбаришуда ба ҳукумати нави Афғонистон 17 нафарро ба мақоми вазирӣ лоиқ надонист.
Миёни онҳое, ки вакилони мардумӣ аз тасдиқи онҳо сарпечӣ карданд, аз ҷумла номзад ба мақоми вазири энержӣ Исмоилхон ва довталаби курсии вазири адлия Дониш Сарвар буданд.
Аз вазирони собиқи ҳукумат Абдул Вардак дар мақоми вазири дифоъ пазируфта шуд. Вакилони парлумони ин кишвар ҳамчунин аз номзадии вазирони умури дохила, молия, фарҳанг, саноат, маорифу парвариш ва кишоварзӣ пуштибонӣ карданд.
Бештари намояндагони феҳрасти қаблии президентро вазирони собиқ ташкил медоданд. Ва коршиносон маҳз номзадии вазирони кӯҳнаро сабаби аслии нокомии раисиҷумҳур Карзай меноманд.
Таҳлилгарон интизор доранд, ки Ҳомиди Карзай ба кобинаb вазирони ҳукумати худ афроди навро ворид хоҳад кард. Зеро афзоиши ришвату фасод дар ҳукумати қаблӣ ахиран мавриди интиқоди мардуми Афғонистон ва кишварҳои пуштибони ҳукумати Кобул қарор гирифта буд.
Феҳрасти нави пешниҳодкардаи Ҳомиди Карзай дар парлумони Афғонистон якчанд рӯз баррасӣ хоҳад шуд.