Дар рӯзи нахустини соли 2010 Қазоқистон раҳбарии давраии САҲА-ро ба дӯш гирифт. Ин нахустин ҷумҳурии шӯравии пешин ва ҳамчунин аввалин кишвари мусалмонӣ аст, ки чунин як масъулиятро ба дӯш мегирад.
Дар ҳоле, ки ҳукумати Қазоқистон дар партави масъулиятҳои нав бо умедҳои зиёд ба болоравии нуфуз ба обурӯяш дар саҳнаи байнлмилалӣ дида дӯхтааст, садои мухолифон ва мунаққидон аз кӯтаҳиҳои Остона дар масоили демократӣ ва суолгузорӣ дар нисбати арзандагии номзадии ин кишвар хомӯш намешавад.
Мусаллам аст, ки ҳоло ҳама дидаҳо ба ҷониби Қазоқистон дӯхта шуда ҳар қадами ин кишвар ба унвони раҳбари САҲА дар соли ҷорӣмавриди назорат ва арзёбиҳои шадид қарор мегирад.
Ҳафтаву моҳҳо пеш аз оғози расмии мӯҳлати раҳбарии Остона дар ин созмони демократӣ чандин ташкилоти ҳуқуқи башар ва мутахассисони ғарбӣ баҳс доштанд, ки Қазоқистон арзандаи ин мақом нест ва пеш аз ҳама ба хотири кӯтаҳиҳое, ки дар бахши ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба назар мерасад. Вале, тавре дар худи САҲА мегӯянд, чунин мақом ҳанӯз ба Қазоқистон ҳақ намедиҳад, ки аз паи ислоҳи камбудиҳову мушкилоти худ дар бахши сиёсиву ҳуқуқи башар набошад. Як мақоми ин созмон гуфт, вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ба раҳбарии Қанот Савдобоев, ки салоҳиятҳои раҳбари САҲАро иҷро мекунад, ҳама талошашро ба харҷ медиҳад, то ки ин масоил ҷиддӣ гирифта шавад.
Тавре аз унвонии САҲА бармеояд, ин созмон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ дар миёни 56 давлати узваш тамаркуз мекунад. Ҳоло ин чиз хуб аст ё бад, вале маъмулан ин масоил бар мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар бартарӣ дорад.
Ғайрат Абдураҳмонов, ки сафири Қазоқистон дар САҲА мебошад, дар ҷараёни баҳсҳои атрофи мизи гирде дар бахши қазоқии радиои Озодӣ дар ин замина чунин гуфт: “Имрӯз дар ин мизи гирд мо бештар болои масъалаи рисолати башарии САҲА тамаркуз мекунем. Ва ин чиз қобили фаҳм аст. Мо бояд ин чизро эътироф кунем. Вале созмоне, ки мо раҳбариашро ба ӯҳда гирифтем, асосан дар масоили дигари муҳими мисли паҳлӯҳои низомиву сиёсии амният, таҳкими муассирияти ин созмон аз нигоҳи ҳалли ҳадафҳои иқтисодиву муҳитзистии САҲА тамаркуз мекунад. Ба унвони раҳбари ин созмон мо бояд масоили хеле зиёдро ҳаллу фасл кунем”.
Дар қадами нахустин Қазоқистон ният дорад, ки ҳамоиши солонаи муҳитзистӣ ва иқтисодиро дар ду давр – моҳҳои январ ва май доир кунад. САҲА дар ин нишастҳо баррасии масоили мушаххасро пешниҳод дорад. Дар соли 2010 Қазоқистон ният дорад, ки дар масъалаҳои “мудирияти хуби убуру мурури марзҳо, беҳбуд бахшидани вазъи мухобироти заминиву амниятӣ, ҳамоҳангсозии кори нақлиёти байналмилалӣ тавассути роҳҳои мошингарду қатор дар манотиқи таҳти нуфузи САҲА” бештар кор кунад. Инчунин Остона ният дорад, ки моҳи ноябр нишасти солонаи вазирони хориҷаро бештар аз назари фаъолиятҳои ин созмон дар масоили ҳуқуқи башар ва амният баргузор кунад. Илова ба ин, Савдобоев бояд аз вазъи чанд кишвари узв дидан карда кори САҲАро ба унвони як созмон баррасӣ кунад ва дар сурати зарурӣ мушкилоти марбут ба риояи арзишҳои ин созмон, ба вижа масоили марбут ба ҳуқуқи башарро бо онҳо матраҳ кунад.
Мақомоти Қазоқистон борҳо талош кардаанд ҳақи худро барои раҳбарии ин созмон собит кунанд ва гуфтаанд, ки омода ҳастанд дар ҳалли баҳсҳои сиёсиву амниятии миёни ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ҳарфи худро бигӯянд.
Вазири хориҷа Савдобоев моҳи ноябр дар сӯҳбат бо як хабаргузории озарӣ гуфта буд, ки Қазоқистон ба ҳайси раиси ин ниҳод дар ҷараёни музокираҳо таҳти чатри гурӯҳи Мински САҲА фаъолона иштирок хоҳад кард. Ин гурӯҳ ҳанӯз аз соли 1992 талош дорад дар масъалаи ҳалли бӯҳрони Қаробоғи кӯҳӣ миёнҷигӣ кунад.
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба унвони миёнҷӣ ду дафъа талош кардааст ҳамтоҳои арманиву озарии худро дар соли 1991 ва 1992 сари мизи музокира нишонад, ҳарчанд ҳардуи ин талошаш бенатиҷа анҷомидааст.
Қарор аст рӯзи 14 январ Қанот Савдобоев дар ҷаласаи шӯрои доимии САҲА дар Вена суханронӣ карда масоили аслии мавриди таваҷҷӯҳи Қазоқистонро дар ин соли раҳбариаш батафсил тавзеҳ бидиҳад.
Мусаллам аст, ки ҳоло ҳама дидаҳо ба ҷониби Қазоқистон дӯхта шуда ҳар қадами ин кишвар ба унвони раҳбари САҲА дар соли ҷорӣ
Созмоне, ки мо раҳбариашро ба ӯҳда гирифтем, асосан дар масоили дигари муҳими мисли паҳлӯҳои низомиву сиёсии амният, таҳкими муассирияти ин созмон аз нигоҳи ҳалли ҳадафҳои иқтисодиву муҳитзистии САҲА тамаркуз мекунад. Ба унвони раҳбари ин созмон мо бояд масоили хеле зиёдро ҳаллу фасл кунем”.
...