Ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар ва Маҳин Гурҷӣ

Дар бинои марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага маҳфили ёдбуди хабарнигори Бахши тоҷикӣ Муҳаммадраҳими Сайдар ва корманди Радиои Фардо Маҳини Гурҷӣ, ки бо даргузашти нобаҳангоми худ, дили ҳамкоронро хун карданд, баргузор шуд.
Дар ин нишаст, ки садҳо нафарро ҷамъ овард, аз ҷумла, гуфта шуд, ки Муҳаммадраҳими Сайдар, адиб ва хабарнигори маъруфи тоҷик, тайи солҳои ахир дар бораи ҳаводиси Русия ва кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд ва рӯзгори сангини муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ гузоришҳои ҷолиб таҳия мекард.

Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, бо таъкиди он нукта, ки ин ду хабарнигор аз худ фақат ёди нек боқӣ гузоштаанд, дар умри кӯтоҳи худ бо сухан ҳазорон нафарро ба ҳам пайвастаанд, ба наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ кард.

Род Шаҳидӣ, раиси Радиои Фардо аз фаъолияти Маҳин Гурҷӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар садами роҳ захмӣ шуд ва пас аз 2 моҳи беҳушӣ даргузашт, ҳикоят кард.

Бародари Маҳин, Бобак, ки тайи ин се моҳ ҳар лаҳзаву ҳар сония бо бемор буд, хотираҳои бачагии Маҳинро қисса кард.

Мудири Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Соҷидаи Мирзо аз корномаи Муҳаммадраҳими Сайдар, ки дар соли 2001 ба ҷои Искандари Хатлонӣ, ки бераҳмона кушта шуд, ба кор омад, ҳикоят кард. Соҷидаи Мирзо ҳамчунин аз ҳамкорӣ ва дӯстияш бо Маҳини Гурҷӣ ёдовар шуд.

Искандари Хоҷамирзода хотираҳои худро аз ҳамкорӣ бо Муҳаммадраҳими Сайдар нақл кард. Салими Аюбзод низ хотираҳои худро гуфт ва аз номаҳои пурдарди мухлисони Сайдарро намуна овард.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав, 3-юми январ дар вилояти Тула бар асари маризӣ аз олам даргузашт. Корманди Радиои Фардо Маҳин Гурҷӣ тирамоҳи гузашта бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати сангин бардошта буд ва чанд моҳи ахир дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт.

Муҳаммадраҳими Сайдар, ки 57 сол дошт, дар зодгоҳаш деҳаи Шаҳринави водии Рашти Тоҷикистон ба хок супурда шуд.

Гузориши тасвириро аз маҳфили ёдбуд дар гӯшаи "Чандрасонаӣ" пайдо кунед.