Фурӯши саҳмия дар як рӯз ба $92 млн расид

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нахустин рӯзи маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун мардуми кишвар бо маблағи 400 миллион сомонӣ ё муодили 92 миллион доллар саҳмия харидорӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ин сарчашма, дар ҳоли ҳозир иттилоъ дар бораи натоиҷи рӯзи аввали маърака дар минтақаҳо ҷамъоварӣ мешавад ва ҳаҷми умумии фурӯши саҳмияҳо дар кишвар баъдан эълон хоҳад шуд.

Маросими фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дирӯз, 6-уми январ, оғоз шуд. Дар ин рӯз 583 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла 47 нуқта дар шаҳри Душанбе, ба кор шурӯъ кард, ки дар бисёре аз онҳо тӯдаҳои зиёди мардум мушоҳида мешуд.

Саҳмияҳои Роғун дар охирҳои соли 2009 бо арзишҳои номиналии 100, 500, 1000, 5 000-сомонӣ дар дохили кишвар чоп шудаанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 5 миллион адад саҳмия бо маблағи 6 миллиард сомонӣ, муодили 1,3 миллиард доллар, барои фурӯш омода шудааст. Ба гуфтаи мақомот, харидории саҳмияҳо маҷбурӣ набуда ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

Мавзуи нерӯгоҳи Роғун ахиран ба як маъракаи умумимиллӣ ва тарғибу ташвиқи расонаҳои давлатии ин кишвар табдил ёфтааст. Бархе аз соҳибназарон сабаби аслии ширкати фаъоли мардум дар маросими фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба ҳамин фазои тарғиботӣ рабт медиҳанд. Иддаи дигар бар ин назаранд, ки дар рӯзи аввали фурӯши саҳмияҳо бештар корхона ва муассисаҳо бо ҷамъоварии маҷбурии маблағҳои кормандони худ саҳм гузоштаанд.

Дар тӯли бештар аз 10 соли ахир ин барои бори дуввум будааст, ки дар Тоҷикистон саҳмияҳоро чоп ва мавриди фурӯш қарор медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1996 ба хотири бунёди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ҷануби ин кишвар саҳмияҳоеро баровард ва аксари шаҳрвандон аз ин коғазҳои қимматдор харидорӣ кардаанд. Бо вуҷуди фаъол шудани ин нерӯгоҳ касе суди онро дарёфт накардааст.

Гузориши видеои мо аз оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи Роғун дар Душанбе