Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ ҳукуматҳои Осиёи Марказиро аз хатари гароиши муҳоҷирони бозгашта ба ҷараёнҳои тундрав ҳушдор додааст.
Дар гузориши нави Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ (International Crisis Group) сухан асосан аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ рафта, дар он ишора шудааст, ки бояд ки ҳукуматҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар кӯтоҳтарин фурсат муҳоҷирони ба ватан баргаштаро бо кор таъмин кунанд. То мардуми бекор ба созмонҳои тундрави динӣ нагаравад.
Иброҳим Усмон таҳлилгари масоили сиёсӣ ба ин назар аст, ки хатари гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба равияҳо ва созмонҳои тундрави исломӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиё Марказӣ ва ҳатто Русия ҳам эҳсос мешавад. Аммо дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гаравидан осон аст, зеро ин ҷумҳурӣ дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарор дошта, ташвиқи мардуми бекору бебизоат ба дигар равияҳо душвор нест.
Вай мегӯяд: «Пайдошавии Ҳизби таҳрир бисёр вақт ба мафкураее онҳое тааллуқ дорад, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият доштанд. Асосан дар Русия».
Ҷаноби Усмон бо ишора ба фаъолияти маҳдуди марказҳои фарҳангӣ ва баста шудани ағлаби ин марокиз мегӯяд, ки барои ҷилавгири аз вазъи пешомада, бояд чунин марказҳо фаъол шаванд. Ҳамчунин дар гузориши Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ омадааст, ки дар ибтидои бӯҳрон ҳукуматҳои ин кишварҳо барғалат ҳадс мезаданд, ки бӯҳрон ба онҳо чандон таъсир намерасонад. Аслан то сар задани бӯҳрон мақомоти ин кишварҳо мушкили бекориро то андозае бо роҳи содироти нерӯи корӣ ба берун ҳал мекарданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ягона ҳизби динии Осиёи Марказӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин нуқтаро тасдиқ карда мегӯяд, ки воқеан шумораи зиёди муҳоҷирон ба ватан бармегарданд ва агар бозгаштагон бо имкони кору таҳсил ва ҳаёти арзанда таъмин нашаванд, метавонанд, ба баъзе аз созмонҳои тундрав бипайванданд.
Аммо ба эътиқоди Кабирӣ, феълан мизони бозгашти муҳоҷирон мояи нигаронӣ нест. «Фикр намекунам, ки ин хатар то он ҳад доғ бошад ва ё ба Осиёи Марказӣ таҳдид кунад, ки мо аз муҳоҷирони ба ватан баргашта як нерӯи ғайрисозанда тарошем. Мо ҳам, яъне ҲНИТ ҳам, пешниҳод кард, ки як муддат аз гузаронидани чорабиниҳои васеъи фарҳангӣ аз ҳисоби буҷаи давлат моратория эълон карда шавад. Ва ин маблағҳо барои таъсис ва пайдо кардани ҷойи кор барои ҷавонон сарф шавад.»
Ҷаноби Кабирӣ мӯътақид аст, ки бояд муҳоҷирони кории баргашта ҳам дар муҳайё кардани шароит барои рушд ва ҳаёти арзанда барои худашон, талош кунанд.
Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолиоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, баргаштани муҳоҷирон ба тақкими созмонҳои тундрави динӣ мусоидат нахоҳад кард.
Вале хатарҳои дигар вуҷуд доранд. «Аз қабили фаъол шудани ҳаракати Толибон, афзоиши одамрабоӣ, қочоки маводи мухаддир ва ғайраҳо, ки ин омилҳо бештар ба радикализм ва экстермизм дар минтақа вобастагии зич дорад. Ва бояд дар ин самт ҳукуматҳо омодагӣ бинанд».
Ҳамчунон ҷаноби Сафаров бо муаллифони гузориши Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ мувофиқ набуда, меафзояд, ки коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба ватан, ба иқтисодиёти кишвар латма нахоҳад зад.
Дар гузориш Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ омадааст, ки ба сабаби тавсеаи бӯҳрон дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ миллионҳо муҳоҷири корӣ аз ин се кишвар ҷойҳои кории худ дар Русия ва ё Қазоқистонро аз даст додаанд. Дар гузориш ҳамчунон гуфта мешавад, ки то охири соли 2009 то як миллион муҳоҷир аз Русия ба Осиёи Марказӣ баргаштааст.
Фикр намекунам, ки ин хатар то он ҳад доғ бошад ва ё ба Осиёи Марказӣ таҳдид кунад, ки мо аз муҳоҷирони ба ватан баргашта як нерӯи ғайрисозанда тарошем...