Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, субҳи барвақти 6-уми январ аз саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ кард. Вале ӯ гуфт, нияташ аз харидории саҳмияҳо ба даст овардани фоида нест: “Иштирокчиёни ҷанг, насибашон кунад, аз худ ғалаба монданд. Мо имрӯз метавонем бо роҳи ширкати фаъолона аз худ нерӯгоҳи Роғунро бигузорем”.
Оқои Убайдуллоев, ки дар баробари садҳо сокини пойтахт сӯҳбат мекард, рӯзи шашуми январро “рӯзи ҳамраъйии мардуми Душанбе барои бунёди Роғун” донист ва гуфт, ки “ин рӯз дар ҳаёти сокинон такрорнашаванда аст”. Дар идомаи сӯҳбаташ вай бори дигар аз мардуми Душанбе хост, ки ба қадри тавони худ дар бунёди Роғун саҳим бошанд: “Cадақот даркор нест. Хайрия даркор нест. Агар имконият доред, саҳмия харед. Имрӯз рӯзи интихоб аст. Рӯзи ид аст. Иде, ки сатҳи он аз рӯзи Ваҳдату Истиқлолият ва Наврӯз боло меистад”.
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин афзуд, то охири сол сокинони пойтахт ба маблағи то 400 миллион доллар саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидорӣ хоҳанд кард. Қабл аз ин гуфтугӯ ва даъвати оқои Убайдуллоев, шахсан раиси ҷумҳури Тоҷикистон тариқи телевизионҳои давлатии кишвар ба мардум муроҷиат ва онҳоро барои харидории саҳмияҳои Роғун даъват карда буд.
Ҳамин тавр, субҳи барвақти рӯзи чоршанбе садои карнаю доира аз чор гӯшаи шаҳри Душанбе ба гӯш мерасид ва дар нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳои Роғун ба мардум “ош” медоданд. Дар як сӯ рӯҳониён низ нишаста буданд, ки мардумро барои кӯмак ба бунёди Роғун хонда ва савоби ин ҳам кӯмакҳоро ба онҳо мефаҳмониданд. Облобердӣ Ҳайдаров, имоми масҷиди “Борбад” дар Душанбе, яке аз онҳо буд. Вай дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, харидории саҳмияҳо кӯмаки сокинон барои сохтмони Роғун аст, ки то замони ба кор андохта шудани он “садақаи ҷория” маҳсуб мешавад: “ То замоне ки ин сохтмони бузург барқ истеҳсол мекунаду хонаҳои моро гарму равшан мекунад, савобаш дар номаи аъмоли саҳҳомон навишта мегардад. Иншооллоҳ, ки некӣ фаромӯш намешавад”.
Маъракаи фурӯш ва харидории саҳмияҳои Роғунро, ки рӯзи шашуми январ тақрибан дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон оғоз ёфтааст, телевизионҳои давлатӣ ҳам мустақим намоиш медоданд. Гуфта мешавад, ҳоло дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо фаъол аст ва кулли кормандони вазорати молия ва бонки давлатии “Амонатбонк” барои иҷрои ин тарҳ сафарбар шудаанд. Аммо дар ҳама нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳои Роғун дар Душанбе аксаран афроди давлатӣ ба чашм мехӯрданд, ки бо ҷамъи ҳамкорони худ аз саҳмияҳо харидорӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки омодаанд барои раҳоӣ аз мушкили бебарқии кишвар барои сохтмони Роғун охирин маблағи худро бидиҳанд.
Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, натанҳо ӯ, балки аҳли хонаводааш низ аз ӯ хостаанд, то саҳмияҳои Роғунро бихарад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки зиндагӣ бо маоши кам барои ӯву хонаводааш саҳл нест, аммо ӯ тавонистааст, аз саҳмияе ба арзиши 500 сомонӣ харидорӣ кунад. Иддаи дигаре ҳам ҳастанд, ки ё ҳанӯз ба шаффофияти масрафи маблағи саҳмияҳо бовар надоранд ва ё тавони харидории онро. Субҳи рӯзи чоршанбе яке аз шунавандаҳои радиои “Озодӣ”, ки корманди як ширкати хусусӣ будааст, бо мо дар тамос шуд ва гуфт, раҳбари онҳо бидуни иҷоза ва машварат ҳазор сомонӣ аз маоши онҳоро барои харидории саҳмияҳо гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳангоми даъвати мардум барои харидории саҳмияҳо таъкид кард, ки фурӯши ин саҳмияҳо иҷборӣ нест.
Дар тӯли бештар аз 10 соли ахир ин барои бори дуввум будааст, ки дар Тоҷкистон саҳмияҳоро чоп ва мавриди фурӯш қарор медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1996 ба хотири бунёди неругоҳи “Сангтӯда” дар ҷануби ин кишвар саҳмияҳоеро баровард ва аксари шаҳрвандон аз ин коғазҳои қимматдор харидорӣ кардаанд. Бо вуҷуди фаъол шудани нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” аз ҳудуди ду соле пеш касе суди онро дарёфт накардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад