Созмону расонаҳои байнулмилалӣ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо эътибор пайдо кардани Қонуни нави дин дар Тоҷикистон ҳастии даҳҳо ҷомеаи маҳзабӣ бо хатар рӯбарӯ шудааст.
Хабаргузории Ҷаҳонии Насронӣ менависад, Шӯрои калисоҳои баптистии Тоҷикистон, ки фаъолияти он аллакай аз тарафи додгоҳи маҳаллӣ манъ шудааст, аз сабтиноми такрорӣ бар тибқи қонуни нав худдорӣ кард ва акнун комилан ғариқонунӣ шумурда хоҳад шуд.
Маркази "Форум-18" хабар додааст, ки наздик ба ними масҷидҳои Тоҷикистон низ натавонистаанд, дубора сабтином шаванд. Ноиби вазири фарҳанги Тоҷикистон, Мавлон Мухторов ба хабаргузори ин расона гуфтааст, масҷидҳое, ки ба талаботи қонуни нав ҷавобгӯ нестанд, баста хоҳанд шуд. Вай ҳама гуна эҳтимоли нақзи ҳаққи диндоронро дар ин замина рад кардааст.
Қонуни нави дини Тоҷикистон номнависи дубораи ҳамаи созмонҳои динии ин кишварро то 1-уми январи соли 2010 талаб кардааст. Дар ин миён масҷидҳои панҷвақта, ки дар гузашта мебоист, танҳо дар ниҳодҳои маҳаллии давлат номнавис шаванд, акнун бояд ҳатман дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабт гарданд.
Ин номанавис як маҷмӯи асноди муҳим ва тартибу мӯҳлати муайянро тақозо мекард. Дар натиҷа бисёре аз созмонҳои хурду миёнаи мазҳабӣ натавонистанд, то оғози соли 2010 номнавис шаванд. Намояндагони ин созмонҳо мақомоти давлатро дар кашолкорӣ ва монеъгузорӣ ба номнависи онҳо айбдор мекунанд.
Чанде аз созмонҳои насронии Тоҷикистон ба Хабаргузории Ҷаҳонии Насронӣ гуфтаанд, ки усулан ба ин талабҳои қонун мухолифанд ва аз пешниҳоди асноди худ ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сарпечӣ кардаанд.
Қонуни нав ҳамчунин сонсури адабиёти динӣ ва назорати давлат бар иҷрои оинҳои мазҳабиро ҷорӣ мекунад. Талаб мешавад, ки расму оини мазҳабӣ дар ҷойҳои аз тарафи давлат тасдиқшуда ҷараён гиранд. Дар натиҷа, ба навиштаи Хабаргузории Ҷаҳонии Насронӣ, мубаллиғони евангелист ва насрониҳои дигар аз имкони иҷрои фароизи динии худ маҳрум шудаанд.
Ин расона менависад, дин аз замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1990, вақте ки президент Эмомалӣ Раҳмон эътилофи исломгароён ва либералҳоро шикаст дод, ба як масъалаи мураккабу печида табдил ёфтааст. Ҳукумати президент Раҳмон аз Қонуни дин ҳамчун сипари зидди тундгароии мазҳабӣ ҳимоят мекунад.
Аммо созмонҳои байнулмилалӣ ва Кумиссюни байнулмилалии озодии дини Иёлоти Муттаҳида қонуни навро таҳти танқид қарор додаанд ва онро саркӯбкунанда номида гуфтаанд, ки ҳадафаш таҳкими пояҳои қудрати раисиҷумҳур аст. Кумиссюн ҳанӯз дар нимаҳои соли гузашта пешбинӣ карда буд, ки қабули ин тарҳи тазодомез озодии дин дар Тоҷикистонро шадидан маҳдуд хоҳад кард.