Боздошти 56 кило маводи мухаддир дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон шаби гузашта дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе 56 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки 8 килои он ҳероин будааст.
Ин дуввумин мавриди кашф ва мусодираи чунин муқдори бузурги маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар соли ҷорист. Рӯзи 3 январ мақомот дар ҷануби кишвар 55 кило афюн ба даст оварда буданд. Дар маҷмӯъ аз аввали соли нав дар Тоҷикистон беш аз 200 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.