Имрӯз тӯйи арӯсии раисиҷумҳури Африқои ҷанубӣ Ҷакоб Зума бо ҳамсари севвумаш барпо мешавад. Тобека Мадиба ҳамроҳ бо ду зани дигари Зума дар моҳи майи гузашта дар маросими адои савганди ӯ ҳузур дошт. Ҷакоб Зума дар маҷмӯъ 5 дафъа издивоҷ кардааст. Бисёрзанӣ дар Африқои ҷанубӣ қонунан иҷозат дода шудааст.